Домод апаву хоҳарро ба қатл расонд

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Санаи 25 июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд марде дар рӯзи равшан дар пеши назари мардум зан ва хоҳарарӯсашро бо корд зада кушт. Ин ҳодисаи даҳшатангез дар як дам барқсон дар саросари вилоят паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Яке мегуфт, ки зану шавҳар аз пушти фарзанд ҷанҷол шудаанду мард дар сари қаҳру ғазаб корд ба даст гирифтааст, дигарӣ моҷароро ба дахолати аз ҳад зиёди хоҳаршӯй ба зиндагии апааш рабт медод, чаҳорумӣ ҳадс мезад, ки шояд куштор тасодуфан сар зада бошад. Аз вуқӯи ин ҳодисаи нохуш қариб ду моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз даҳони мардум пӯшида нашудааст. Ба хотири фаҳмидани асли воқеа, мо ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, бо волидони Парвина ва Озодаи ғӯрамарг ҳамсуҳбат шудем.

dav

Модари марҳум:                     

Духтарам танҳо 10 рӯз хушбахт буд

Духтарам бо шавҳараш 5 сол зиндагӣ карда бошад ҳам, танҳо 10 рӯз хушбахт буду халос. Ҳанӯз чиллаи арӯсиаш набаромада, рӯзи Парвини мо сиёҳ шуд, вале сари кафида таги тоқӣ гуфта, сир бой намедодем. Духтарҳои дигар шавҳар карда гул барин шукуфанд, духтари мо аз рӯзе, ки ба хонаи бахташ қадам ниҳод, мисли гулаки бе об монда пажмурда шудан гирифт. Барои чӣ ранги рӯят заъфарон  барин зард шудааст гӯям, сарашро хам карда “ҳамаш нағз, просто …” мегуфт, чунки шавҳарашро дӯст дошта гирифта буд. Бисёр духтари пуртоқат ва ботамкин буд Парвина, дар сараш чормағз шиканад ҳам, ягон бор аз шӯяш ба мо шикоят намекард. Ягона роздону розгӯяш хоҳараш Озода буд. Парвина гоҳ-гоҳ ба хоҳаракаш дарди дил карда, чӣ рӯзи сиёҳ доштанашро мегуфту аз забони духтари хурдӣ мефаҳмидем, ки зиндагии апааш чандон хуб нест.  Мо одамони меҳнаткаши хоксору миёнаҳол ҳастем, фарзандонамон ҳам эркаю бомазахӯраку коргурез нестанд. Духтарҳоям дар хонаи шавҳар ба ҳама пастию баландиҳо тоқат намуда, мӯяшонро ҷорӯб карда, хизмат мекарданд, вале худованд ба зан бахт надиҳад, на пуртоқатиаш садди роҳи бадбахтӣ мегаштаасту на ҳунару покдомониаш. Худованд ба духтари мо ҳусну ҷамол дод, ақли расо дод, ҳунару одоб дод, аммо бахти сафед надод. Дили мисли оина покашро ба як майзада дода, ҳаёташро бо дасти худаш сӯхт духтаракам…

Домод ба таваллудхона нарафт

Дигар зан мешуд, кайҳо ба рӯйи чунин марди бе хонаю дари муштзӯр туф карда, баромада мерафт, вале Парвина ҳар рӯз шатта хӯрад ҳам, ба хотири муҳаббати поке, ки дар дил нисбати шавҳараш мепарварид, ҳар дафъа ӯро мебахшид. Шавҳараш чанд маротиба бо корд таҳдиди куштан карда бошад ҳам, духтарам ба ҳамааш тоқат карда, пас аз якуним соли хонадорӣ аз ин золим фарзанд таваллуд кард. Парвина умед дошт, ки пас аз кӯдакдор шудан ақли шавҳараш ба сараш зада меҳрубону ғамхор мешавад, вале хаёли духтарам хом баромад. Домоди ноинсофамон падар шуда, ақаллан барои дидани фарзандаш як бор ба таваллудхона наафт. Апаам дар назди ҳампалатаҳояш хиҷолат накашад гуфта, духтари хурдиам Озода гулу шоколад харида ба таваллудхона рафту ба ҷойи поччояш апаву ҷиянчаашро баровард. Ҳамон вақт, баъди он ки домод барои аз таваллудхона баровардани зану фарзандаш нарафт, ба Парвина гуфтем, ки аз ин бача одамгарӣ намебарояд, беҳтараш ҷудо шавад, вале “иллоҳ, ки меҳрубон шавад” гӯён, хотири фарзандаш духтарам боз ба ҳамон кулфатсарой баргашт ва дере нагузашта боз ҳомиладор шуд. Ба ҳомиладор буданаш нигоҳ накарда, шавҳараш чанд маротиба духтарамро зада сиёҳу кабуд кард. Парвина қаҳр карда ба хона меомад, вале баъди ду-се рӯз боз шӯяш омада бо тавбаю надомат ӯро гирифта мебурд.

Хуллас, бо ҳамин кашмакашҳо духтарам фарзанди дуюмашро ба дунё овард. Ин дафъа Парвина писар таваллуд кард. Одатан мардҳо вақте соҳиби писар мешаванд, аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷанд, вале домоди фарзандбезори мо чуноне, ки дафъаи аввал карда буд, на як тин пул дод, на як бор аз дари таваллудхона даромад ва на баъди таваллуд зану фарзандашро ба хонааш бурд. Чунон рафтор мекард, ки гӯё зани никоҳияш нею ким-кадом фоҳишаи қади роҳ аз вай ҳомиладор шудаю зоида бошад. Ба духтарам гуфтам, ки ин шавҳари ту одам намешавад, ҳоло ҳам ҷавонию бахтатро ёфта метавонӣ, ҷудо шуда, асоятро ба рӯшноӣ зан, вале “ман аз вай ду фарзанд дорам ва бачаҳоямро пеш-пеши пойи падарандар кардан намехоҳам. Ягон рӯз ақлаш ба сараш мезадагист” гӯён, розӣ нашуд. Духтарам умед дошт, ки як рӯз не, як рӯз шавҳараш сари инсоф меояд, аммо чуноне, ки мегӯянд, ҳавои бад нек мешаваду одами бад не. Домодам ба ҷойи ислоҳ шудан торафт золимтар шуда, оқибат дар рӯзи равшан корди қассобӣ дар даст ба хонаам омад ва дар пеши назари мардум ду духтари гул барин зебоямро кордборон карда кушт….

Падар не, дарди сар буд

-Мегӯянд, ки моҷаро аслан аз рӯйи фарзанд сар задааст. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад?

Аслан домодам-Тухтабой ба дидори фарзанд зору ташна набуд, аммо барои ғам додани мову ҳамсараш фарзандонашро суроғ карда меомад ва ҳар дафъа гапҳои пасту баланди зиёде зада, бо корд таҳдид мекард. Духтарам аз тарс боз бору буғчаашро бардошта ҳамроҳи шавҳараш ба иҷорахона мерафт, вале Тухтабой ба қавлу қасамаш наистода, баъди ба хона бурдан боз зану фарзандонашро азобу уқубат медод, мезад. Бечора духтарам мерафт ба иҷорахонаю баъди чанде боз бо сару рӯйи кафидаи сиёҳу кабуд меомад ба хонаи падар ва намедонист сари сахташро аз ин марди золим дар куҷо пинҳон кунад. Соли  2014 аз ин рафту омади беҳосил дилгир шуда, Парвинаро дигар ба хонаи шавҳараш рафтан намондем, вале боз ҳамсояҳо далолат карданд, ки нек аст ё бад, бахт бахти аввал аст, фарзандонашро ятим накунед, монед духтаратон ба назди шавҳараш равад. Худашро рафтанӣ мондаму духтарчаашро не. Домод ҳар рӯз занг зада ҷанҷол мекард, ки духтарамро биёред. Савғотии бисёре гирифта ҳамроҳи набераам ба хонаи духтарам рафтам. Аз дар даромадан баробар табъам хира шуд. Домод дар ҳамон моҳи шарифи рамазон арақ хӯрда, чунон маст шуда буд, ки одамро намешинохт. Вай маро чунон дашномҳои қабеҳе дод, ки ба такрор карданашон забонам намегардад. Масту девона баробар гуфта, ҷавобаш надодам ва шабро бо як азоб саҳар кардаму баробари бонги хурӯс духтарчаашонро мондаму ба хонаи худам баргаштам. Ҳамон бегоҳ духтарам занг зада, бо овози гиряолуд хабар дод, ки духтарчааш Ҳабиба дар оби ҷӯш сӯхтаасту шавҳараш телевизорро баланд карда мондааст, то ки овози гиряи кӯдаки сӯхтагиро нашнавад. Магар одами солим чунин рафтор мекунад?! Онҳо дар Қайроққум зиндагӣ мекарданд ва ман маҷбур шудам, ки боз мошин киро карда ба хонаи духтарам равам. Вақте ки ба иҷорахонаи Парвина расидем, дили ҳамсояҳо ба ҳоли духтарчааш сӯхта,  ӯро ҳамроҳи кӯдакаш ба беморхона бурда буданд, шавҳараш бошад, гӯё чизе нашуда бошад, бепарвоёна телевизор тамошо мекард. Ин ҳамаро ба чӣ хотир мегӯям?  Ба он хотир, ки шумо дарк намоед, барои домоди ман фарзандонаш баробари як пашша қадр надоштанд, вай кӯдакони бегуноҳро танҳо барои азоб додани занаш дастак карда буд ва бо ҳамин баҳона омада ба ҳаққу ҳамсояҳо кинои бе пул намоиш дода мерафт. Ҳамон рӯзи шум низ домоди ташнаи хунам бо баҳонаи дидани фарзандонаш ба хонаи мо омада, маҳалларо ғарқи хун карда рафтааст.

-Вақте ки ин ҳодисаи даҳшатангез рӯй дод, шумо дар куҷо будед? Куштор дар рӯзи равшан рӯй додааст. Чаро касе аз аҳли оилаатон ё ҳамсояҳо садди роҳи қотил нагашт?

Ман дар мактаби мусиқӣ посбон шуда кор мекунам. Ҳамон рӯз хӯрокро якҷоя хӯрдему ман ба кор рафтам. Дар хона ягон мард набуд. Акаҳояш аз паси кору бори худ баромада буданду дар хона танҳо се зан-Парвина, Озода ва келинам монда буданд. Баъди рафтани ман набераи калониям “моро фантан тамошо баред” гуфта, зорӣ мекунад. Духтарам занг зада гуфт, ки мо бачаҳоро тамошо бурданӣ. Таъкид кардам, ки то нисфи шаб дар кӯча нагашта, зудтар ба хона баргарданд. Ин охирин суҳбати ману духтарам буд. Домодам ба сари кӯча омада мегӯяд, ки фарзандонамро бароред, бинам. Духтари хурдиям Озода, ки ҳама азобҳои апаашро медонист ва пули меёфтаашро мудом барои ҷиянҳояш сарф мекард, монеъ шуда мегӯяд: “Апаамро ҳамин қадар азоб додӣ, бас аст! Талоқашро додӣ, дигар ба онҳо чӣ кор дорӣ?!”  Тухтабой ба ғазаб омада кордро аз миёнаш мебарораду рост ба синаи духтарам мезанад. Баъди корди дуюмро задан Озодаҷонам мисли сафедори сарбурида гурсосзанон ба замин меафтад. Парвина ин ҳолро дида, худашро ба болои ҷисми бе ҷони хоҳаракаш мепартояд, то ки ӯро муҳофизат намояд. Шавҳари нохалафаш аз мӯйи сараш дошта, мисли қассоб дилу ҷигару духтарамро бо корд пора-пора мекунад ва ба ин ҳам қонеъ нагашта, ба рӯяш корд мезанад. Аламовараш он аст, ки як маҳалла одам ин манзараи ваҳшатноку хунинро бо чашми сарашон дида, ҳама тамошобин шудаанд. Роҳгузарон мошинҳояшонро манъ карда, гӯё кино бошад, дар телефонҳояшон ин манзараро сабт кардаанд, вале касе кӯшиш накардааст, ки ду духтари бегуноҳи маро аз чанголи он гурги дупо халос кунад. Вақте ба ман занг заданду ба ҷои ҳодиса ҳозир шудам, мардум ду қатораю сеқатора ҷамъ шуда буданд.  Издиҳомро ба ду тараф тела дода ба сари мурдаҳои ба байни кӯча ба хун оғуштаи фарзандонам расидам,-модар инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор ба гиристан даромад. Талх буд нолааш, чунон талху пуралам, ки гумон мекардӣ замину осмон ба ҳоли ин модари зори фарзандгумкарда мегиряд. Баъди хеле гириста дилашро холӣ кардан модар нақлашро идома дода гуфт:

-Шумо тасаввур мекунед, ки вақте дар пеши чашми ду тифли бегуноҳ модар ва холаашонро бо чунин ваҳшоният мекушанд, ҳоли он кӯдакони бечора чӣ мешавад? Пас аз он ки падари бераҳмашон дар пеши назари онҳо модарашонро кордборон кард, чашмони набераи калониам Ҳабибаи чорунимсола аз тарс парда кашиданд. Табибон ба вай табобат фармудаанд, вале мо як бурида нони даҳонамонро базӯр меёбем ва имконияти табобат кардани ӯро надорем. Нав ду мурда гӯр кардем, барои ин кӯдаки бегуноҳ, ки аз ваҳшонияти падараш чашмонаш парда кашидаанд, аз куҷо пул ёфта дорую дармон мехарем? Хок бар сари камбағалию камбизоатӣ…

Модар дигар мадори ҳарф задан надошт, аз ин рӯ, мо суҳбатро бо падари ин хонадон идома додем.

 Маҷид Раҳмонов,  падари марҳумон:

Домод маро дида, мулло мешуд, вале…

Ба дараҷаи олӣ паст ва разил будани домодамро ҳамсояҳояш гуфта буданд, аммо ҳамон вақт ман хомӣ карда духтарамро аз ин золим ҷудо карда наовардам. Вақте ки духтарам фарзанди дуюмашро таваллуд кард, ман кору борамро партофта аз Душанбе наберабинӣ омадам. Вақте ки ба назди хонаи иҷораашон расидем, ду ҳамсояаш падари Парвина будани маро фаҳмида гуфтанд: “Ин домодатон одам не, ҳайвони таппа тайёр будааст. Фарзандатонро убол карда, ба ӯ додед.”   Пурсидам, ки барои чӣ ин хел мегӯянд. Дар ҷавоб гуфтанд, ки ҳамин шаб домодатон духтаратонро бузкашак кард, қариб монда буд, ки сарашро сари гӯсфанд барин аз танаш ҷудо кунад. Умуман, аз вақте ки ба ин ҷо иҷоранишин шуда омадаанд, ягон рӯз осуда зиндагӣ накардаанд.  Ҳар рӯз овози ҷангу ҷидолашон  ба гӯш мерасад. Аз дасти ин ҳамсоя ҷонамон ба лабамон расидааст, офарини духтари шумо, ки бо чунин марди золим зиндагӣ мекунад… Ростӣ, дилам хиҷил шуд, вале вақте ба хонаи духтарам даромадам, домод моро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, чунон рафтор кард, ки гӯё одам не, фаришта бошад.  Вай баъди аҳволпурсии гарму ҷӯшон бо мо, таҳорат карда болои чойнамоз нишаст ва чунон дуру дароз намоз хонд, ки ман хаёл кардам худотарстарин марди рӯйи замин ҳамин домоди мост, вале….

Шодиамон ба ғам табдил ёфт

Парвинаҷон рӯзи 15-уми август зодрӯз дошт. Ман рӯзи 9-уми август ба ӯ ва хоҳару модараш занг зада гуфтам, ки ҳамаатон ба Душанбе биёед, имсол ҳам мисли соли гузашта зодрӯзи Парвинро дар ҳамин ҷо ҷашн мегирем. Ҳарду духтаронам омодаи сафар буданд, вале аз сабаби  масъалаи ба  рухсатӣ баромадани модарашон ҳал нашудан ин кор каме таъхир ёфт. Вақте дубораю  себора занг зада пурсидам, ки кай меоед, гуфтанд, ки 5 рӯз пас модарамон ба рухсатӣ мебароянд, баъд ҳамакаса ба Душанбе меравем. Омадани аҳли оилаамро бесаброна интизорӣ мекашидам, вале ба ҷои духтарҳоям хабари нохуши марги онҳо расид ва бо ҷигари сӯхта гирёну нолон ба хона баргаштам…

Падар инони ихтиёр аз даст дода, чунон бо алам ба гиря даромад, ки китфонаш дир-дир меларзиданд. Ашки чашмонашро бо ду дасти ларзонаш поккунон ин марди фарзандгумкарда бо афсӯс мегуфт:

-Кошкӣ ҳамон вақт домодамро нокасу золим хондани ҳамсояҳояш духтарамро аз он нохалаф ҷудо карда, ба хонаам меовардам. Кошкӣ пас аз таваллуди фарзанди нахустинаш иҷозат намедодам, ки дубора ба хонаи он золим баргардад. Кошкӣ баъди писарчадор шуданаш духтарамро аз таваллудхона рост ба хонаи худам бурда, дигар нохуни пояшро ба он номард нишон намедодам…. кошкӣ, кошкӣ, кошкӣ….

Оре, мо одамон чунин хислат дорем, ҳамеша баъди аз сар гузаштани об ангушти пушаймонӣ газида кошкӣ мегӯем, вале вақтро дубора пас гардондаю мурдаро дигар зинда карда намешавад, бинобар ин, ба ҷойи кошкӣ гуфтану ашки пушаймонӣ рехтан бояд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ ҷуст…

                                                                      Фарзона Муродӣ

                                                                         Хуҷанд-Б. Ғафуров-Хуҷанд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply