Додгоҳ: Абдуваҳоб Маҷидовро ба ҳабс нагиред!

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Додгоҳи минтақаи Черёмушкинои шаҳри Маскав рӯзи 10 январ шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Маҷидовро барои 10 рӯз ба ҳабс гирифт. Додгоҳ гуфт, Маҷидов бо вуҷуди онки аз ҳаққи ронандагӣ дар Русия маҳрум гашта буд, дар Тоҷикистон барои худ бо як номи нав шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагӣ сохтааст. Маҷидов ду рӯз пеш дастгир шуд.

Додгоҳи минтақаи Черёмушкинои шаҳри Маскав рӯзи 10 январ ҳукми 10 рӯз ҳабси шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Маҷидовро содир кард. Абдуваҳҳоб Маҷидов аз додгоҳ хост, то ӯро ба ҳабс нагиранд. Ӯ гуфт, ҳамсараш ҳомила аст ва агар ӯро ба ҳабс бигиранд, ҳамсараш бо фарзанди чорсолаашон танҳо хоҳад монд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ӯро дар матбуоти Русия «бойбачаи тоҷик” ном мебаранд, аз кардааш изҳори пушаймонӣ низ кард, вале додгоҳ ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Маҷидов бо онки медонист ки дар Русия ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шудааст, пушти чанбари мошин нишаст ва ба садамаи нақлиётӣ роҳ дод. Ӯ ҳамчунин баъди маҳрум шуданаш аз ҳаққи ронандагӣ ба Тоҷикистон рафта, барои худ бо як номи нав шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагии нав сохтааст ва ҳоло бар асоси қисми дуюми моддаи 12.7-уми Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба рондани мошин аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надошт, айбдор мешавад.

Ин банди қонуни Русия ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи то 30 ҳазор рубл, ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ ваё то 200 соат корҳои маҷбуриро пешбинӣ мекунад. Аммо азбаски Абдуваҳҳоб Маҷидов шаҳрванди Тоҷикистон аст, ӯро метавонанд аз Русия ихроҷ низ бикунанд, чунки ин алакай бори дуюм аст, ки ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда мешавад. 

Абдуваҳҳоб Маҷидов шоми 8 январ, соати тахминан 18 бо мошини «Мерседес” дар кӯчаи Профсоюзнаяи шаҳри Маскав дучори садамаи нақлиётӣ шуд. Кормандони пулис ҳангоми тафтиши асноди ӯ маълум карданд, ки дар рӯбарӯи онҳо стритрейсери машҳуре истодааст, ки дар соли 2016 барои бо суръати хеле баланд рондани мошин аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардида буд.

Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, тафтиш нишон дод, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов баъди маҳкум шуданаш ба 15 рӯзи ҳабс ва маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагӣ дар моҳи майи соли 2016 ба зодгоҳи худ – Тоҷикистон баргашта, бо як номи дигар ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтааст. Баъди ин Маҷидов боз ба Маскав баргашта, ба пешаи қаблиаш – стритрейсерӣ (ронандагоне ки шабона дар кӯчаҳои шаҳр байни худ пойга мекунанд) идома додааст.

Ин банди қонуни Русия ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи то 30 ҳазор рубл, ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ ваё то 200 соат корҳои маҷбуриро пешбинӣ мекунад. Аммо азбаски Абдуваҳҳоб Маҷидов шаҳрванди Тоҷикистон аст, ӯро метавонанд аз Русия ихроҷ низ бикунанд, чунки ин алакай бори дуюм аст, ки ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда мешавад.

Исми ин шаҳрванди Тоҷикистон дар баҳори соли 2016 дар робита ба як пойгаи шабонаи мошинҳо бо иштироки фарзандони мансабдорони баландпояи ширкати нафти «Лукойл” вирди забон шуда буд.

Шаби 22 майи соли 2016 пулиси шаҳри Маскав иштирокчиёни як пойгаи мошинҳои «Гелленваген”-ро дастгир кард. Аксари онҳо фарзандони роҳбарони баландпояи ширкати нафти «Лукойл” буданд. Пулис гуфт, Руслан Шамсуаров – писари муовини президенти «Лукойл” ҳамроҳи Виктор Усков ва Абдуваҳҳоб Маҷидов дар хиёбони Ленин бо як мошини «Гелленваген”-и бидуни шумораи давлатӣ бо суръати хеле баланд ҳаракат мекарданд. Онҳо ба амри пулис итоат накарданд ва мошинҳои пулис онҳоро дунбол гирифтанд. Маҳз навори ҳамин пойгаи «Гелленваген” бо мошинҳои пулис ба Интернет роҳ ёфт.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply