Дод аз дасти зани серҷоғ!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳамсарамро аз ҳамсояқишлоқ арӯс карда овардам. Аз рӯзи аввал ситораҳоямон бо ҳам мувофиқ омада, зиндагии хушбахтона доштем. Худованд ба мо пайдарҳам се писари паҳлавон дод. Таваллуди фарзандон зиндагиамонро боз ҳам ширинтар кард, вале…

Бо мурури вақт рафтору кирдори ҳамсарам тағйир ёфта, шаттоҳ, чаққон ва ҷанҷолӣ шуда монд. Барои дупула гап асабонӣ шуда, доду фиғон мебардошт ва ҳам асаби худу ҳам асабҳои маро хароб мекард. Баъдтар сабаби норозигии ҳамсарамро фаҳмидам. Бародари дуюмам  камбағал буд ва дар ягон ҷо кор намекард. Ман аз рӯйи инсоф ва меҳру муҳаббати бародарона ҳамеша ба ӯ кам-кам ёрӣ мерасонидам. Чашми занам барои ҳамин сих мезадааст. Ин занаки гурусначашм намехостааст, ки ман дар рӯзҳои вазнини ҳаёташон ба хешу таборам кӯмак кунам. Ба ҳамсарам борҳо фаҳмондам, ки ман наметавонам нисбати тақдири фарзандони падарам бетараф бошам ва чӣ тавр ранҷу азоб кашидани онҳоро аз дур тамошо кунам, вале ӯ маро фаҳмидан намехоҳад. Кораш мудом ҷангу ҷанҷолу хархаша аст. Шукри Худо ҳавлии калон дорем. Модарам ва писари акаам ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунанд. Занам дар ин ҳавлӣ зистани онҳоро намехоҳад. Барои он ки фарзандонам зиндаятим нашаванд, чанд маротиба ҳатто дӯстонамро ба хона овардам, ки  ҳамсарамро насиҳат кунанд, вале дар ҳузури онҳо занам гапро ба дигар тараф бурда, маро ба он муттаҳам мекунад, ки намоз намехонам ва ба занҳои зебо бо ҳавас менигарам.

Ҳайронам, намедонам бо кадом забон бо занам гап занам, ки фаҳмад. Ҷонам аз дасти ин занаки серҷоғ ба лабам расидааст, аз ҳамин сабаб ба “Оила” муроҷиат намудам, то аз хонандагони зиндагидидааш маслиҳат бипурсам. Хотири фарзандонам лабамро зери дандон гирифта, бо ин зани ҷаккок зиндагиро идома диҳам ё ҷудо шавам?

Саймуъмин, н. Рӯдакӣ.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дод аз дасти зани серҷоғ!

  • Шумо худро ислоҳ кунед то айби шуморо наёбад » Худованд дар Қурон мегуяд» «» Ба падару модар неки кунед»»!
    Худованд ҳамсар нагуфт ку ! Пас ин ҳамсар туро дуст намедорад шояд молу чизи туро дуст дорад ! Агар туро дуст медошт барои ту шуда падару модаратро ҳам дуст медошт ! Ба фикрам дар Қурон буд ё ин ки Расули Худо гуфт: Аввал насиҳат кунед нашуд , бо химча (чуби тар) дар пойҳояш бизан хуб нашуд ҷогаҳи хобатро ҷудо кун бо у сухан магу инаш ҳам ки нашуд падару модарашро фарёд кун инаш ҳам нашуд шояд боз чизе дигар ҳам буд аммо ҳамин қадараш ба ёдам омад сипас аз у ҷудо шав.

Leave a Reply