Дод аз дасти хушдомани дилсиёҳ!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Донишҷӯи бахши 5-уми донишгоҳи тибӣ мебошам. Волидонам маро ба писари як одами тақводор ба шавҳар доданд. Бо шавҳарам зуд унс гирифта бошам ҳам, ҳеҷ дили хушдоманамро ёфта натвонистам.

  Хонаводаи шавҳарам розӣ набуданд, ки келинашон баъди тӯй қадамашро аз дар берун гузорад, вале шавҳарам ба ман иҷозат дод, ки таҳсиламро давом диҳам. Хусурам мисли занак аз рӯзи аввали зиндагӣ дар ин хонадон ба тамоми кору борам биниашро халонда  “келин, ин либосат кӯтоҳ аст, зуд онро иваз карда дигарашро пӯшу рӯймолатро маҳкам банд. Ба сару рӯят ҳар хел крему хокаро намол, ки убол аст” гӯён, эрод мегирад, хушдоманам ҳам аз шавҳараш монданӣ надорад. Ба хотири шавҳарам, ки бисёр ҷавони меҳрубону ғамхору дилсӯз аст, ман ба падару модараш гап нагардонда, хомӯшона гуфтаҳояшонро мекардам, вале косаи сабрам торафт лабрез гашта истодааст. Шавҳарамро як кори таъҷилиаш баромаду маҷбур шуд, ки ба Русия сафар кунад. Аз рӯзе, ки писараш рафтааст, буҷули хушдоманам ба қавле асп хеста, бо талху пичинг ва гапҳои нешдораш ҷони маро ба лабам мерасонад. “Лаҷоми ин келинро худам накашам, шавҳари латааш кашида натавонист” гӯён, ин маршал-кампир чунон дағдағаҳое мекунад, ки ба ақли солим рост намеояд. Модаршӯям дар назди худию бегона “ҳой тирмизаки олуфтасатанг, дарс меравам гуфта ту худатро ба ҳама кару кӯри кӯча нишон додан мехоҳӣ-а?!” Бачаи сусти маро аҳмақ карда, ба мошинҳои бегона мешинӣ, туро ҳамин хел бо ихтиёри худат монанд, бероҳа шуда, сари моро дар замин мезанӣ, обрӯямонро мерезонӣ. Фаромӯш накун, то вақте зиндаам, ман намемонам, ки ту маймунбашара ҳаёти писарамро сӯзонӣ. Хокатро дудаста мебезам, агар аз хати кашидаам берун бароӣ! Ин ҷо хонаи отаю очаат нест, ки чи номаъқулие хоҳӣ, кардан гирӣ! Аслан, агар волидони ту одам мебуданд, намемонданд, ки духтарашон чунин бе рӯю бе сатр шавад…. ” гуфта, маро паст мезанаду таҳқир мекунад. Духтари мошинсавор ва бероҳа мебудам, аламам намекард, вале ман ягон бор ба рӯйи ягон марди номаҳрам назар накардаам. Бо роҳи худам рост ба дарс рафта меоям. Намедонам чаро хушдоманам дар назди ҳаққу ҳамсояҳо аз ман бероҳа сохтан мехоҳад. Бетарбия беақл бадзот гуфтанаш ба дилам задааст, мехоҳам “хонаатон аз саратон монад” гӯяму баромада равам, вале ба хотири муҳаббати поки шавҳарам, ки маро аз сидқи дил дӯст медорад, худдорӣ менамоям. Вақте ки шавҳарам дар ҳамин ҷо буд, як бор рози диламро ба ӯ гуфта, хоҳиш кардам, ки ягон хонаи иҷора ёбад, дукаса кор карда пулашро медиҳем. Модараш ин гапро шунида қиёматро қоим кард, ки ту арӯси ҷодугар писарамро аз ман ҷудо кардан мехоҳӣ. Шавҳарам то имрӯз ягон бор ба ягон кори ман эрод нагирифтааст, вале волидони дилсиёҳаш бо заҳри забонашон хонаи ободи моро вайрон кардан мехоҳанд. Хушдоманам ошкоро мегӯяд, ки то рӯзе, ки зинда аст, намемонад, ки ман дар ин хона орому осуда зиндагӣ кунам. Сарҳисоби корамро гум кардаам, агар дарди диламро ба модарам гӯям, ғамбемор мешавад, ба падарам дарди дил кунам, намемонад, ки ман ҳатто як лаҳза дар ин ҷаҳаннам зиндагӣ кунам. Ба хотири вайрон нашудани оилаам сари кафида таги тоқӣ гуфта, ба волидонам сир бой намедиҳам, аммо дилам аз заҳри забони ин кампири беандеша як кӯза зардоб гаштааст. Дигар тобу тоқати шунидани таҳқири хушдоманаму маймунбозиҳои хусурамро надорам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Моҳсафар


Поделиться новостью в социальных сетях:

6 комментарий

  • Апаҷон Худованд ҳамон бандаеро дуст медорад, ки пурсабр аст. Шояд ин имтиҳони илоҳист. Хусуру хуштомани шумо доими набудагистанд.

  • сабр! сабр! боха хам сабр! ягон келин фаришта нашудай, худакта мусича нагир. Дамта гирифта ай паси зиндагит шав!

  • Хохаракам, «шахри якчашмахо рафти, як чашматро пуш» гуфтаанд дар урфият. Шумо бояд он сару либосеро пушед, ки ба чои зистатон мувофик ва ба чамъият кобили кабул бошад, то хусуру хушдоманатон фахр кунанд, на ин ки шарм доранд. Рангу бори руй аз хад зиёд бошад, нохушоянд аст. Мо урфу одат, расму оини точиконаи худро дорем. Агар дар хакикат шавхаратонро дуст доред ва нахохед, ки миёнатон сарди афтад, дар хона, дар назди азизони шавхаратон тавре рафтор кунед ва либос пушед, ки ба онхо макбул бошад. Ба Донишгох, ки омадед албатта либоси маъмули макотибро мепушед.

  • салому алайкум хохари гироми албата ман хамаи гапхои шуморо хондам ман даршумо як ду сухани хешро расондани хастам аз навиштачоти шумо ба ман фелу рафтори шумо маьлум гашт дар ин чахон хечкас бегунох нест авало фелу рафтори худро иваз кунед баьдан ба хамаи гапхои хуштоманатон чашпушед бехуда нагуфтаанд поёни шаби сиях сафед аст маслхатиман башумо

  • салом хохари азиз Худованди Мехрубон ба хуштоманатон инсоф дихад ба хусуратон акли хар дихад

  • Гар ранч пеш ояду гар рохате хаким
    Нисбат макун ба гайр ки инхо худо кунад
    Бар сари фарзанди одам хар чи ояд бигзарад
    Поёни шаби торик сафед аст
    Хар чи ки мекунанд аз осмон боз як карорест фармонест.
    шояд ин имтихони илохи барои ту лекин ту шавхари мехрубон дори ки гамхори туст

Leave a Reply