Дод аз дасти духтари хола

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом сомонаи «tajikistantimes».  Ман, як марди дар чорсӯи зиндагӣ ҳайронмонда, мехоҳам дарди диламро ба ту гуфта, аз хонандагони сершуморат маслиҳат пурсам.

Модарам ба ҷону ҳолам намонда, маро дар синни 19 солагӣ зан дод. Ҳарчанд гуфтам, ки ман ҳоло бисёр ҷавон ва ба зиндагии оилавӣ тайёр нестам, касе ба гапам гӯш кардан нахост. Сабаби шитоб кардани модарам ҷиянаш буд. Очаи бечораам бо умеди он ки духтари хоҳарашро келин карда, дами пирӣ роҳат мекунад, ба қавли пирон тамоми ёфту тофташро сарф карда, тӯйи пуршукуҳе орост ва бо садҳо орзуву ҳавас ҷиянашро келин кард, аммо…

Ҳамсарам аз ман як сол хурд бошад ҳам, бисёр айёру маккор баромад. Аз ҷавонию бетаҷрибагиам истифода бурда, вай маро аз рӯзи аввали зиндагӣ хар кард ва зин зада, савор шуд. Арӯсаки дурӯза буд, вале на маро заррае писанду манзур мекарду на ҳурмату эҳтироми модарамро ба ҷо меовард. Гумон кардем, ки баъдтар ақлаш медарояд, вале хаёламон хом баромад. Аз байн 7 сол гузашту ҳеҷ одам нашуд. Худованд аз рӯзи азал ба ин духтар на сурати зебо додааст ва на сирати одамонаю ақлу тамиз, вале дар забондарозӣ ҳамто надорад. Ману модарам бо тиҷорат машғул шуда, дар бозор савдо мекунем. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки фурӯшандагӣ осон аст, рӯз то бегоҳ пулро дарза-дарза ҳисоб карда ба кисаат меандозию шомгоҳон ҳуштаккашон ба хонаат меоӣ, вале дар асл ин тавр нест. Азоби савдою бозорро танҳо ҳамон касоне медонанд, ки бо кори тиҷорат машғуланд. Хулласи калом, рӯзи дароз меҳнат карда, бегоҳ хастаю лакот ба хона бармегардем, то каме ҳам бошад, осоем, вале баробари аз дарвоза даромадан табъамон хира мешавад. Келин бояд то баргаштани шавҳару хушдоманаш тамоми кору бори хонаро карда, ягон хӯроки бомаза пухта монад, вале зани ман рӯз то бегоҳ дар хона нишаста, дасташро ба оби сард намезанад. Ҳар бегоҳ аз дар даромада як манзараро мебинем: ҳавлӣ норӯфта, хонаҳо титу пит, як ғарам косаву пиёлаву табақи ношуста ва садои баоси гову гӯсолаи гурусна…

Дар бораи либосшӯӣ ва дарзмол кардани либос ҳоҷати гап ҳам нест. Модари бечораам мардак барин рӯз то бегоҳ дар бозор меҳнат карда, боз то нимаи шаб хонаю ҳавлӣ мерӯбад, хӯрок мепазад, либос мешӯяд…

Қариб ҳар рӯз занамро коҳиш мекунам, ки танбалиро як сӯ гузошта аз паси зиндагӣ шавад, вале гапҳои ман аз як гӯшаш даромада аз гӯши дигараш баромада мераванд. Ҷонам аз дасти ин зани чалфас, нокора ва бетарбия ба лабам расидааст. Аввалҳо гумон мекардам, ки сабаби рафтори ноҷои ҳамсарам дар ҷавону хом буданаш аст, вале соҳиби ду фарзанд шудему ҳеҷ ақли ин духтар ба сараш назада истодааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми муғамбиру беҳунар буданаш боз бисёр шаттоҳ аст, ӯро насиҳат карданӣ шавӣ, дар бало мемонӣ. Ҳанӯз як шаппотӣ назада бо доду фиғон ҳавлиро ба сар мебардорад. Зан бояд ба маънои томаш зан бошад ва хонаро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, ҳурмату эҳтирому шавҳару хушдоманашро ба ҷо биёрад, вале ҳамсари ман инро намефаҳмад ё барқасд фаҳмидан намехоҳад. Кораш рӯз то бегоҳ танҳо хук барин хӯрдану хоб рафтан асту халос. Аз дасти пурхӯрӣ чунон фарбеҳ шудааст, ки ҳардуямон ба кӯча бароем, одамони ношинос занамро хола ё очаи ман гумон мекунанд. Намедонам бо ин халтаи гӯшт, ки на ҳунари пухтан дорад, на дӯхтан ва на рӯфтану шустан, чӣ кор кунам. Бибии падариам “кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад” гӯён, ишорат менамояд, ки беҳуда ба умеди одам шудани занам нашуда, таёқамро ба равшанӣ занам, вале.. Ростӣ, худам ҳам тобу тоқати бо ин зани чалфас зистанро надорам. Чанд бор ба модарам гуфтам, ки талоқи ҷияни танбалашро медиҳам, бигзор кӯчу бандашро гирифта равад, аммо “холаат хафа мешавад” гӯён, розӣ намешавад. Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Занамро аз дар берун кунам, модару холаам душмани ҷонӣ мешаванд, лаб зери дандон гирифта, тоқат кунам, умри ҷавонам бо ин зани беҳунару бетамизи морзабону бадафт хазон мешавад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Шоҳмурод, ш. Истаравшан.


Поделиться новостью в социальных сетях:

8 комментарий

  • Агар хами мисли гуфтахоят боша хайётатро насузон факат агар мисли гуфтахоят бошад баъмеди хола очам гуфта нашав хайёти худро аз даст нате яруз не яруз модар хола мегузарад аммо хайёти гузаштаат бар намегардат.ин тмабала дар хонаашон бурда мон ва гуй агар хохи зиндаги кардан хами корхора кун агар нахохи чор тарафут кибла

  • Додари азиз ман аз шумо калонам чошда сараш буте чонат халос мешава фахмо додар зани дигар бигир е ки нагзакак фахмонш ки келин нагз шавад набошад рохи сафед бигуш ки шумо холо чавонен зиндаги аз пеш аст

  • Охир зан-зан аст, охан нест. Аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки бар замми нигохубини ду кудакат, ки барои модар масъулияти аз хама бузург аст, нигохубини гову мол, рубучини хонаву дар, нонпази, шустани либосу табаку коса, хишва ва дигар корхои замини наздихавлиги ва боз ки медонад чи корхое ба зиммаи у гузоштаед. Хамеша одаме, ки аз дар берун аст, ба кадри корхои дарунии зани хона намерасад ва ё ночиз медонад. Занатонро талок надихед. Ду фарзанди худро бепадар ва бебахра аз хушихои зиндаги нагардонед. Агар дар хакикат занатон танбал бошад, фарзандонатонро хуб, чусту чолок тарбия кунед. Духтаратон калонак, мададрасон ки шуд корхои хона сабуктар мешавад ва аз як хонадони мехнаткарину бофаросат келин кунед хамааш паси сар мешавад.

  • еее ячиз гуям ича хамашда худат гунахгори ту мардак шуда хулосата бароварда наметони ха? хози мардакои аз 40боло духтари 18сола мегиран туя чи бало задас ма 100% бовари дорамки худат ноухда баро и маколада нависти изо накашиди ха ябор фикр кун ича факат занако ноит кунан ту мардак шуда худат зиндагита дарди дил кадести

  • Мардак бояд и хели гапу хавароша да иҷа нанависа а бача я илоҷша биёв ҳози сарш мети ай ҳаму хонаву дари норуфтаҳам мемони ба зури нашид ба зори тарифш ку иқа ку чи мешава

  • Мурен бачаи бечора ҳамчун бародар гуфта шумораву шумо боз даштномаш медиҳед

  • Бону шумо касе ҳастед ба фикрам ки аз ин занҳам батаред ҳа 100фоиз фаҳмидмт ай гап задант

  • Бону дуруст мегуяд! Ин мардхо зан нею каниз ё хизматгор мегиранд! Хама кору бори хонаро бар души як кас бор кардан хам хуб нест. Агар дах зан гиред хам, робот шуда наметонанд.

Leave a Reply