Дитмор Вег: Бо Меҳрубон як поям дар Олмон, як поям дар Тоҷикистон

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Бо ӯ сари роҳ, дар дараи Варзоб рӯ ба рӯ омадам. Меҳрубон Султонов, раиси “Евродент” роҳбаладаш буд. Ба назар мерасид, ки ба вай ҳама чиз аҷиб метофт: дарё, кӯҳҳо, дарахтон…Ҳарисона, бомуҳаббат сӯи онҳо менигарист. Гумон кардам русзабон аст. Ба русӣ «салом»  гуфтам. Дар ҷавоб «guten тag» шунидам. Хотироти даврони бачагӣ ба ёд овард, ки ӯ ба забони немисӣ ҳарф мезанад. Вале ин забон чун бисёре аз ёдҳои даврони бачагӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд.

— Устод, мушкиле надорад, ман тарҷума мекунам, —  гуфт  Меҳрубон.

Хуш омадед ба Тоҷикистон, Ман Шариф Ҳамдампур…

— Ман Дитмор Вег, профессор, ноиби Президенти Ассотсиатсияи дандонпизишкони Олмон.

Шумо бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меоред?

— Бори дуюм, барои табрики ҳаммаслакам Меҳрубон Шамсиевич омадам. Ӯ дар Олмон дар риштаи дандонпизишкӣ таълим гирифтааст, чанде пеш  рисолаи докториро ҳимоя кард. Бори аввал соли 2012 омада будам.

Дар ин панҷ сол Душанберо чӣ гуна мебинед?

— Хонаҳо, хиёбонҳо, фурудгоҳ … Ҳама нав.

Чӣ чиз аз ин ду сафар бароятон хотирмон буд?

— Одамон, хӯроки миллии шумо, ҳама тару тоза ва табиӣ. Манзараҳои зебо, кӯҳҳо, обҳои поки равон. Тоҷикон аҷаб мардуми хоксору меҳмондӯст.

Гуфтед, ки ноиби раиси Ассотсиатсияи дандонпизишкон ҳастед. Ассотсиатсияи шумо ба кадом кор машғул аст?

— Сохтори илмист, дар соҳаи дандонпизишкӣ тадқиқот мебарад, назарияро моли амалия мекунад, машварат медиҳад.

Чӣ қадар аъзо дорад?

 -20 000. Аз се як ҳиссаи тамоми дандонпизишкони Олмон узви онанд. Дар Аврупо калонтарин ассотсиатсияест, ки дандонпизишконро муттаҳид месозад.

Бо ҳамтоёни хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?

— Не. Мо аслан дар дохили кишварамон фаъол ҳастем. Зеро дониш, тадқиқотҳо  ва таҷрибаамонро бояд дар амалияи дандонпизишкии Олмон ҷорӣ кунем.

Шумо бори дуюм аст, ки дар кишвари мо ҳастед, бо кори дандонпизишкони мо шиносоӣ пайдо кардед. Ҳаст чизе, ки барои дандонпизишкони Олмон арзиши омӯхтанро дошта бошад?

—  Ман асосан аз “Евродент” дидан кардам.  Кори онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад. Маводи бисёр босифатро истифода мебаранд. Кормандонаш  устоди кори худ ҳастанд.

Намехоҳед ҳамкориро бо Тоҷикистон ба роҳ монед?

— Чаро не. Мо лоиҳаҳои хубро дастгирӣ мекунем. Муштариён дар ҳама ҷо якхеланд. Масъалаҳое ҳастанд, ки якҷо мебояд ҳал кард.

Масалан?

— Баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, лоиҳаҳои муштарак барои таълим, профилактика ва имплантатсия.

Агар ба шумо пешниҳод кунанд, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштарак ё намояндагӣ ба кор андозед, розӣ мешавед?

— Пешниҳоди хеле аҷиб. Аммо вақт маро аз ҳар тараф фишор медиҳад.

Агар пӯшида нест, чӣ тадқиқотҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ доред?

— 10 соли охир масруфи тадқиқот дар соҳаи инпланталогия ва регенератсияи дандон ҳастам.

Чаро маҳз ҳамин касбро интихоб кардед?

— Зеро кори кӯчак ва нозукро меписандам. Мехоҳам ҳамеша бо одамон, муштариён сарукор гирам. Дандонпизишк мисли заргар нозукназар аст ва корашро бояд бо сифати баланд ба анҷом расонад. Қаблан дандонпизишкӣ дағал ва дардовар буд, ҳоло роҳатафзо ва хушсифат.

Мардуми тоҷик дандонро шабеҳи зан дар роҳатафзоӣ медонанд, мегӯянд, ки  “бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад”.  Дар Олмон чӣ?

— Дандони  рамзи тани сиҳат аст. Марди тансиҳатро занҳо дӯст медоранд.

Шумо оиладор ҳастед?

— Бале, падари се фарзандам.

Дар Олмон? Падари се фарзанд?

— Мо хитойӣ нестем, ки бо фарзанди кам қаноат кунем…

Чанд муддат дар Тоҷикистон хоҳед буд?

— Фардо сафар дорам, ба Самарқанду Бухоро.

Боз ба Душанбе бармегардед?

— То замоне, ки дӯстам Меҳрубон ҳаст, як поям дар Душанбе.

 Шариф ҲАМДАМПУР

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ако Мехрубон саломат бошед
    Устоз бисёр мусохибаи ачоиб

  • Ако Мехрубон саломат бошед,
    Устоз бисёр мусохибаи ачоиб
    Ахсан

Leave a Reply