Дипломати тоҷик — чемпиони мусобиқаи теннис

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тавре дирӯз сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, атташеи иқтисодии сафорати Душанбе дар Теҳрон дар мусобиқаи тенниси рӯи миз ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, ба мақоми аввал расида, медал, диплом ва ҷоизаи асосиро соҳиб шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин нахустин мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои узви СҲИ буда, бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии СҲИ роҳандозӣ шудааст: “Рақобатҳо миёни 17 нафар аз кишварҳои узви СҲИ бо ҳакамии доварони варзида бо роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Муҷтабо Собирӣ доир гардид”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply