Дастгиршавии дуздхонум

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.

Муайян карда шуд, ки номбурда моҳи октябри соли 2016, пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 3000-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 6500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамчунин, гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз хонаи истиқоматии зани 36-солаи сокини дигари пойтахт ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 40000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ноҳияи Муъминобод низ як ҳолати дуздӣ ба қайд гирифта шудааст. Шахси номаълум моҳи октябри соли 2016,  бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 19-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 8750-сомониро дуздидааст.

Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҳодисаи мазкур марди 36-солаи сокини ноҳияи Муъминободро дастгир намуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дастгиршавии дуздхонум

  • илтимос расми ин зани дуздро монед, ман низ як чабрдида хастам, як сол пеш зане духтарчаамро фиреб карда об пурсида, хона даромада тамоми чавохироти тиллоамро бо нархи кариб 4 хазор доллар дуздидааст. Ба макомоти дахлдор мурочиат кардам, вале бенатича…

Leave a Reply