Даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад, журналисти собиқадор

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори собиқадори тоҷик нимаи дуввуми имрӯз, ба таври ногаҳонӣ аз олам даргузашт.

Номбурда дар назди ҳуҷраи кории худ дар ошёнаи якуми бинои  «Шарқи озод» ҷон додааст.

Кароматуллоҳи Аҳмад, яке аз журналистони собиқадори кишвар буда, аввал дар телевизиони тоҷик ва баъдан солҳои дароз дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Оила» ва «Чархи гардун» фаъолият кардааст.

Марги Кароматуллоҳи Аҳмад талафоти калон барои журналистикаи тоҷик аст.

P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Оила» ва сомонаи «Tajikistantimеs» аз марги нобаҳангоми ҳамқалами худ андӯҳгин буда, ба пайвандонаш ҳамдардии амиқ баён мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply