Дарди дили домоди кал

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ман, як ҷавони 29- сола имрӯз мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам. Гап дар сари як “мерос”-и аҷдодӣ меравад, ки ҳаёти маро талх гардонидааст.

Падарам ва бобову бобокалонҳоям ҳама тоссар будаанд. Сари кал аз онҳо ба ман мерос мондааст. Замони дар мактаби миёна хонданам бачаҳо маро “кали хунук” гуфта, мазоқу масхара мекарданд, баъди хатми мактаб бошад, мавриди тамасхури донишҷӯён қарор гирифтам. Ҳамкурсҳоям бовар намекарданд, ки ман нав мактабро хатм карда ба донишгоҳ дохил шудаам. Ошкоро дар рӯи ман мегуфтанд, ки ту аз мо 15-20 сол калон менамоӣ. Ба автобус савор шавам, ҷавонон дарав “ака, биёед шинед” гӯён, ба ман ҷой медоданд. Аз шарм замин намекафид, ки дароям…

Хуллас, вақти зангириам фаро расид, вале падару модарам бо нияти хостгорӣ дари даҳҳо хонаи духтардорро кӯфта бошанд ҳам, ба мақсад нарасиданд. Духтарҳои деҳа ҳамин, ки номи маро шуниданд, дарҳол доду фиғон мебардоштаанд, ки зани он кали хунук намешавам. Модари бечораам навмед шуда, рӯ ба шаҳр овард, аммо дар пойтахт низ муроди мо ҳосил нашуд. Одамони шаҳр нисбатан бомаданияттар ҳастанд, онҳо ошкоро “писаратон кал будааст” нагуфта бошанд ҳам, бо дидани акси ман дарҳол баҳона пеш меоварданд, ки духтарашон ҳанӯз хурд аст ё аллакай номзад дорад.

Кафшҳои падару модарам аз келинкобӣ дарида бошад ҳам, то ҳол ягон арӯси муносиб наёфтаанд. Якто-нимто духтардорон розӣ мешаванд, вале духтарҳояшон кар, кӯр ё шал ҳастанд. Ман ба ғайр аз сари калам дигар ягон айб надорам, чӣ хел зани инвалид мегирам?!

Синну солам аз зангирӣ гузашта истодааст, аз ҳамин сабаб бо умед ба “Оила” муроҷиат намудам, ки шояд бо воситаи ин ҳафтаномаи розшунав дари бахтам кушода мешавад. Дар байни хонандагони газета агар духтаре бошад, ки ба сурат не, ба сифати инсон дил бандад ва арӯси ман шавад, як умр ӯро тоҷи сар хоҳам кард!

Мирзошариф, хонандаи “Оила”. 


Поделиться новостью в социальных сетях:

19 комментарий

  • Мирзошариф! _Гамгин нашав бародар. Ин дунё чанд намуд инсонхо дорад. На хама духтархо дарди туро мефахманд, бештарашон ба пулу моли дунё дода шуда, одамгариро аз даст додаанд. Ноумед нашав, рузе мерасад, ки духтари мохчабине пайждо шуда , дарди дилатро мефахмаду ба висолат мерасад. ту бехтарин инсоне хасти, ки дардатро ба мо хонандагон ифшо сохть!

  • дилта гам набошад братишка арус сари хар торимуйт ёфт мешавад

    • Братчон хози хами давру замонада ягончи порблема шида наметона парик истифода барен

  • Хаму тори муй набоша чи кор куна, номерои телта рои кун як ду кандидат ёфтем.

  • дар зиндаги сурат не сират накши калон дорад. Наханд бар сурати касе, ки накоши у Аллох аст.

  • Одамро бо сират баҳо додан лозим аст на бо сурат зеботарин чеҳраҳое ҳастанд ки пир мешаванд

  • Эълон эълон! Бехабар набошед духтархо, любой кал ризкаш аз дигархо дида зиёдтарай.. так что ояндаш тенчай и бародара ноумед накунен!

  • БРАТ МЕГАНКУ ХАМИ КАЛА БОША ТОКИ ЁФ МЕША ИНШОЛЛОХ

  • эҳаа ака ҳолиям наёфтен и сари калам амика проблема мешидай да

  • Ман калаки доноям
    Аз тереза мепоям
    Касе маро кал гуяд
    аз хонаам меронам.

  • Агар хами кал муйи сар медошт хама духтаро ай думш мешидан. Афсус сари кала додаю арусора грезон кардай и такдирай братка

  • Ака да чебакат сум боша арус проблема нест сари калат хуйня хаму чизи даркори набоша хам мегиран

  • дил ёбу канд хур мегуянд калора зирак меган камтар зираки кнен дхтар хдш хонатон мебиёя

  • ихел наген икадар духтарора ганда накунед, Факат амин ки ин одама худованд вакти оиладориаша нарасонидааст. вакташ ки омад мешавад, Сабр, Сабр, Сабр ва боз Сабр

Leave a Reply