Дар сангрезӣ як нафар ҷон доду се нафар ҷароҳат бардошт

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар паи сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ як ронанда ҷон бохту се мусофир ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд

Дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ мошини тамғаи «Старекс» бо се мусофир ба садама дучор шудааст.

Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст.

Мошин аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе ҳаракат мекардааст.  Дар паи садама ронандаи мошин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаасту се мусофирро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз зери барф бароварда ба бемористони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бурдаанд.

Дар ҳоли ҳозир шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст.

КҲФ аз шаҳрвандони кишвар даъват мекунад, ки дар роҳҳо эҳтиёткор бошанду ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Ёдоварӣ мекунем, сангрезӣ дар масофаи 255-километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ рӯзи 8 январ ба амал омадааст.

Бино ба додаҳои  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар давоми нӯҳ моҳи соли 2017 ба Тоҷикистон ба мабалғи 100 миллион дулор хисорот ворид кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply