Дар Русия донишҷӯи тоҷикро се корд заданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Шоми 5 ноябр як нафари ношинос донишҷӯи 22-солаи тоҷики Академияи низомии алоқаи ба номи Маршал Семён Будённийро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се корд задааст.

Донишҷӯи тоҷик худро то хобгоҳи академия расондааст ва баъди чанд соат ӯро аз инҷо ба бемористони Академияи низомиву тиббӣ бурдаанд.

Бино ба гузориши нашрияи «Фонтанка”, шоми 5 ноябр як донишҷӯи тоҷики Академияи низомии алоқа ба номи Маршал Семён Будённий ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин донишҷӯи 22-соларо дар наздикии Академия дар хиёбони Тихоретский соати тақрибан ҳафти шоми 5 ноябр корд задаанд.

Худи ӯ гуфтааст, ки як нафари ношинос, ки аз ҷониби кӯчаи Обручевҳо меомад, дар наздикии академияи алоқа ба вай ҳамла карда, ба сари сина, шикам ва дасти росташ се маротиба корд задааст. Ин донишҷӯи соли панҷум баъди ин ҳамла худро то хобгоҳи академия, ки дар бинои рақами се дар хиёбони Тихоретский ҷойгир шудааст, мерасонад ва баъди 6 соат ӯро аз инҷо ба бемористон бурдаанд.

Донишҷӯи тоҷик ҳоло дар Академияи низомиву тиббӣ таҳти табобат қарор доштааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва сабаби ҳамла ба донишҷӯи тоҷик ҳанӯз рӯшан нест. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ аз Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи низомии алоқа ба номи Маршал Семён Будённий омадааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply