Дар Русия ҳар рӯз 3 тоҷик мемурад

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Диалог»-и шаҳри Красноармейски вилояти Маскав, соати тақрибани дуи рӯзи 8 январ дар ҳудуди ҷамъияти боғдории «Русаль-2” ҷасади як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро дар рӯи роҳ пайдо кардаанд. Пулис мегӯяд, ки ҷасад бидуни либоси рӯ буд ва дар пойҳояш пойафзол ҳам надошт.

Мақомоти пулиси Пушкино мегӯянд, дар бадани шаҳрванди тоҷик аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо накардаанд. Танҳо маълум шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1973 будааст.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав сабабҳои марги ин муҳоҷири тоҷикро тафтиш мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ин мулки мусофирӣ то се муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Худо раҳми муҳоҷирони бечораро худаш хӯрад

  • Ба хамаи пайвандони нафароне, ки хар руз чигарбандони худро мегуронанд, сабри чамил таманно менамоям. Худованд ба касе чунин дахшатро нишон надихад.

Leave a Reply