Дар Мурғоб “Архар”, и 200 ҳазор сомониро куштанд

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Бино ба иттилои ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 41-солаи сокини ноҳияи Мурғоб аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони шикори ғайриқонунӣ дастгир гардид.

Дар вақти азназаргузаронии оғилхонаи зимистонааш, воқеъ дар мавзеи кӯҳии ноҳия як адад пӯст ва шохи ҳайвони нодири “Архар”, ки арзишаш 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply