Дар мағлубияти муштзан шакароб гунаҳгор

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Айёми ҷавонӣ, ки мусобиқаи гуштиро бохта, баҳонаҳои хандаоваре ба забон меовардем.

Аз навори  видеои кӯтоҳи як мусобиқаи  муштзанӣ (бокс), ки дар интернет ва телефонҳои ҳамроҳ ба сайр даромадааст,  дар он як боксёр баъди мушти рақиб ба замин меафтад ва сабаби бохти  худро дар як табақ шакароб мебинад.

Аз аввал як варзишгари ҷавон бо боварию виқор аз маҳорати худ пеши дӯстонаш лоф мезанад: «Любой боксёрро биёр, мезанам дар ҷигараш, дар замин мешинад”.

Аммо ҳангоми мусобиқа, баъди 6 сония аз аввалин мушти ҳариф, ки ба сараш хӯрд, он ҷавон пушт ба замин афтод. Тамошобинон болои сари ӯ хам шуда мепурсанд: «Чӣ кор кардӣ, Сиявуш?”

Ин ҷавони муштхӯрда, ки Сиявуш номаш бурданд, баъди чанд лаҳза ба худ меояд, мегӯяд, ки «сарам гирд гашт.”

Дӯстонаш боз аз ӯ мепурсанд, ки чаро чунин шуд?

Сиявуш дар посух мегӯяд: «Ҳеҷ чиз. Обед шакароб хӯрда будам, ҳамонро ҳал накардаам, сарам гирд гашта истодааст.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дар мағлубияти муштзан шакароб гунаҳгор

Leave a Reply