Дар кӯли сунъии Дарвоз 6 нафар ғарқ шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 16 июл як заврақи наҷотбахшон дар Дарвоз дар кӯле, ки бар асари сели як ҳафтаи пеш ба вуҷуд омадааст, ғарқ шуд. Дар натиҷаи ин фалокат ҳамаи 6 сарнишини заврақ – 4 наҷотбахш ва як зану як духтари хурдсол ба об рафтанд.

Занро тавонистаанд берун биоранд, вале ҷустуҷӯи наберааш идома дорад.

Заврақи наҷотбахшон, ки аҳолии аз сер зарардидаи ноҳияи Дарвозро ба ин тарафи кӯл мекашонд, нимаи дуюми рӯзи 16 июл ғарқ шудааст.

Дар ин заврақ 6 нафар – 4 наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ду сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз – як зан бо номи Мавлонбӣ ва як духтари хурдсол, ки набераи ин зан буд, савор будаанд.

Ҳамаи онҳо дар натиҷаи ин фалокат ғарқ шудаанд. Сокинони Дарвоз мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти наҷот занро тавонистаанд берун бикашанд, вале ҷустуҷӯи набераи 11-солааш идома дорад.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи сокинон, ду наҷотбахше ки дар тан жилети наҷот доштанд, тавонистаанд берун биоянд, вале ду сарбози Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ғарқ шудаанд.

Амалиёти наҷот дар ҷои ҳодиса ҳанӯз идома дорад.

Сели рӯзҳои 9-10 июл боиси зери об мондани 19 хона дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз ва тақрибан 800 метр аз шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ шуд. Садди табиӣ дар роҳи оби дарё бавуҷудомада ҳамчунин боиси пайдоиши як ҳавзи бузург дар ин минтақа шудааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply