Дар ДДТТ семинари байналмилалии илмӣ баргузор гардид

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар  толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ: таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ» баргузор гардид.

Дар он ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров, директори шубаи сиёсатшиносӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ аз Ассосиатсияи донишгоҳии Аврупо Майкл Гебел ва дигар намояндагони масъули ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Ректори донишгоҳи мазкур  ҳузури меҳмононро дар ин семинари илмӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ кард ва аз иштироки онҳо дар ин ҳамоиш изҳори хушнудӣ кард.

Иштирокчиёни семинар ба гурӯҳҳҳо ҷудо шуда, мавзӯъҳои зерин, аз ҷумла  «Таъмини сифатнокӣ ва байналмилалигардонӣ дар таҳсилоти олӣ», «Вазифаҳо ва шароит барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди зарфияти содиротии муассисаҳои таҳсилоти олӣ», «Рушди байналмилалигардонӣ дар хона»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни семинари илмӣ оид ба масъалаи  иштироки муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон дар раванди байналмилалигардонӣ изҳори андеша намуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply