Дар Дарвоз гилхоки алюминиюм кашф шуд

ВМКБ, ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз як кон кашф шудааст, ки маъдани он барои тавлиди гилхоки алюминиюм истифода мешаванд. То ба ҳол, ягона корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Миёна —«Талко» маҳсулоти зарурӣ барои тавлиди алюминийро аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

сухангӯи ширкати, Игор Сатторов «Талко»  гуфтааст, ки ин кон аз замони шӯравӣ маълум буд ва ҳамакнун дар чаҳорчӯби барномаи истифодаи маҳсулоти ватанӣ, тасмим гирифта шуд, ки дар ноҳияи Ёвон корхонаи тавлиди гилхоки алюминиюм сохта шавад. Ба гуфтаи вай, таркиби асосии гилхокро маъдани кашфшуда дар кони Курговад ташкил медиҳад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply