Дар боғи Рӯдакӣ ҳайкали Рӯдакӣ нест

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Мошини мо силтав хӯрда, хоку чанги кӯчаҳои деҳаи Оббурдони Масчоҳро ба осмон бардошта, ҳаракат мекард. Суроғаро, ки намедонистем, дар ростои як тангкӯча, назди ду ҷавон истодаву пурсидем:

-Хонаи Комил Ёдгори рассом куҷост?

-… намедонам, амак… — ба фикр фурӯ рафтанд.

-Комил Ёдгор, номи писарашон …

-Ҳа додои … — ба мо роҳро нишон доданд.

Ин ҷавонҳо намедонанд, ки додои фалонӣ, ки акнун дар деҳа канорашон зиндагӣ мекунад, рассомест, ки замоне дар Амстердаму София мезисту эҷод мекард ва асарҳояш дар бонуфузтарин музейҳои ҷаҳонӣ гузошта шудааст… Солҳо дар Маскаву Душанбе мезист ва ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони кишвар буд. Рассоми халқии Тоҷикистону академики Академияи мусаввирон аст…

Расидем. Ҳавлии  рассом гулзору пероста, ниҳоли банан ҳам ба ҳосил даромадааст. Комил Ёдгор маро ба ҳуҷрае роҳбаладӣ карда, бо табассум гуфт:

-Марҳамат, ба устохонаи Рассоми халқии деҳотии Тоҷикистон…

Устохона он қадар калон нест, қобҳо болои ҳам рӯ ба девор хобида, асари нотамоме болои поя истода, муқаламҳо ранголуд… Миёни сувинирҳо ва китобу аксҳои ҷевон портрети Сталин дар ҳоли табассум истода…

-Шумо Сталинро дӯст медоред? 

-Ин портрет аз замони донишҷӯйиам дар Маскав бо ман аст. Муаллимҳоямон таъкид мекарданд, ки онро партоям, вале напартофтам. Сталинро дӯст намедорам. Аммо ӯ кӣ буд? Як одами комил, ки фарзанди худро бо фелдмаршал иваз накард. Писари Сталинро кушанд, фелдмаршал бошад, соли 50 озод шуда рафт. Ин аст, нишонаи мукаммал будани инсон. Бинобар ин, акс ин ҷо истодааст, ба касе зарар намерасонад.

— Мавлоно мегӯяд, ки «Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад. Илмро бенуру беравнақ кунад». Аммо Шумо 20 сол аст, ки дар музофотед…

-Албатта, ман ба бузургии Мавлоно шак надорам, аммо ин гуфтаи ӯ  муқобили зиндагии ман аст. Деҳа ба ман чӣ медиҳад? Илҳом! Ман ин ҷо бо мардум ҳастам. Бешу ками рӯзгор, ғаму шодӣ ва дарду алами мардумро аз наздик мебинам. Рӯзгори мардум ба ман таассуроти аҷиб мебахшад, ба ваҷд меорад. Зеро зиндагии мардуми одӣ эҷодкорро бетараф гузошта наметавонад.

-Аммо бубинед, бисёре аз асарҳои машҳури шумо фоҷиаҳои таърихӣ ҳастанд, характери аристократӣ доранд: «Робиаи Балхӣ», «Тарки дарбор», «Қатли шоир», ки дар Осорхони миллӣ ё «Дурдонаҳои Шарқ»-у «Роҳи Абрешим»-е, ки ҳоло дар устохонаи шумо ҳастанд. Барои офаридани ин асарҳо муҳити деҳот ва зиндагии мардуми оддӣ чӣ лозим?

-Аммо дар баробари ин ман даҳҳо асаре дорам, ки аз рӯзгори мардум ва фоҷиаҳои ба сарашономада қисса мекунад: «Шарора», «Фоҷиаи Саргазон», «Қассоб», «Оҷизон», «Гаҳвора», «Терроризм», «Зилзила», «Нақоразан» «Гирбод», «Модари тоҷик», «Ҷӯгиҳо», «Интизорӣ» ва ғайра. Деҳа ё шаҳр барои эҷодкори асил фарқ намекунад, муҳим асари мукаммал офарида шавад.

-Сабаби ба деҳа кӯчидани шумо чист?

-Ман аз гуруснагӣ фарзандонамро наҷот додам. Солҳои 90-ум зиндагӣ вазнин шуд. Баъдан, падару модарам аз дунё гузаштанду хонаҳо бесаробон монд. Бинобар ин, ман ба деҳа омадам. Ин ҷо шароити замин гирифтану кишоварзӣ кардан буд. Вақте ки омадам, замин иҷора гирифта,  ба деҳқонӣ машғул шудам. Ҳатто як сол гандум коштаму аз ҳар гектар 60 сентнер ҳосил гирифтам.

-Баъди беҳ шудани вазъи зиндагӣ чаро ба Душанбе барнагаштед?

-Бовар мекунед, ҳатто боре фикри бозгашт накардаам. Мушкилоти шаҳр ба эҷодиётам дигар хел таъсир мерасонад. Шукр, ин ҷо нон ҳаст, осудааму эҷод мекунам. Дар бораи касе ё чизе фикр намекунам. Панҷ маротиба дар Душанбе ва ду маротиба дар Хуҷанд намоиши муаллифӣ гузаронидам, ки бисёре аз рассомҳо ин қадар намоиш баргузор накардаанд, зеро дар шаҳр мушкилот зиёд, он ҷо бештар барои бозор кор мекунанд, аз қалб не.

-Шумо аз вазъи санъати тасвирии кишвар огоҳед?

-Бале, аз ҷаҳон ҳам хуб огоҳам. Рассомони мо айни ҳол чӣ тавре гуфтам, барои бозор кор мекунанд ва баъдан ба равияҳое, ки 100 — 200 сол пеш пайдо шуда, мукаммал шудааст, пайравӣ менамоянд. Бинобар ин, зиёдашон сабк ва роҳи худро надоранд. Албатта, рассомони хуб ҳам зиёд дорем.

-Чаро шумо каталоги асарҳоятонро чоп намекунед?

-Барои чопи каталог маблағ лозим, ки ман надорам. Барои иҷораи намоишгоҳи охире, ки дар Душанбе гузаронидам, 10 ҳазор сомонӣ додам.

-Яъне,  шумо аз ҳисоби худатон намоиш гузаронидед?

-Бале, дигар кӣ мегузаронад? Фарзандонам кумак карданд.

-Аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунед?

-Шукр 5 фарзанд дорам, онҳо кумак мекунанд, нафақа мегирам.

-Шумо аслан монументалист ҳастед, аммо солҳои охир бештар  ба тасвиргарӣ машғулед. Чаро? 

 -Ман зиёда аз 50 иншооти фарҳангиву маъмуриро дар тамоми ҷумҳурӣ оро додам: бо мозайка, керамика, сграфитҳо (бурриш дар лой) ва умуман дар ҳамаи жанрҳои монументалистика.  Охирон ҳам, 4 асари калонҳаҷми ман, ки ҳар яке 3*7 метр ҳастанд, даромадгоҳи «Кохи Наврӯз»-ро зеб медиҳанд, 8 асарам дар Хуҷанд, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра. Аммо устохонаи ман, чӣ тавре мебинед, хело кӯчак аст ва дар ин ҷо муҷассама сохта намешавад. Бинобар ин, бештар ба рассомӣ машғулам.

-Чаро дар Масчоҳ як устохона надоред, ки ин расмҳо рӯ ба девор неву рӯ ба мардум бошанд?

-Борҳо ба ҳукумати ноҳия ва вилоят муроҷиат кардам, аммо дастгирӣ наёфтам. Ҳатто пешниҳод кардам, ки замин ҷудо кунанд, устохонаро худам месозам, то шогирд тарбия кунам, аммо бенатиҷа. Гӯё ба касе лозим нест.

-Агар рӯзе дарвозаатонро кӯбанду гӯянд, ки Комил Ёдгор мана 5 ҳазор доллар, портрети маро каш…

-Намекашам, ба Худо! Ман гурусна мондаву деҳқонӣ кардам, аммо ин корро на. Солҳои 90, дар гуруснагиву вазнинӣ асарҳоямро маҷбур шудам, ки ба хориҷа фурӯшам. Қариб 30 асари беҳтаринамро 100 — 200 долларӣ фурӯхтам. Намедонам онҳо куҷо шуданд, дар дасти кистанд… Ҳатто нусхаашонро надорам. Барои ин худамро ҳеҷ гоҳ намебахшам, зеро бебозгашт рафтанд.

Дар хориҷи мамлакат чанд намоиш гузаронидед?

-Дар Амстердам, София, Никорауга ва Вашингтон намоиши муаллифӣ баргузор кардам. Асарҳоям ҳамроҳи дигар рассомон дар аксари мамлакатҳо дар намоишҳои умумӣ ширкат кардаанд. Дар музейҳои аксари кишварҳо асарҳоям ҳастанд.

-Қиматтарин асаратонро бо кадом нарх фурӯхтед?

-«Тарки дарбор»-ро, дар ҷашни 1150 — солагии Рӯдакӣ, Ҷаноби Олӣ дастур доданд Осорхонаи миллӣ 5000 доллар харидорӣ кард. Медонед, мардуми мо то ҳол маърифати асари рассомиро харида, дар хонааш овехтан надорад. Агар ман ҳоло асарҳоямро ба бозори «Панҷшанбе» барам, 5 сомонӣ ҳам намехаранд. Баръакс, намунаҳои хуби осори ҳайкалтарошиву рассомиро барҳам доданд. Асари ман «Исмоили Сомонӣ»-ро, ки савори асп буду девори меҳмонхонаи «Амон»-ро оро медод, нобуд карданд.  Ба прокуратура муроҷиат кардам, аммо ҳеҷ.

-Шуморо дар ҷаласаҳои ҳукуматии вилоят, ноҳия ва ё ҷумҳурӣ хабар медиҳанд?

-Не, ба манн чӣ лозим? Ман аъзои Шӯрои бадеӣ будам, вақте чанд эрод гирифтам, маъқул нашуд ва маро дигар даъват накарданд. Масалан, вақте ҳайкали Исмоили Сомониро дар Хуҷанд гузоштанд, ман бо раиси вилоят вохӯрда, хоҳиш кардам, ки онро аз нав ба ягон ҳайкалтарош фармоянд ва иваз кунанд, зеро он Исмоили Сомонӣ нест ва камбуди зиёд дорад. Сараш дар ҷояш не, бадан мурда, як дасташ дароз, яктоаш кӯтоҳ… Кулоҳашро агар аз дурр бинед, мегӯед шахтёр аст. Яъне, асар аз нуқтаи назари анатомия нодуруст аст. Як дӯстам хориҷиеро тамошо овардаву ба пояи он ҳайкал мебарад. Хориҷӣ ки аз санъат хело огоҳ будааст, мепурсад:

-Что это за памятник?

-Это наш Шах, основоположник государство таджиков… — гӯён ба таъриф медарояд. Хориҷӣ мегӯяд:

-Ни зря вас не называют чурками…

Ҳамин тавр аст, зеро одаме, ки санъатро мефаҳмад, намегӯяд, ки ҳайкалтарош беҳунар, балки мегӯяд маърифати ин миллат ҳамин қадар будааст. Ман ба раиси вилоят пешниҳод кардам, аммо он кас бо Ҷаноби Олӣ машварат кунем, гуфтанду халос…

-Агар шуморо фармоянд, Исмоили Сомонӣ месозед?

-Не, шумо фикр накунед, ки ман барои худам шуда мегӯям. Бигузор як хориҷӣ созад, аммо асари мукаммал бошад.

-Шумо ҳайкали Рӯдакиро дар «Боғи устод Рӯдакӣ»-и Душанбе  дидаед?

-Бале.

-Нисбати он чӣ назар доред?

-Вай Рӯдакӣ нест ва ягон иртибот ба шоир надорад. Як латифа буд, ки баъдан онро саҳначаи ҳаҷвӣ ҳам карда буданд. Як рӯз як хориҷӣ дар бозор мегардад, ки як нафар косахонаи сар мефурӯшад. Ӯ дар ҳайрат омада, мепурсад:

-Чей это череп?

-Чингисхан – посух медиҳад, каллафурӯш ва хориҷӣ зуд ба ивази 100 доллар косахонаро мехарад. Рӯзи дигар зимни гаштугузор боз ҳамон каллафурӯшро вомехӯрад, ки косахонае дар наздаш барои фурӯш гузошта шудааст. Хориҷӣ мепурсад, ки инаш кист? Фурӯшанда мегӯяд: «Чингисхан».

-Я же вчера у тебя купил череп Чингисхана – бо ғазаб мегӯяд, хориҷӣ.

-Это молодой Чингисхан, — посух медиҳад савдогар. Ҳамон ҳайкали боғ ҳам «Молодой Чингисхан» аст. Қиссааш ҳам чунин аст, ки  филми «Қисмати шоир»-ро ба Маскав фиристода, дастур медиҳанд, ки мисли ҳамин бисозед ва ҳайкалтарош ҳам аз рӯйи нақш месозад. «Рӯдакӣ» ҳамонест, ки дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст. Агар ман бо Ҷаноби Олӣ вомехӯрдам, пешниҳод мекардам, ки ҷойи ҳайкалҳо иваз шавад ё ҳайкали нав сохта шавад.

-Шумо, ҳамчун ҳайкалтарош ҳайкали киро сохтан мехоҳед?

-Рӯдакӣ ва Темурмаликро. Ин ҷо гап –гап ҳаст, ки дар Хуҷанд Темурмаликро месозанд. Бинобар ин, агар ба ман медоданд, месохтам. Аммо намегузоранд. Ман маъқулашон нестам, зеро эрод мегирам.  Туғралро сохтанду даъват карданд. Ман гуфтам, ки ин Туғрал не, балки як чӯпон аст, дар дасташ як асо диҳед. Охир Туғрал аз оилаи аристрокат, набераи Хоҷа Аҳрори Валӣ буд, аммо дар асар ҳатто ба либосаш диққат надодаанд. Ё Исмоили Сомониеро, ки дар Маркази ноҳияи Масчоҳ – шаҳраки Бӯстон гузоштанд. Вай комилан Исмоили Сомонӣ набуда, балки яҳудӣ аст. Ҳатто кулоҳаш яҳудӣ, баъдан анатомияш нодуруст, аммо кӣ гӯш мекунад?

-Ҳайкали мукаммали Исмоили Сомонӣ кадом аст?

-Оне, ки дар маркази Душанбе аст, ба ҳар ҳол комилтар аст, аммо пояш 50 см кӯтоҳ. Диққат диҳед, агар 50 см пояшро илова мекард, комилтарин асар мебуд.

 -Шумо бо асарҳоятон чӣ гуфтан мехоҳед?

-Ман фаҳмонида наметавонам. Агар тасвир накунам, дарди дилам ором намешавад, шабҳо хобам намебарад.

 -Аз зиндагӣ чӣ мехоҳед?

-То ҳол асари табъи диламро наофаридаам. Дунё амон бошаду зиндагӣ ором, мехоҳам ҳамонро офарам…

Мусоҳиб:

Одили Нозир

Душанбе – Масчоҳ — Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дар боғи Рӯдакӣ ҳайкали Рӯдакӣ нест

Leave a Reply