Далери Мирзо зӯртар ё Наимҷони Сайдалӣ?

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Муаррифнома:
Ному насаб: Далер Мирзоев.
Соли таваллуд: 15-09-1987.

Ҷои таваллуд: Муъминобод, деҳаи Ғеш.
Макони таҳсил: Мактаби 14-и зодгоҳаш.
Имиҷ: суруди “Ман ёд кардам очама”.
Машғулият: сарояндагӣ, тиҷорат.

-Далерҷон, яке пайрави касби падар шудан хоста роҳи санъатро пеш мегирад, дуввумӣ аз сари ҳавою ҳавас, саввумин бошад, ба хотири соҳиби ному нон гаштан рӯ ба саҳна меорад. Шуморо чӣ ба ҷодаи ҳунар овард?

-Меҳри санъат аз айёми наврасӣ дар дили ман ҷӯш мезад. Сурудҳои Сангалӣ Мирзоев ва Қурбони Абдуллоро гӯш карда, мехостам мисли онҳо сароянда шавам. Дар чорабиниҳои мактабӣ баромад мекардам. Ҳамсолонам бо шавқу завқ сурудҳои маро гӯш карда, кафкӯбӣ менамуданд. Дастгирии онҳо дили маро ба сарояндагӣ боз ҳам гармтар намуд ва ба худ қарор додам, ки ҳаёти худро ба санъат мебахшам.

-Оҳангҳое, ки шумо месароед, ҳаваскорона нестанд. Бо ягон оҳангсози касбӣ ҳамкорӣ доред?

-Бале, аксари оҳангҳои банда моли оҳангсози машҳур Фарҳод Зикиров мебошад. Мо дар баробари дӯсту бародар будан боз ҳамсоя ҳастем ва ҳамеша бо маслиҳату машварати ҳамдигар кор мекунем.

-Ҳамсоя гуфта оҳангҳояшонро муфтакак соҳиб мешавам гӯед?!

-(Механдад). Он кас инсони беҳтаринанд ва ҳеҷ гоҳ пул талаб намекунанд, вале ҳар як инсон бояд аз пеши худаш ақл карда, ҳаққи заҳмати дигаронро пардозад. Дасти соҳиби молро сафед накунӣ, корат пеш намеравад. Мо сарояндаҳо бояд ба қадри меҳнати ҳалоли оҳангсозон бирасем, чунки маҳз оҳанги хуб сарояндаро машҳур месозад.

-Далер дар куҷо таҳсил кардаед, ки мисли журналистон ин қадар зебо сухан мекунед?
-Ман Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзодаро дар риштаи “журналистика” хатм намудаам.

-Пас, барои чӣ журналист нашудед?

-Ба як мард 40 ҳунар кам мегӯянд. Ман кам-кам нозукиҳои ҳама ҳунарҳоро омӯхта истодаам. Ба ғайр аз сарояндагию журналистӣ бизнесменӣ ҳам мекунам.

-Магар аз одами фарҳангӣ тоҷир мебарояд?

-Ман дар бозори “Корвон” чор нуқтаи фурӯши либосворӣ дорам, вале худам не, одамони дигар дар он ҷо савдо мекунанд. Ман танҳо аз хориҷа бор оварда, ба онҳо тақсим мекунаму…

-Баъд рафта, пулро ҷамъ мекунед. Ҳамин тавр?!

-Маблағи аз тиҷорат ба даст меомадаро ман пурра ба санъат сарф мекунам. Ҳамин хел накунӣ, кор пеш намеравад. Дар ин замона дигар ба спонсор умед баста намешавад. Ҳар кас бояд аробаи худашро бо қувваи худаш кашида тавонад.

-Аз хориҷа бор оварда ба нуқтаҳои савдо тақсим мекунам мегӯед. Чаро ягон сурудатонро дар хориҷи кишвар клип намекунед, охир чунин таронаҳо ба зудӣ сарояндаро машҳур месозанд?

-Шумо ба ман идеяи олиҷаноб додед! Ростӣ, чанд маротиба ба хориҷи кишвар сафар карда бошам ҳам, фикр клип сабт кардан ба сарам назада буд. Ин дафъа ба Туркия сафар кунам, ҳатман дар он ҷо ягон сурудамро клип мекунам.

-Суруди “Ман ёд кардам очама…” шуморо бисёр машҳур кард. Муҳоҷирон ин сурудро чӣ хел қабул карданд?

-Азбаски ин тарона дарду доғи дили бачаҳои муҳоҷирро инъикос менамояд, ба муҳоҷирон бисёр хуш омад. Бачаҳои тоҷик аз чандин шаҳрҳои Русия ба ман занг зада, барои ин суруд раҳмат гуфтанд ва хоҳиш намуданд, ки рафта дар он ҷо барои муҳоҷирон консерт диҳам.

-Наимҷони Сайдалӣ мегӯяд, ки касе ба мисли ман дарду доғи муҳоҷиронро тасвир накардааст. Шумо чӣ мегӯед?
-Ман дар васфи муҳоҷирон 60-70 суруд дорам. Акнун худатон қазоват намоед, ки кадомамон дарду доғи муҳоҷиронро бештар сурудаем.

-Ин тавр бошад, барои чӣ баҳри муҳоҷирон консерт намедиҳед?

-Дар масъалаи консерт ҳанӯз чизе гуфта наметавонам, вале ба наздикӣ албоми таронаҳоямро бо номи “Интизорӣ” пешкаши мухлисон карданиям.

-Озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пуршиддат рафта истодааст. Шумо ба даври дуюм роҳ ёфтед, боварӣ доред, ки то финал мухлисонатон шуморо дастгирӣ мекунанд?

-Мухлисонам, агар маро дастгирӣ намоянду ба ҳамин консерт роҳ ёбам, барояшон як консерти хайриявӣ  барпо мекунам.

-Ҷавонони ҳунарманд ҳамеша дар мадди назари бонувон қарор доранд. Духтарҳо бо зангу СМС шуморо ҷонбезор намекунанд?

-Духтарҳои зиёде ба ман занг мезананд, изҳори муҳаббат мекунанд, вале ба хубӣ ба онҳо мефаҳмонам, ки ман вақти ишқбозӣ надорам.

-Баъзе сарояндаҳо бо кӯмаки очахонду акахонду апахондҳояшон кори худро пеш мебаранд…

-Мақсадатонро фаҳмидам. Ман як  падару модар дорам ва онҳоро бо ҳеҷ кас иваз намекунам.

-Дар пешравии санъати Далер саҳми кӣ назаррас аст?

-Апаам. Вай аз замони донишҷӯӣ ҳамеша дар бари ман аст. Нозукиҳои кори тиҷоратро низ аз апаам омӯхтам. Мехоҳам аз фурсат истифода бурда, миннатдориамро ба апаҷонам расонам.

-Суруде доред, ки мухлисон ҳанӯз нашунида бошанд?

-Як не, 25 суруди тозаэҷод дорам, ки то имрӯз касе нашунидааст. Мехоҳам дар арафаи Наврӯз ин таронаҳоро пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон гардонам.

-Далер, шумо дар “Элегант” ба савдои молҳои мардона машғулед. Шудааст, ки боратонро бурда пулашро надода бошанд?

-Эҳ беҳтараш напурсед! Як бор не, чандин маротиба маро “кидат” карданд. Баъзе сарояндаҳои машҳур омада либосҳои беҳтаринро таги чашм мекунанд, вале пулашон намерасад. Зораву нола карда қарз мегиранду бо ҳамин нопадид мешаванд. Аз минбари ҳафтаномаи “Оила” аз онҳое, ки аз мағозаи либосфурӯшии банда қарздоранд, хоҳиш мекунам, ки қарзҳояшонро баргардонанд, вагарна дар суҳбатҳои оянда ному насабашонро гуфта, шармандагиашонро мебарорам!

-Баъзе сарояндаҳо зану фарзанд доштанашонро пинҳон медоранд, то ки духтарҳо гурезон нашаванд. Шумо ҳам чунин одат доред?

-Худоро шукр, ман зиндагии обод ва ду фарзанди дӯстрӯяк дорам. Писарчааму духтарчаам беҳтарин туҳфаи парвардигор ва сарвати бебаҳои ман ҳастанд.

-Далер, шумо ба ғайр аз санъаткорӣ боз бо тиҷорат машғул ҳастед ва зиндагии серу пур доред, аммо мисли баъзе сарояндаҳо худнамоӣ намекунед. Хоксориро аз кӣ мерос гирифтаед?
-Аз падари омӯзгорам. Он кас  ҳамеша мегӯянд, ки вақте худатро аз касе боло гирифтӣ, шикаст мехӯрӣ. Барои ҳамин ҳамеша дидадаро ва ростқавл бош. Ман ҳамин панду насиҳати падарамро ба гӯшам ҳалқа карда, кӯшиш мекунам, ки дили ҳеҷ касро наранҷонам.

-Дар ҳаёти ҳунариатон ягон ҳодисае буд, ки то ҳол аз ёдатон нарафта бошад?

-Бале! Мактабхон будему моро ба “Ғунчаҳои умед” даъват намуданд. Аз Муъминобод ба Данғара омада, як суруди ҳаҷвӣ хондам, ки матнаш чунин буд:
Мара ҷанг макун, хонда натонум, маълимҷон,
Миёни ҳарфи а-ро баста натонум, маълимҷон,
Агар сангум занан тамоми мактаб, маълимҷон,
Хуба аз ганда фарқ карда натонум, маълимҷон,
Ба ҳоли ман ханда накун,
Худта ба ман ганда накун.
Вазир шудай тағои ман,
Ба ҳама дард давои ман…
Ин суруд садо доду толорро мавҷи кафкӯбиҳо фаро гирифт. Ҳакамон бо як овоз бандаро сазовори ҷойи аввал донистанд. Як телевизори калон туҳфа гирифта будам.

-Ҳаҷвнигор ҳам ҳастам гӯед?!
-Бале! Аз кӯдакӣ бисёр бачаи шух будам ва ҳамеша саҳначаҳои ҳаҷвӣ бозӣ карда, ҳамсолонамро механдондам.

-Таманнои онро дорем, ки ханда ҳеҷ гоҳ аз лабонатон дур нагардад ва ҳамеша азизи дили мардум бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply