Чилахон Холов: «Ганҷина» давлатӣ шавад, сарояндагӣ танзим

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 

Ҳунарпеши шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов 60-сола шуд. Ин сарояндаи шинохтаю маҳбубро бо санаи мубораки умраш  табрик намуда, бо ӯ суҳбати фишурдае оростем, ки онро манзури хонандагон ва ҳаводорони овози марғуладори ӯ менамоем.

-Саволи аввалин маъмулӣ мешавад. Соли 2017 дар умри бобаракати Чилахон бо кадом рӯйдодаш дар хотир мемонад?

-Суруди навамро дар ситоиши Тоҷикистон  эҷод намудам, ки илҳомбахшаш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гардид. Ҷаноби Олӣ дар маросими оғози бунёди сарбанди НБО-и «Роғун»   паси чанбараки булдозер  нишаста, дар бастани пеши маҷрои Вахш саҳм гузошт. Матлаи суруд ин аст:

Ватан аз файзи Роғун гардад обод,

Ба азми Пешво марди Худодод,

Бароят, эй Ватан, сохтем Роғун…

Баъд корномаи варзишгари ҷавон Беҳрӯзи Хоҷазода, ки пас аз 42 сол дастоварди Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро дар шаҳри Сочии Русия такрор кард.

-Ҳамчун мутахассис дар олами  сарояндагии кишвар, пеш аз ҳама, дар «Соли ҷавонон», кадом падидаи ҷавону умедбахшро барои худ кашф кардед?

-Ҳар як ҳунарманд аз ободонию шукуфоии Ватанамон – Тоҷикистон, ки сабаби пешравии эҷодиёташ мегардад, илҳом мегирад. Ман ҳунармандеро сарфи назар аз синну сол ва таҷрибааш эҳтиром менамоям, ки истеъдоди Худодод дорад. Аз ҳисоби ҷавонон як –ду нафарро мушоҳида намуда, ҳунарнамоӣ ва эҷодиёташонро мудом мушоҳид мекунам. Масалан, Муслима Қодирова соҳиби овози хеле дилнишину гӯшнавози фалаксаройӣ мебошад. Ҳис мекунед, ки дилбохтаи воқеии ҳунари овозхонист. Ин ҷавонзан ояндаи хуб дорад, ба шарте ки муносибаташро бо  фалаксароӣ тағйир надиҳад. Шунидам, ки Муслима мехоҳад дар жанри эстрада низ маҳораташро бисанҷад. Ба фикрам, агар вай ба ин кор даст занад, иштибоҳ мекунад.

Аз ҷавонҳо истеъдоди хуб насиби Хайриддин Шарифзод гардидааст. Агар ӯ дар интихоби сурудҳои баландмазмун   муваффақ шавад, бурд мекунад. Алҳол фақат овози хуш дорад, ки ин кам аст. Унсурмаолии Кайковус дар насиҳат ба фарзанд дар «Қобуснома»-аш, аз ҷумла гуфтааст: «Ба ҳар шодии зудомада  шод нашаву ба ҳар андуҳи зудомада ғамгин машав, ки феъли кӯдакон аст».

Иззатписанди халқ ба пастӣ намерасад,

Бо ҳар кӣ дар замона бувад, некхоҳ шав.

–Вобаста ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба танзими фаъолияти ҳунармандон назари хешро баён кардаед. Онро ҳампешагонатон чӣ тавр пазируфтаанд?

—  Баъзеҳо хуш пазируфтанду дигарҳо рӯй турш карданд Вақте ба қонуни танзим  маъракаи таклифу пешниҳодҳои мардум ҷараён  дошт, ман пешниҳод кардам, ки нисбат ба тарзи  овозхонии ҳунармандон дар чорабиниҳои расмӣ ва тӯйҳои мардум  низ танзим муқаррар гардад. Дар назар дорам бо фонограмма овозхонӣ кардани аксар сарояндаҳоро, ки аз фиреби мардум беш нест. Баъзе овозхонҳо бо ҳамин роҳ чандин тӯйҳоро гӯё обод месозанд. Аммо раваду неруи барқ  қатъ гардад ё диски фонограмма аз кор монад, лол мешаванд. Дар як чорабинии ҳукуматӣ шоҳиди бевосита будам. Дар қисми фарҳангӣ  сарояндаи шинохтае бошавқ месароид, ки Ҷаноби Олӣ ба саҳна баромада, микрофонро аз дасти   сароянда гирифта, ба ҳозирин рӯ овард. Вале, ҳини суханронии Пешвои миллат ӯ ҳамоно «месароид». «Мо гумон доштем, шумо зинда сароида истодаед, фонограмма будааст-ку. Халқа  фиреб медиҳед, маро ҳам фиреб медиҳед?! — гуфтанд Сарвари  давлат ва сипас афзуданд: — Давлатманд, ин ҷо бароед!»

— Пас аз тахриби Кохи Ҷомӣ, ки шумо директораш будед, ба ҷуз аз эҷоди сурудҳои нав ба чӣ кор машғулед?

-Дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ муаллими калони дастаҳои ҳунариро бар дӯшам гузоштанд. Аммо пайваста эҷод мекунам, дар ҷустуҷӯйи сурудҳои нави фолклорӣ буда, ба ашъори классикон оҳанг мебандаму манзури мардум менамоям.

— Шумо дар ансамбли этнографии «Ганҷина» соҳибшуҳрат гардидед. Аммо зиёда аз 10 сол мешавад, ки тарки ин ансамблро кардаед. Сабабҳои таназзули «Ганҷина» маълуманд: Устод Зафар Нозим даргузашт (равонаш шод бод!). Ҳунармандони варзида амсоли шумо тарки он кардед. «Ганҷина»-и имрӯза дар Филармонияи давлатии  Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  ба ном фаъолият дорад. Оё шумо андешаи ба он баргаштану эҳё кардани ин дастаро надоред?

 — «Ганҷина»-ро, ба фикри ман, то мақоми ансамбли давлатӣ надиҳанд, ба таври дилхоҳ эҳё карда намешавад. Дар ин боб борҳо пешниҳод намуда, аз ҷумла гуфта будам, ки ба он номи устод Зафар Нозимро гузоранд, суратҳисоби  алоҳидаашро кушоянд, ман омодаам  шуҳрати пешинаи «Ганҷина»-ро барқарор намоям. Фаромӯш намудаанд, ки «Ганҷина» фолклори Тоҷикистонро дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бомуваффақият муррифӣ намудааст. «Ганҷина»  фолклори тамоми манотиқи кишварро омӯхта, ба репертуараш дохил карда буд. «Ганҷина»-и эҳёгардида метавонад беҳтарин муаррифгари эҷодиёти халқ дар соли 2018, ки онро Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудаанд, бошад.

Мусоҳиб:

 Эмом Алӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply