Чаро Зулайхо ҷарроҳии пластикӣ кард?

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Таи як моҳи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо атрофи ҷарроҳии пластикӣ кардани Зулайхо ҷомеаи интерентиро такон дод. Дар баробари ин, хонандагони  ҳафтаномаи Оила низ ба идора занг зада  мегӯянд, ки рост аст, ки Зулайхо аз биниаш норозӣ будаасту онро дигар кардааст. Ба монанди ин саволҳои зиёд ирсол гардид, ки дар ин маврид дар як сабти видеоиаш чунин гуфтааст:

Вақте суратҳои худро дар саҳифаҳои иҷтимоиам мегузоштам, поёни он мухлисонам зиёд менавиштанд ва наметавонистам, ки ҳар яки онро фаҳмонам, ки ман ин корро ба чи хотир кардам. Як чанд сол пеш ҳис кардам, ки нафаскашиам мушкилӣ дорад. Чун сароянда ҳастам аз ин хотир бояд нафаскашиам озод бошад. Тасмим гирифтам, ки ин мушкилиамро ҳал намоям. Пас аз ҷарроҳи чунин ҳиссиётеро дарк кардам, ки гӯё нав таваллуд шуда бошам.

Зимни суҳбат қайд кардааст, ки пеш аз ҷарроҳӣ духтурон гуфтанд, ки шакли биниат дигар мешавад. Дар аввал розӣ нашудам, чунки мухлисонам маро чунин мешиносанд, вале илоҷ надоштаму розӣ шудам. Тақрибан 4 моҳ пеш ҷарроҳиро дар шаҳри Маскав гузаронида буданд. Баъд аз ҷарроҳӣ зиёда аз ду ҳафта бароям мушкил буд. Вақте чеҳрамро мекушоданд,  ба атрофиён гуфтам, ки росташро гӯед хушрӯ шудам? (механдад) Онҳо тавсиф мекарданд, ки хеле хушрӯ шудаӣ. Ҳамонҷо гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба чеҳраам тағйирот ворид нахоҳам кард. Баъд аз ҷарроҳи дар зери аксҳоям бисёр менавиштанд, ки Зулайхои пештара хушрӯ буд, лекин мақсади ман зебогӣ нею саломатӣ буд.  Маро дар ин сафар хоҳарам ва чанд аз дӯстонам ҳамраҳӣ мекарданд, гуфт Зулайхо.


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ман аз як ракосае, ки хамеша бо Зулайхо будааст шунидам, ки у хамеша аз бинияш барои бисер калон буданаш норози будааст, барои хамин онро чаррохии плостики карда майда кардааст. Аммо чаррохии хуб нагузаштаву пайваста дар табобат мебошад. Аз ин кораш гуе пушаймон будааст вале акнун дер шудааст. Хар мох ба Москва мераванд ва пайи табобат мебошад. Худо шифо дихад, лекин чизи суньи хамин хел аст, пайваста азоб медихад. Майкл Чексон низ баьди чаррохии плостики доимо азоб мекашид.

  • Дар бораи лабонаш барои чӣ саволҳо нест?
    Лабонаш ҳам дигар буду дигар шуд…

  • Да и рамазони бузург гапи яккаси дигара гуфтан шарт несту, неке мести фикр мекни девона мешай, якхелш рушона сиях мекнан, ай давлатои аврупо ёд гирифтиян , и Чита лаву бини шид, тоба якхеш ай хадахагиша хдша чазир кардай, мрен ба хами рузтон , бо хтона мусалмон мегирен,и кор да занои точики хдмон мода шидай, ай бинию лабошона не хамачошона мекнан, уболайе, Худо бген, азоби охирата надорен, хозирам вакт хаст ки тоба кнен.

  • Чаро аксхои Зулайхои пеш аз чаррохи ва баъдиро нагузоштед, то мукоиса кунем

Leave a Reply