Чаро туйи актиёри машҳурии турк вайрон шуд?

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Яке  аз ҷавонтарин ва ҷаззобтарин ҳунармандони синамои турк Берк Атан 26 -уми сентябри соли 1991 дар шаҳри Измири Туркия  ба дунё омадааст. Ҳунарманд дар суҳбат бо журналистон даврони кӯдакию наврасиашро ба ёд оварда гуфтааст:

«Оилаи мо хеле калон буд. Падарам, модарам, амаку аммаҳоям бо ҳамсару фарзандонашон, мо ҳама дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекардем, вале дар ёд надорам, ки ягон бор гапамон гурехта қаҳрӣ шуда бошем.»

Берки шӯху бебок бо амакбачаву амакдухтаронашон рӯзи дароз даву тоз карда, ҳавлиро бо ҳаю ҳуяшон ба сар мебардоштанд, вале касе аз калонсоон онҳоро маломат ё ҷанг намекард, касе шалоқ намезад. Ҳунарманд кӯдакии худро бо кӯдакии насли имрӯз муқоиса карда мегӯяд: «Бозии озодона бо ҳамсолон имрӯз қариб дастнорас шудааст ва тифлакони бечора аз ин ҳаловат маҳруманд. Дар замони мо чунин набуд. Ман вақти зиёди хешро дар кӯча гузаронда, бо ҳамсолонам рӯзи дароз шӯхию бозӣ мекардам. Гумон мекунам, ки маҳорати актёрӣ аз ҳамон вақт, аниқтараш аз бозиҳои кӯдакона дар ман пайдо шуд..»

«Марди сол»- роҳ ба сӯйи шуҳрат

Пас аз хатми мактаби миёна Берк ба Донишкадаи санъат дохил шуда, нозукиҳои касби актёриро омӯхт, вале мурғи шуҳрат хеле пештар аз ин ба сари ин ҷавони зебо нишаста буд. Берк аз айёми наврасӣ ба олами мӯд пайваста, тез-тез дар озмунҳои зебоӣ ширкат меварзид. Дар яке аз чунин озмунҳо ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар тамоми рақибонашро мағлуб намуда, унвони «Зеботарин марди сол»-ро соҳиб шуд ва ҳамин ғолибият боис гашт, ки Берк Атан ба ситораи №1-и телевизион табдил ёбад.

                                

Аз мӯд ба синамо

Коргардонҳои синамо чеҳраи зебои ин модели ҷавонро тариқи телевизион дида, барои санҷиш Беркро ба силсилафилми навашон «Духтарони Гюнеш» (Дочери Гюнеша) таклиф намуданд. Дар ин филм Берк бо ҳунармандони машҳур Толга Саритиш ва Эмре Кинай нақш бозида, аз онҳо бисёр нозикиҳои синаморо омӯхт.  Малакаи дар ин филм ба даст овардааш кор дод ва дар филми «Тоқат кун, дили ман» (Терпи, моё сердце) Берк нақшашро чунон табиӣ ва риққатовар бозид, ки тамошобинонро ба гиря овард. Қаҳрамони офаридаи Берк-Атиф Шаналрон ҷавони 20- солаи хушсимо ва сарватмандест, ки бачаи хурдсолеро пахш мекунад. Волидайнаш дар талоши наҷоти фарзанд ин бойбачаи нозпарвардро ба хориҷи мамлакат мефиристанд, то он ҳодисаи нохушро фаромӯш кунад, вале азоби виҷдон Атифро дар он ҷо низ ором намегузорад. Бозии тақдирро бинед, ки пас аз бозгаш ба Ватан Атиф ба Серай, хоҳари калонии ҳамон писарак ошиқ мешавад ва азоби виҷдонаш боз ҳам зиёдтар мегардад…

                            

Маҷрои зиндагӣ

Овони наврасӣ Берк орзуи футболист шудан дошт, аммо тақдир ӯро ба дигар  роҳ бурд. Ин ҷавони хушсалиқа дар синамо нақшҳои бисёре бозида бошад ҳам, мегӯяд зиндагӣ бозиҳои худро дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки ягон рӯз ӯ киноро тарк гуфта ба ягон кори дигар гузарад. Берк ситораи синамо гашта бошад ҳам, то ҳол ба варзиш шавқу рағбати зиёде дорад ва вақти холигиашро асосан ба машғулиятҳои варзишӣ мебахшад. Ба гуфти худи ҳунарманд варзиш на танҳо барои солиму зебо нигоҳ доштани ҷисм кӯмак мерасонад, балки ба кас нерӯи тоза низ мебахшад. Нерӯи тоза бошад, як чузъи асосии кори актёр аст.

            

Бӯса тӯйро вайрон кард

Паричеҳраҳои зиёде дар ҳаваси ин ҷавони хушқавораи қавиҳайкал ҳастанд, вале Берк дигар ба ишқу муҳаббат боварӣ надорад, зеро як бор шатта хӯрда, ба қавле моргазида шудааст. Чанд сол пеш вай бо мененҷераш Симне Бирбян муносибатҳои ошиқона дошт  ва ба тӯяшон ҳамагӣ чанд рӯз боқӣ монда буд, аммо як ҳодисаи ночиз боиси вайрон шудани тӯй гашта, дар дили ин ҷавони ҳунарманд доғи ношустанӣ гузошт. Сабаби низоъ ва ҷудо шудани Берк аз арӯсаш як бӯсаи саҳнавӣ гашт. Берк аз рӯйи сенария ҳунарпешаи зебоеро, ки дар филм нақши маъшуқаи ӯро бозӣ мекард, бӯса кард. Журналистон аз пашша фил сохта, аз арӯси вай Симне, ки ҳангоми банаворгирии филм ҳузур дошт, пурсиданд, ки оё ӯро ҳисси рашк фаро нагирифт. Симне, ки бе ҳамин ҳам бо дидани бӯсобӯсии Берк бо зани дигар аз рашк дарун ба дарун оташ гирифта буд, бо шунидани ин савол якбора таркид ва «Дидӣ, ман ба ту гуфта будам,ки ҳамин хел мешавад!» гӯён, бо чашмони пуроб дав-давон аз Берк ва анбуҳи журналистон дур шуд. Дар ҳузури ин қадар хабарнигорон аз паси духтар давиданро ба худ эб надида, Берк рӯзи дигар ба арӯсаш занг зад, то фаҳмонад, ки он бӯса  бӯсаи саҳнавӣ буд ва байни ваю актрисае, ки нақши маъшуқаашро мебозад, ягон чиз нест, вале Симне ӯро ҳатто шунидан нахоста, бо тамоми овоз дод зад, ки онҳоро дигар ягон чиз бо ҳам намепайвандад ва беҳтар мешавад, агар номи ӯро абадан аз дафтари хаёлаш хат занад. Ҳамин тавр қиссаи ишқи онҳо ба охир расада, дили Берк аз тамоми духтарҳо ях барин хунук шуд…

                    

Берк Бурҷуро ба занӣ мегирад?

Вақтҳои охир дар байни мардум овозаҳое паҳн шуданд, ки гуё байни Берк ва Бурджу Озберк, хонуми ҳунарпешае, ки дар  силсилафилми «Духтарони Гюнеш» бо ҳам нақш офарида буданд, муносибатҳои ошиқона ҷараён дорад, вале Берк дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст:

               

-Ин овозаҳо ягон асос надоранд, ману Бурҷу бо ҳам танҳо дӯстони сомимӣ ҳастем, аз ин беш чизе нест. Ишқу муҳаббат чизи хуб аст, вале ман ҳоло наметавонам ошиқ шавам, чунки захми дилам ҳанӯз шифо наёфтааст, бар замми ин, нақшаҳои ҳунариаам хеле зиёданд…»

Дар бораи нақшаҳои ояндааш Берк ягон маълумоти дақиқе надодааст, вале мо аминем, ки ин ҷавони ҳунарманд боз садҳо образҳои хотирмон офарида дар дили тамоми ошиқони синамо маъво мегирад.

Шаҳло Ниёзова


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Чаро туйи актиёри машҳурии турк вайрон шуд?

  • Барости ин актиёр ба ман хеле махкул аст дар филми дилам тоб овар Хеле хуб. Дар рол бозидааст

Leave a Reply