Чаро Достиева худро кушт?

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Прокуратураи  шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расид. Як манбаъ аз прокуратураи Кӯлоб гуфтааст, ки сабаби марги Сайрамбӣ Достиева таҳқиқ мешавад.Ҳанӯз маълум нест, ки ин зан чаро сирко нӯшидааст. “Ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодиса худкушӣ ҳаст, вале сабабҳои даст задани ин зан ба ин амал ҳанӯз пурра дақиқ нашудааст”, — гуфтааст ӯ. Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки зан дар ҳолати вазнин ба беморхона ворид шуд ва узвҳои ҳозимааш аз заҳри сирко сахт осеб дида буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply