Чӣ боиси марги духтари Сайрам Исоева шуд?

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи дуюм аст, ки (9-10-юми январ)  ба бозбинии парвандаи таҳқиқи марги  Саодат Саломова, ҳунарманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд шурӯъ кардааст.  Тибқи таҳқиқоти додситонӣ, табибон барои иштибоҳ дар  ташхис ва табобати Саломова, ки  марги ин ҳунарпешаро дар пай дошт, гумонбар мешаванд.

Аслан Саодат Саломова, ҳунарманди ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарманди  шинохта – Сайрам Исоева  10 моҳ пеш, яъне  1 апрели соли 2017 баъди  2 моҳи табобат дар хонааш ва бемористон дар синни 50 солагӣ дар Маркази пешгирӣ аз бемориҳои сили вилояти Суғд аз хунравии мағзи сар даргузашта буд… 

Ин мавзӯъ то ҳол баҳсҳои зиёдро дар пай дорад ва баробари пайдо шудани маълумоти наву ҷолиб пешкаши хонандагон хоҳем кард.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                     Фарзона Муродӣ 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply