Бурак Дениз духтаронро бадбахт мекунад

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Бурак Дениз

Санаи таваллуд: 20-уми октябри соли 1989

Ҷойи таваллуд: Истамбул, Туркия

Касб: Актёр

Қад: 1, 82

                

                                               Сағераи хушбахт

Бурак Дениз дар силсилафили “Муҳаббат забон надорад” нақши Мурод, ҷавони сарватманди туркро бозида, дар кишвари мо азизи дили мухлисони синамо гашт, вале ин ҷавони зебо дар ватанаш Туркия хеле пештар аз ин ҳамчун ҳунарманди боистеъдод ва тоҷири муваффақ шуҳрат дошт. Бурак 20-уми октябри соли 1989 дар шаҳри Истамбул дар оилаи корманди нозири барқ ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан волидонаш аз ҳам ҷудо мешаванд ва Бураки хурдсол ҳамроҳи модараш ба хонаи бобояш омада, дар тарбияи модаркалонаш ба воя мерасад. Вай аз кӯдакӣ ошиқи кино буд ва ҳамеша филмҳои боевикиро тамошо карда, хаёлан  гоҳ худро Брюс -Лию гоҳи дигар Чакноресу Рембо тасаввур мекард.

Маҳз ҳамин орзуи кӯдакӣ Буракро ба он водор менамуд, ки худро дар тамоми кастингҳо номнавис карда, бахташро санҷад. Дар яке аз чунин кастингҳо Гёкче Дорук Эртен ба Бурак таваҷҷуҳ намуд. Ошноӣ бо ин марди ҳунар роҳи Буракро ба синамо кушод…

                   

                          Роҳ ба сӯи муваффақият

Карераи актёрии Бурак аз силсилафилми «Зиндагӣ дар коллеҷ» оғоз ёфтааст. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавони ҳунарманд дар чанд филм, аз ҷумла дар силсилафилмҳои “Султон” ва  “Гуреза” нақшҳои ҷаззобу таъсирбахш офарид, на танҳо ҳамбозиҳояш, ҳунармандони машҳури турк Гёркан Уйгун, Берк Хакман, Бегюм Биргёрен, Ягмур Танрисевсинро қоил кард, балки дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Шуҳрати Бурак Дениз пас аз офаридани нақши Ораз дар силсилафилми “Туғён” ба авҷи аъло расида, номаш вирди забони хурду калон гашт. Акнун машҳуртарин коргардонҳои турк аз паси Бурак медавиданд, то бар ивази гонорари калон бошад ҳам, ин ҷавони зебову машҳурро ба ҳамкорӣ розӣ кунонанд, зеро хуб медонистанд, ки бо пайдо шудани чеҳраи гарми ин ҷавон дар экран ҳазорон-ҳазор ошиқони ҳунараш обу адо хоҳанд гашт…

 

                                        Ишқи бойбача

Бурак Дениз акнун ситораи синамо гашта буд ва ҳатто бар ивази пули калон низ на бо ҳар коргардон шартнома мебаст. Вай танҳо дар он филмҳое нақш бозиданро ба зимма мегирифт, ки ба муваффақ шуданаш бовар дошт. Тобистони соли гузашта Бурак дар филми «Любов не понимает слов», нақшофариро сар карда, дар муддати кӯтоҳ ба дили тамошобин роҳ ёфт. Филми мазкур яке аз сертамошотарин филмҳои рӯи олам эътироф гаштааст. Дар он Бурак нақши ҷавони миллионер Муродро мебозад, ки ба як духтари бероҳаи шабгард ошиқи зор аст. Нақши маҳбубаи Муродро дар ин филм актрисаи машҳури турк Ханда Эрчал бозидааст. Духтарак бо нияти дили ҷавонро ёфтан дар сари роҳи ӯ дом мепартояд, вале худ ба доми ишқи Мурод гирифтор шуда, бо қудрати ишқ аз як духтари шабгард ва бешарму ҳаё ба бонуи дилсӯзу ғамхору раҳмдиле табдил меёбад. Мурод дар рафти банаворгирии ин силсилафилм ба мушкилиҳои зиёд дучор омада бошад ҳам, заҳматҳояш барабас нарафтанд ва ин филм шуҳрати ӯро ҳамчун актёр дар саросари олам даҳчанд гардонд…

                           

                                    Домоди бахтсӯз

Бурак Дениз дар Туркия домоди серхаридор ба шумор меравад. Ҳазорон-ҳазор зебосанамҳо дар оташи ишқи ин ҷавони зебою ҳунарманд сӯхта, обу адо мешаванд, ғофил аз он ки ин шоҳзодаи орзуҳо як одати бисёр бад дорад-ҳамин ки аз маъшуқааш ҷудо шуд, дарҳол дар бораи ӯ ягон туҳмати гӯшношунид бофта, обрӯи духтарро дар байни мардум мерезонад. Бурак хиёнатро бахшида наметавонад, вақте касе ишқи ӯро пушти по мезанад, вой бар ҳолаш! Бурак аз одами хиёнаткор бераҳмона қасос гирифта, мисли каждум ба ӯ неши ҷонсӯз мезанад. Касоне, ки ӯро хуб мешиносанд, кӯшиш мекунанд, ки худро аз ин марди машҳур, вале мағруру бераҳм дур бигиранд, чунки то ин дам Бурак бо туҳмат тӯйи арӯсии се духтари дӯстдоштаашро, ки бо сабаби рост наомадани ситораҳояшон аз баҳри ӯ гузашта буданд, вайрон карда, ин духтарҳои бечораро бадбахт ва дар байни мардум  шармандаю шармсор гардонидааст.

                           Бурак зан мегирад, вале…

Айни ҳол Бурак бо Бушра Девалӣ муносибати ошиқона дорад. Вохӯрии онҳо дар майдончаи наворгирии силсилафилми «Маленькие милие обманщицы» ба вуқӯъ пайваста буд. Ин ҷавони духтарбоз бо суханҳои ширин дили зебосанами ҳунармандро ба даст оварда, ӯро ба худ моил сохт. Онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд, вале баъзан якравӣ ва рашки беҳудаи Бурак ҷони духтарро ба лабаш меорад. Бушра чанд бор хост аз баҳри ишқу муҳаббати ин Маҷнуни бадрашк гузарад, вале аз тарси он ки Бурак ӯро низ мисли собиқ маҳбубаҳояш дар байни мардум шарманда месозад, аз райъаш гашт.

Ин ду ҳунарманди машҳур рӯзҳои наздик фотиҳатӯй доранд ва шояд то охири сол тӯй арӯсию домодиашон барпо гардад, вале ин никоҳ то куҷо пойдор мемонад, инро танҳо худо медонад.

Чанд маълумоти аҷиб дар бораи ҳунарманд

 

Бурак Дениз офаридани нақшҳои манфиро дӯст медорад. Шавқу завқи авбошӣ дар ӯ ҳанӯз замони хурдсолӣ пайдо шуда буд. Вай аз давраи кӯдакиаш бозиҳои компютериро дӯст медошт ва танҳо ҳамон бозиҳоеро интихоб мекард, ки парон-парон ва одамкушӣ доранд. Одатан одамони ба авбошӣ майл дошта ранги сурхро дӯст медоранд, вале ба Бурак ранги сабз бештар писанд аст. Таомҳои дӯстдоштааш гӯштбирён, долма, макаронпалов аст, умуман хӯроки бомазаро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Дар вақтҳои холигиаш мусиқӣ ва сурудҳои хориҷиро гӯш мекунад. Бо ягон намудаи варзиш машғул нест, як вақтҳо чавгонбозӣ мекард, вале ҳамонро ҳам партофт…

Нақшҳои офаридааш

Онур дар филми “Зиндагӣ дар коллеҷ” (2011)

Тариқ дар филми “Султон” (2012)

Бурак дар филми “Гуеза” (2013-2014)

Ораз дар филми “Туғён” (2015)

Топрак “Фиребгарҳои хурдакаки дилкаш” (2015)

Мурод дар филми “Шоҳбонуи шаб” (2016)

Мурод дар филми “Муҳаббат суханро намефаҳмад” (2016)

Омодасоз: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply