Боздошти муфаттишони порахӯр

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов – ду муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми гирифтани 8 ҳазор сомонӣ пора дар ивази қатъи як парвандаи ҷиноятӣ дастгир шудаанд.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр ҷузъиёти боздошти ду муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониро нашр кард.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Агентӣ, муфаттишони шӯъбаи милисаи Ҳамадонӣ Розиқов Абдусамад Файзуллоевич ва Маҷидов Шерхон Шодиевич «бо маслиҳати пешакӣ аз шаҳрванд «А» барои нисбати охирон қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 8000 сомонӣ талаб намудаанд. Аз ин амали нопоки Розиқов Абдусамад ва Маҷидов Шерхон Шодиевич кормандони шуъбаи Раёсати Агентӣ дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дарҳол огоҳ гардида, баҳри дастгир намудани онҳо чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ гузаронида, дар натиҷа санаи 28 октябри соли 2017 тақрибан соатҳои 10:30 муфаттиши Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ Розиқов Абдусамад зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи 5000 сомонӣ аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.

Ба зидди Абдусамад Розиқов ва ҳаммаслаки ҷиноятиаш Шерхон Маҷидов бар асоси қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply