Боздошти донишҷӯйи тоҷик дар Белорус

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Хадамоти марзбонии Белорус аз боздошти як донишҷӯйи 23-солаи тоҷик бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия таҳсил мекардааст, 13 май дар роҳи Волковск ба Берестов дастгир шудааст. Ӯ қасд дошт, ки ба Лаҳистон бигузарад. Манбаъ гуфтааст, боздоштшуда худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Ӯ аснои бозпурсӣ гуфтааст, тавассути убури марзи Белоруссия ва Лаҳистон мехост барои беҳтар намудани сатҳи зиндагиаш ба Олмон биравад: “Бо худ либос, смартфон, корти бонкӣ ва ҳамчунин билети донишҷӯйии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русияро дошт, ки муҳлати он то моҳи июни 2018 аст”. Хадамоти марзбонии Белорус мегӯяд, дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, нисбати ӯ бо моддаҳои 23.29 (убури ғайриқонунии марз), 23.30 (нақзи қоидаҳои марзӣ) ва 23.55 (нақзи қавонини будубош) парванда оғоз шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply