Боз як садамаи пурқурбонӣ…

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бар асари бархӯрди мошини КамАЗ бо як микроавтобуси «Тангем” дар ҳудуди ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар 5 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, бо шумули як ноболиғ ҷароҳат бардоштанд.

Ин садамаи марговар соати тақрибан нӯҳи субҳи 11 ноябр дар ҳудуди ҷамоати Бохтариён рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, мошини КамАЗ ба самти муқобили роҳ баромада, ба микроавтобуси «Тангем” бархӯрд. Ин микроавтобус аз шӯъбаи чоруми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар ба самти бозори шаҳри Қӯрғонтеппа мерафт.

Дар натиҷаи садама 5 нафар аз мусофирони «Тангем” ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, аз ҷумла як ноболиғро ба бемористони Қараболои шаҳри Қӯрғонтеппа бурданд. Аз байни захмиён то ин соат танҳо як нафареро, ки дасташ шикаста буд, аз бемористон баъди гаҷ бастан ба дасти шикастааш ҷавоб додаанд.

Қурбониёни ин садамаи марговар ҳама сокинони шӯъбаи чоруми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар буда, ба хотири хариди рӯзгор ба бозори Қӯрғонтеппа мерафтанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply