Боз Тоҷике зани русашро кушт

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Як шаҳрванди 62-солаи Тоҷикистон дар маҳаллаи Крутие Ключи дар шимоли Самара ҳамсари руси 37-солаашро аз ғояти рашк буғӣ карда, куштааст. Отеллои тоҷик қатли ҳамсарашро ба гардан гирифта, гуфтааст, ки завҷаи аз ӯ хеле ҷавон ҳамеша барои рашк баҳона медод.

Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки пулиси Самара як шаҳрванди 62-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштори ҳамсари 37-солааш дастгир кардааст. Ҷасади ин ҳанро рӯзи 26 август аз манзилаш дар маҳаллаи Крутие Ключи дар шимоли шаҳри Самара пайдо кардаанд. Ташхиси тиббиву додгоҳӣ нишон дод, ки занро буғӣ кардаанд.

Пулис гуфт, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки нақши Отеллоро дар ин фоҷиа шавҳари солхӯрдаи ин зан бозӣ кардааст. Баъди боздошт шаҳрванди тоҷик куштани ҳамсарашро эътироф карда гуфтааст, ки завҷааш нисбат ба вай хеле ҷавон буд ва пайваста барои рашк баҳона медод.

Ҳамсояҳои ин оила гуфтааанд, ки ин ҷуфт ҳамеша бо якдигар харшаха мекарданд ва шавҳар гӯё чанд дафъаи дигар низ занашро таҳдид кардааст, ки ӯро билохира мекушад. Нашрияҳои вилояти Самара менависанд, ки ин мард бо ҳамсари русаш никоҳи расмӣ надошт. Ӯ датр Тоҷикистон зану чанд фарзанд ва ҳатто чандин набера доштааст.

Ҳоло ба зидди шаҳрванди 62-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Агар тафтишот ба хулосае биояд, ки куштор дар ҳолати аффект сурат гирифтааст, ба ин муҳоҷири солхӯрда то 3 соли зиндон ё корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Вале агар ин амали ӯ ҳамчун куштори барқасдона таъбир шавад, ҷазояш алакай дастикам 8 соли зиндон хоҳад буд.

Ин бори аввал нест, ки мардони тоҷик дар Русия бо ҷурми ҷиноятҳое, ки аз ғояти рашк содир мекунанд, боздошту маҳкум ба зиндон мешаванд.

Моҳи июл додгоҳи вилояти Кемерови Русия як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми куштори марди ошиқи ҳамсари собиқаш ва бо корд захмӣ кардани ин зан ба 9 соли 7 моҳи зиндон маҳкум кард. Тафтишот мегӯяд, ин мард моҳи ноябри соли 2016 аз равобити ошиқонаи ҳамсари собиқи 30-солааш бо як марди дигари 54-сола хабар ёфта, дар фикри куштани рақибаш шудааст. Ӯ як субҳ роҳи он мардро, ки ҳамсари собиқашро ба кор гусел мекард, поида, ҳардуро дарёб кард ва бо корд ба сари сина ва шуши он мард зарба зад. Дар натиҷаи ин мард дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Ҳамсари собиқи марди тоҷик низ чанд зарбаи корд хӯрд, вале зинда монд.

Раҳгузарон садои доду фарёдро шунида, «Ёрии таъҷилӣ” ва пулисро даъват карданд.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд: «Марди тоҷик аз ҷои ҳодиса фирор накард, балки мунтазири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истод. Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки айбдоршаванда қаблан бо он зан зиндагии муштарак ва як фарзанд доштааст. Чанде қабл аз ин ҳодиса, ӯ бо ҳамсараш оштӣ кардааст ва онҳо ба якдигар занг мезаданд. Дар ҳамин вақт ӯ фаҳмид, ки ин зан алакай бо як марди дигар мулоқот мекунад.”

Ҳамин тавр, соли гузашта дар ҳамин вилояти Кемерово, дар шаҳри Новокузнетск Бахтовар Сафаров, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро барои паррондани корфармои духтари дӯстдоштааш ба севуним соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ гуфт, ин ҷавони тоҷик ба як духтари маҳаллӣ ошиқ шуда, ба сабаби рашк аз вай талаб мекунад, ки кори фурӯшандагиаш дар як дӯкони гулфурӯшии мутааллиқ ба як шаҳрванди Озарбойҷонро бас кунад. Вақте духтар розӣ нашуд, Бахтовар як рӯз ба ҷои кори ӯ омада, бо корфармои озариаш вориди муноқиша шудааст ва ба тарафи вай аз тапончаи навъи «наган” тир кушодааст. Ин тир аз шонаи озарӣ гузашта, дар шушаш дармондааст.
Ҳамчунин дар соли 2016 дар шаҳри Петровски вилояти Саратов як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми бо табар куштани як зани маҳаллии 40-сола дастгир шуд. Пулис гуфт, ҷавони тоҷик аз сари рашк даст ба ҷони маъшуқааш задааст. Ҳамсояҳо гуфтаанд, ки ӯ ва зани кушташуда доимо муноқиша доштанд ва сабаби асосии ин муноқишаҳо рашки муҳоҷири тоҷик ба маъшуқаи русаш будааст.

Ва аммо аз ҳама ҳодисаи мудҳиши марбут ба рашки мардони тоҷик дар Русия рӯзи 6 апрели соли 2015 дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Опочетски вилояти Псков рух дод. Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки дар Петербург кор мекард, ба аёдати духтари дӯстдоштааш ба ин деҳа омада, ӯро дар як мошин бо 5 марди маст дидааст.

Ҷавон аз ғояти рашк аз ин мардон талаб мекунад, ки барои «разбор” берун бароянд. Се нафар аз мошин мебароянд ва якеи онҳо бо бита ва мушт ба ҷавони тоҷик ҳамла мекунад. Ҷавон аз ҷайбаш кордро кашида, ин мардро кушт ва як шарики ӯро захмӣ кард, Марди сеюм чунин сурати ҳолро дида, фирор кард. Ҷавони тоҷик сипас вориди мошин шуда, ронанда ва як мусофири боқимондаашро низ корд задааст.

Додгоҳи ноҳияи Опочетск ин ҷавони тоҷикро барои куштани як нафар ва захмӣ кардани се тани дигар ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ҷомиашиносон мегӯянд, ин мавридҳои зиёди муноқишаҳои хунин дар заминаи рашк бо ширкати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба фарқиятҳои фарҳангиву ахлоқӣ рабт мегирад. Мардони тоҷик, ки дар ҷомиаи муҳофизакор ба воя расидаанд, рафтори, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳад озодонаи ҳамсарони русашонро қабул надоранд ва ин доимо мояи муноқишаҳо байни онҳо мешавад.

Ва аммо дар мавридҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ин муноқишаҳо ба чунин фарҷоми хунин анҷом ёфта, сабаби барои солиён зиндонӣ шудани мардони тоҷик дар он мулки мусофирӣ мешаванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply