Бойбача доманамро сар намедиҳад

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Тӯли 5 сол аст, ки бо як ҷавони соҳибмаълумот ва хушмуомила шиносоӣ дорам. Мо ҳамеша якҷоя будем ва аҳду паймон доштем, ки то нафаси охирин якҷоя мемонем, аммо дар ин миён аз ҷойи дигар ба ман хостгор пайдо шуд. Ошиқам ин хабарро шунида, бо нияти хостгорӣ модарашро ба хонаамон фиристод, вале падарам баҳона пеш овард, ки духтарамон то донишгоҳро хатм карда, дипломашро нагирад, мо ӯро ба шавҳар намедиҳем. Дӯстдоштаам ба умеди он, ки баъди хатми донишгоҳ мо ба васли ҳамдигар мерасем, интизорӣ мекашид. Шабу рӯз занг зада, такрор ба такрор мегуфт, ки мурданро ба гардан мегираду маро ба каси дигар намедиҳад, аммо…

Рӯзе ба донишгоҳ раҳсипор будам, ки мошини зебое дар наздам истод. Ронандаи ҷавон дари пеши мошинро кушода хоҳиш кард, ки шинам. Бе ягон гумони бад ба мошинаш нишастам. Ҳамин тавр мо бо ҳам шинос шудем. Дӯсти навам сарватманд буд ва маро ба тарабхонаҳо бурда, шикамамро сер мекард, бар замми ин, ба дастам як қабза пул медод, то ки камбудиҳоямро буд карда, аз бепулӣ азият накашам. Ошноӣ бо бойбача оҳиста-оҳиста дили маро аз ошиқам хунук кард ва  рақамҳояшро ба рӯйхати сиёҳи телефонам партофтам, то дигар занг зада, маро нороҳат насозад. Ба зангҳояш ҷавоб надоданамро дида, чанд бор ба суроғам омад, вале нописандона даст афшонда дар пеши назари ошиқи кидатшудаам ба мошини ҳамон бойбача нишастам. Фикр мекардам, ки ба ҳамон бойбача ба шавҳар баромада, як умр дар зару зевар ғутта зада, мисли малика зиндагӣ хоҳам кард, вале хаёлам хом баромад. Бойбачаи пулмаст як рӯзе маро ба хонааш ба меҳмонӣ таклиф кад ва зӯран номусамро доғдор намуд. Танҳо баъди кор аз кор гузаштан, вай иқрор шуд, ки зану фарзанд дорад.  Азбаски зиёд дӯст медоштам, розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам. Бойбача ҳафтае ду маротиба маро ба  хонааш мебарад, вале ҳар гоҳ масъалаи никоҳро ба миён гузорам, корро кашола дода мегӯяд: «Камтар тоқат кун,  ман бо ягон баҳона занамро талоқ дода, туро зани қонунӣ карда мегирам…»

Инак, аз байн як сол гузашт, вале то ҳол мо чун ошиқу маъшуқа муносибат дорем. Ҳеҷ нест, ки ошиқи пулмастам занашро талоқ дода, маро ба занӣ бигирад. Азбаски ин минбар минбари ошиқон аст, мехоҳам хонандагони азиз роҳи дурустро ба ман нишон диҳанд.
Нигинаи фиребхӯрда.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

16 комментарий

  • Нигина даҳанатба………….. бадбахт поятро аз зиндагии зани вай бойбаччаи номард берун бикашу зану кудакои вайро хонавайрон накун, ки Худо бадтар аз ин ҳам мезанад!!! кош дастам ба ту мерасид, ки чунон роҳнамоият мекардам ки аз кардаат пушаймон мешудӣ!!! ин не вай не ту як ҷалаб ҳастӣ на як зан! агар инсон бошӣ навиштаҳои маро мунташир кун мудири сайт!

  • Аввалан салом ба тамоми хонандагони ин мактуби ман. Апачони азиз ман хамчун бародарвор туро тасалло доданиям. Дар индунё бандаи бехато нест. Агар фикри маро фахмидан хохи ман чунин маслхат метям. Дар зиндаги бо ин чавони маккор хушбахт шуданат гайричашмдошт аст. Бехтараш аз пайи чустучуи бахти хеш шав ва хангоме, ки чуфти хаётиатро пайдо карди чизе дар зиндагият рух дод росташро бигуй. Агар туро дар хакикатдуст дорад хатман туро дастгири мекунад ва дар рохи гирифтани савоб (руйпуш кардани камбуди ва ё гунохи шахс) мешавад.

  • Касеро бадбахт карда хушбахт намешави. Ишки поки дустписаратро пеши по зади ва дар интизори хонавайрон кардани зани бойбачча хасти.Ту бевафои! Бо ягон марди аз ин бойбачаи гуфтагиат сарватмандтарро вохури, ин бойбача хам «кидат» мешаваду дар курсии пеши мошини у мешини. Вой бар холат, бо ин сари пучи бемагзи чизпарастат!!!

  • ЭЭдухтараки зебо дигар бача нест ки ту писархои ин бойбачаро сагира мекуни дар точикистон дигар бачанестаи ки ту аз дунболи бойбача мегарди ягон безанша биги охи мембри эээ номрота навис махудам як дехонбачаи бойт метм мешава нозанин рози боши номрота навис

  • ээээ мурданат бех бойбачча гуфта мрди т хайвон бачахоша сагера накн бра я муйсафеди 60 солара бги гард ахмак

  • Аз бачаи камбағал монда.
    Аз бачаи бой ронда
    Бар зами ин боз хонаи зани вайро вайрон мекуни вой бар ҳолат нобакор

  • Ма хдм мегирм хамин духтарака чихел адресша ёвем…

  • еее мур беакл ту чихел инсони ха якбор фикр кун чи нависти ту акл медошти ин саргузашти шармандаю нангинатро наменависти аз руи ту барин чиз парасто номи духтаро паст мешавад да ту мардаки 60солаям хайф

  • Маро бубухш апа ё хохар ин кори ту на дар доираи инсони рост меояду на дар доираи хайвони… АЗОБАТА КАШ… Бигзор дуои он чавони мусалмону ошик туро гирад ва як хаёт дар азоби сангини вичдонат бисузи… Манхам ошикаму лек уро на ба хотиру симу зар балки ба хотири инсони хуб ва оянда хамсафари бехтарини хаётиям шуданаш дуст медорам… ХУДОВАНД БУЗУРГ ОМУРЗАНДА ВА ПОК АСТ…

  • ишки аввал боги дил ишки дуюм доги дил . ин гуфтахо дарои ту инка дар мол парвар нашав ишки пока зери по кади бигузор худованд тура хорат кунад

  • мур ту барин пулпарасти бадбахт хонаи бойачара вайрон накун рав пулдоро бисёр кайфу сафо карда гард туда зиндаги даркор мешуд ишки поки у бачара зери пой намекарди

  • Айбай ту бакадомрут хами гапора нависти дари якаса зади дарта мезанан якаса ноумедкади дахаёт ноумед мешай марам ошикм ма якторимуйи дустдоштама ай ухали бойбачахо боло медонм ишки хакики насиби харкас намешава беномус тра худо задак холт ай и бад

Leave a Reply