“Бомба”-и Қобилҷон ва Комилҷони Зариф

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 Худованд ба Қобилҷони Зариф, дар баробари садои мисли овози булбул ширин ва марғуладор диле додааст, ки амсоли уқёнус бузург аст.

Дар ин дили бузург меҳру муҳаббати бепоён нисбати ҳунар, садоқат ба саҳнаи муқаддас ва беҳтарин хислатҳои инсонӣ аз қабили ростқавлию меҳрубонию поквиҷдонию мардонагӣ маъво гирифтааст. Маҳз барои ҳамин хислатҳои беназир ва истеъдоди нодираш мардум Қобилҷонро дӯст медоранд ва дар ҳама ҷо бологузар менамоянд. Дар маҳфиле, ки Қобилҷони Зариф ҳаст, он ҷо ҳеҷ гоҳ ғаму ғусса роҳ намеёбад, зеро ин марди ҳунар бо таронаҳои дилнишин ва ҳазлу шӯхиҳои намакинаш ғамро аз дилу дида мерабояд. Ҳамин аст, ки мухлисонаш ҳамеша ташнаанд, ташнаи садои махмалину суханҳои ширини Қобилҷони Зариф.

                 

Бо хоҳишу дархостҳои сершумори ҳаводорони ҳунараш мо ба ин ҳунарманди асил занг задем, то аз навигариҳои зиндагию эҷодаш бохабар гашта, ҳамзамон бо писараш Комилҷон, ки пайрави падар аст, ҳамсуҳбат шавем. Дар ин шабу рӯзҳо ҳунармандонро дар манзилашон ёфтан амрест маҳол, вале ба бахти мо падару писар сари дастурхон суҳбати ҷолибе доштаанд ва мо ба эшон ҳамроҳ шудем.

Акои Қобилҷон, ҳафтаи гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навори тӯёнаи шумо пайдо шуда, миёни хонандагони сомона ғулғула афканд. Тӯйи киро ин қадар аз таҳти дил тарабобод намудед?

-Тӯйи кӣ буданаш дар ёдам нест, чунки мо, сарояндаҳо шабу рӯз дар хизмати мардум қарор дорем. Имрӯз дар ин ҷо бошем, пагоҳ дар Суғдему рӯзи дигар ё Хатлон ё Ҳисор.  Барои ман фарқ надорад, ки соҳибҷашн вазир аст ё деҳқони хокпош, ваъда, ки додам, албатта базмро аз таҳти дил обод мекунам, то нагӯянд, ки пулро гирифту нағз нахонд. Шукри худо, то имрӯз ягон кас шикоят накардааст.

-Ба фикрам пас аз ин навор кисаҳои Қобилҷон аз доллару евро пур шуданд?

-Аз забонатон гардам! Доллару еврои акоятон мухлисонаш ҳастанд. Кисаҳои ман аз доллар неву аз мухлис пур шуд. (Механдад)

-Аслан бе кӯмаки техника суруд хондан барои сарояндагон бисёр душвор аст ва баъзе ҳофизон ҳатто дар тӯй бо фонограмма месароянд, вале  шуморо дар куҷое, ки надида бошам, ҳамеша зинда мехонед. Сирраш дар чист?

Қурбонатон шавам, истеъдоди худодод аст. Ман аз замоне, ки худамро мешиносам, зинда суруд мехонам ва шукрона мекунам, ки мардум заҳмати бандаро қадр намуда, дар ҳама ҷо маро бологузар мекунанд. Ба кадом тӯй ё консерту чорабинӣ наравам, албатта мухлисон бо чеҳраи кушода, дастҳо пеши бар маро пешвоз мегиранд. Барои ҳунарманд аз ин дида хушбахтии зиёдтар намешавад. Ба қадри ана ҳамин ҳурмату эҳтироми халқ расидан лозим аст, чунки ба гуфти устод Ҷӯрабеки Мурод мо, мардуми санъаткор бе мухлисонамон ҳеҷем.

-Аҳсан устод! На ҳар сароянда ба қадри пазироӣ ва муҳаббати мухлисон мерасад! Акнун бигӯед, ки ба ғайр аз сарояндагӣ боз чӣ ҳунарҳо доред?

-Бисёриҳо ба ман савол медиҳанд, ки дубора ба дунё меомадед, кадом касбро интихоб мекардед. Ҳамеша дар ҷавоб мегӯям, ки сад бор аз нав таваллуд шавам ҳам, боз ҳофиз мешавам. Дигар санъаткорон ба ҷуз ҳунари овозхонияшон боз кам-кам ба тиҷорату савдо машғул мешаванд, вале дар дили ман худованд танҳо меҳри як пешаро ҷой кардаасту халос. Аз пушти ҳамин касб соҳиби ному нон, соҳиби обрӯ ва мухлисони зиёд гаштам, пас, чӣ хел касбамро дӯст надорам?!

-Акои Қобилҷон ин қадар дилбастаи касбатон ҳастед, худо накарда ҳолате шаваду шуморо таги дор баранд, ки аз касбат даст каш, чӣ кор мекунед?

-Аз минбари “Оила” ба кулли мардум ваъда медиҳам, ки то марг аз ин роҳ намегардам.

Ҷонамро қурбон мекунаму аз овозхонӣ даст намекашам!

 -Шунидем, ки дар фасли зимистон Қобилҷони Зариф ош пухта ҷӯраҳояшро ба хонааш ошхӯрӣ даъват мекунад. Мо ҳам ба хонаатон ошхӯрӣ равем…?

-Марҳамат биёед, дари мо ба рӯйи дӯстон ҳамеша кушода аст, вале ошро ман нею янгаатон мепазад.

-Шумо ҳам мисли баъзе ҳамкасбонатон “ман ситораи санъат” гуфта, дастатонро ба оби хунук намезанед?

-Рустамҷон, наход, ки ман ба одами мағруру ҳавобаланд монанд бошам-а?! Гап дар сари он аст, ки ман гречкапаловро хуб пухта метавонам. Бовар накунед, худи ҳамин бегоҳ меҳмони мо шавед, чунон гречкапалови бомаза мепазам, ки лазаташ як умр аз даҳонатон намеравад!

Раҳмат акои Қобилҷон, ин танҳо як шӯхии дӯстона буд, ба хотири он ки ҳунари ошпазӣ доштан ё надоштани шуморо фаҳмем.

-Як рӯз ба телефонам занг омад. Бинам барандаи барномаи “Лаззат” Аслишоҳ. Шуморо ба барнома даъват мекунем гуфт. Рад накарда рафтам. Дасту остинамро барзада, дар рафти барнома аз ину он чақ-чақкунон хӯрок пухтам. Баъди ҳамон барнома чандин мухлисонам ба ман занг зада, тарзи пухтани гречкапаловро пурсиданд.

-Акои Қобилҷон, як чизро аз шумо мепурсам, фақат росташро гӯед!

Қавли мард якто! Пурсед, чӣ сирру асроре, ки набошад, росташро мегӯям.

-Занҳои таннози орзупарваре ҳастанд, ки ҳамин, ки ҳунарманди писандидаашонро вохӯрданд, ба синну сол ва вазъи оилавиаш нигоҳ накарда, зуд изҳори муҳаббат мекунанд. Шумо сарояндаи номдор ҳастед, ягон бор бо чунин хонумҳои танноз рӯ ба рӯ шудаед?

-Худоро шукр якто танноз дорам, бас аст!  Кадом мард ба зани дӯстдоштааш хиёнатро раво мебинад? Модари бачаҳо маро дӯст медорад, ҳурмату эҳтиром мекунад, дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ дар барам аст. Ба ягон хонуми таннози дигар зарурат ва эҳтиёҷ надорам!

Дар айни суҳбатамон гоҳ-гоҳ садои гиряи кӯдак ба гӯшам мерасад. Магар дар хона наберабонед?

Бале Рустамҷон, Умарҷонро рӯи даст гирифта шиштаам. Худо умракаша дароз кунад, бисёр бачаи ширин аст. Барои аҳли оилаи мо соли 2016 соли нек буд, чунки Комилҷон писардор шуда, ману модарашро ба номи бузурги бобою бибӣ мушарраф гардонд.

-Фарзанд бодому набера мағзи бодом мегӯянд. Бо тавлиди набера дар ҳаёти Қобилҷони Зариф чӣ тағйиротҳо ба амал омад?

-Хонаам аз файзу баракат пур шуд! Чашм нарасад, пас аз тавлиди Умарҷон дар манзили мо хурсандӣ болои хурсандӣ аст. Бисёр кӯдаки хушпою қадам аст набераам, аз ҳамин хотир, ману Комилҷон барои Умарҷон бо номи “Алла” як суруди махсус тайёр кардем.

Эй ҷони ман шаҳбачаам,
Армони ман шаҳбачаам.
Як гӯшаи дунёи ман,
Армони ман шаҳбачам.
Аллат мегум аллаё,
Ҷони бобо аллаё…

-Мухлисонатон ташнаи дидор ва садои шумо ҳастанд…

Ман ҳам мухлисони азизамро сахт пазмон шудаам. Ҳамроҳи Комилҷон маслиҳат кардем, ки дар Рӯзи Сарқонун барои ҳаводорони санъати асил як барномаи аҷибу хотирмони консертӣ барпо намоем. Дар ин барнома як суруди нави банда садо медиҳад, ки боварӣ дорам “бомба” мешавад. Ин тарона ба се шоҳсутуни санъати тоҷик, устодон

Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва Ҷӯрабек Мурод бахшида шудааст:

Мароми мо Зафар Нозим, мақомем,

Давоми Одина Ҳошим мақомем.

Суруди Ҷӯрабек дар дил мақом аст.
Пайём аз миллати олимақомем.

-Қабул шудани қонуни танзим дар байни сарояндагон андешаҳои гуногунро ба бор овардааст. Мехостем назари шуморо бидонем.

-Бисёр хуб шуд, ки ҳамин қонун қабул шуд. Пештар мо, санъаткорон шаб то саҳар дар тӯйҳо суруд хонда, чунон хаста мешудем, ки дигар ҳеҷ қуввату мадорамон намемонд. Акнун дар се соат маъракаро ҷамъбаст карда, бемалол ба базми дигар рафта метавонем.

Дар охир таманниёти шумо ба кулли мардуми Тоҷикистон?
Шукри ҳар як пораи нон мекунам,
Шукри хоки Тоҷикистон мекунам.

Тоҷикистон ин дилу ҷони ман аст,
Шукри ҳар як хонаи он мекунам.

 

Комилҷон, кадом хислатҳои падаратон шуморо ба ваҷд меоранд?

Ҳамаи хислатҳои падарҷонам бароям намунаи ибрат ва пайравӣ ҳастанд, алалхусус хоксорию меҳрубониашон. Шукрона мекунам, ки худованд ба ман чунин падару модари меҳрубон додааст.

-Аз рӯи шунидаамон шумо дар ширкати “ВАВИЛОН” кору фаъолият мекунед. Вазифаатон аз чӣ иборат аст?

-Зиёда аз шаш сол мешавад, ки дар ин ширкат кор мекунам. Орзу доштам, ки пас аз хатми донишгоҳ кору фаъолияти худро дар ин ҷо ба роҳ монам ва ба орзуи худ расидам. Вазифаи ҳамаи мо коргарон дар ин корхона хизмат ба муштариён аст.

-Бештари сарояндагон бо ширкатҳои мобилӣ шартнома бастанд. Дар сурати серхаридор шудани суруду таронаҳояшон ҳаққи хизмат мегиранд. Шумо бо ягон ширкати мобилӣ созишнома доред?

-Албатта, бо чандин ширкатҳои мобитонӣ шартнома дорам ва мухлисонам дар зергудоки худ таронаҳои маро истифода мебаранд. Барои ин чӣ қадар маблағ гирифтанамро намегӯям, чунки ин сирри байни ман ва ҳамон ширкатҳост.

-Падаратон гуфтанд, ки дар таҷлили иди Сарқонун консерти ману Комилҷон баргузор мегардад. Бо чанд суруди нав хотири мухлисонатонро шод месозед?

-Бале, бо падарҷонам маслиҳат намудем, ки дар арафаи иди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудҳои нав бо мухлисон рӯ ба рӯ шавем. Кӯшиш мекунем, ки консертро дар сатҳи олӣ гузаронем.

-Мегузарем ба ҳаёти шахсии Комилҷон. Янгаро дӯст дошта гирифтед ё …?

-Мо пас аз 4- 5 соли шиносоӣ оила барпо намудем. Шукри Худо, имрӯз соҳиби фарзанд ва бисёр хушбахтем.

-Ҳамсаратон хонашин  аст ё соҳибмаълумот?

-Соҳибмаълумот. Хатмкардаи Донишгоҳи забонҳо аст, вале ҳоло дар хизмати падару модар ва Умарҷони хурдакак.

-Муҷаррад будан хуб аст, касе ба ту кор намегирад, касе телефонатро намекобад, эътироз намекунад…

-Ман ҳеҷ гоҳ афсӯс намехӯрам, ки чаро оиладор шудам. Аз ҳамсарам розӣ ҳастам. Барои чунин писарчаи зебою ширинакро ба ман туҳфа карданаш аз замин то осмон  миннатдорам.

-Шунидем, ки ба наздики ТРИО месароед. Яктояш худатон, дуюмаш падаратон, сарояндаи сеюм кист?

-Дурахшонтарин ситораи саҳнаи тоҷик аст, ки номашро мухлисонамон дар рӯзи консерт хоҳанд шунид.

-Шумо, ки ҷавон ҳастед, дар соли “Ҷавонон” боз чӣ нақшаҳо доред?  

-Ҳамаи мо ҷавонон бояд шукрона кунем, ки чунин Пешвои Миллат ва Ватани ба ҷону дил баробар дорем. Мо ҷавонон дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд Ватанро сидқан дӯст дорем, аз самими дил меҳнат кунем, илму ҳунар омӯзем ва ба кишвари худ содиқ бошем!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply