Бо ошиқам ба Русия гурезам?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Салом ба ҳамаи онҳое, ки қиссаи талхи мани роҳгумкардаро мехонанд!  
Ман Замира, сокини яке аз ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ буда, ошиқам. Ошиқи зори ҷавоне, ки падару модарам ӯро чашми дидан надоранд.

Волидонам баъди хатми синфи 9 маро аз мактаб гирифтанд. Барои он ки дар хона аз зиққӣ торс накафам, дар кошонаи ҳусн ба кор даромадам. Аввалҳо ҳушу ёдам танҳо ба кор банд буд, вале баъд бо амри тақдир бо писари холаи дугонаам шинос шуда, бо як нигоҳ на танҳо дил, балки ақлу ҳушамро ҳам аз даст додам. Умед аз ман шаш сол калон ва бисёр бачаи меҳрубону ширинзабон аст. Вай ҳамчун марди ҳақиқӣ ҳар саҳар маро пешвоз гирифта, бегоҳ то дари хонаамон оварда мемонд, то ки ҳар касу нокас ба ман гап напартояд. Дар бадали як сол мо чунон ба ҳамдигар одат кардем, ки дигар ҳатто як қатра обро бе якдигар хӯрда наметавонистем, вале падару модарам ба нею нестони ман нигоҳ накарда, маро бо як ҷавони дигар номзад карданд. Ҳамон шабу рӯзе, ки маро фотиҳа карданд, Умед дар Русия буд. Ошиқи бечораам ба хотири пули тӯйро кор кардан ба мулки мардум рафта, мехост бо меҳнати ҳалол зиндагиашро обод намояд, аммо аз набудани ӯ истифода бурда, волидони ман ба сари ишқи мо об рехтанд. Баробари шунидани хабари фотиҳа шудани ман Умед дарҳол чиптаи ҳавопаймо харида ба Ватан баргашт. Ҳамон рӯзи аз Маскав омадани ӯ қудоҳо сару пойи маро оварда буданд ва хона пур аз меҳмон буд, вале пайти муносиб ёфта, оҳиста аз дар баромадаму ба мулоқот шитофтам. Гириста-гириста ҳамаашро ба ошиқам фаҳмондам. Умед хомӯшона маро гӯш карда гуфт, ки агар ишқу муҳаббатам самимӣ бошад, то охир мубориза бурда, ҳамроҳаш ба Русия равам.

Ростӣ, дудила шуда, чӣ кор карданамро намедонам. Ба тақдир тан дода ба домоди ёфтаи падару модарам ба шавҳар бароям, то охири умр ҳушам кашоли Умед мемонад, бо ошиқам гурехта ба Русия равам, волидонам дар назди дӯсту душман сархам ва шарманда мешаванд. Сарҳисоби корамро гум кардаам, намедонам кадом роҳро интихоб намоям.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Замира, хонандаи сомона.


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • Салом.Албатта бо ошикатон бимонед.Ба падару модаратон фахмонед,лекин камтар дер кардаед.Гурез халли масъала нест дар бораи хонаводаатон фикр кунед.Дар ислом омадааст ки духтару бача бояд ба хохиши худашон издивоч кунанд.

  • 17-18 сол фарзандро бо як орзуву ҳавас тарбият мекуниву вақте,ки ба воя мерасад волидайнашро партофта меравад ин чист магар хиёнат бар падару модар нест оё ин кирдорро Аллоҳ таъоло мебахшида бошад

  • Салом ба хама хонандагони азизи! Ман бароят аввалан бахт мехохам. Фикр мекунам хубтар мешуд дустдоштаатон (Умед)-ро бо номзади падару модаратон интихобнамуда ру ба ру мекардед аз наздик хамсухбат мешуданд. Шояд ба хубиву ороми масъала халли дурусти худро меёфт хохарам.

  • мурад хамунхел падар Ки хушбатии фарзандро намехохад гурез

  • Салом хоҳари азиз Замирабону… Иншооллоҳ ҳамааш хуб мешавад. Ба Худо умед банд. Агар тақдири шумову ҳамон дустписартон якҷоягӣ бошад…агар дустдории шумо самимию муҳаббататон пок бошад ба ҳам мерасед..ва хушбахт ҳам мешавед..Албатта ки бо розигии падару модар… Худованд мушкилиро дод роҳи ҳалашро ҳам медиҳад. Бо волидонатон суҳбат кунед..ҳоло ҳам дер нашудааст..барои ишқи худ мубориза баред. Бо ошиқатон гурехта ба Русия рафтан роҳи ҳали кор нест. Фаромуш насозед,ки бе розигии волидон хушбахт шудан номумкин аст..шояд ошикатон бо падари шумо суҳбат кунад,ягон падару модар бадии фарзандашро намехоҳад… Худо кунад ки ғам аз дили шумо берун шавад ва шумо як гуларусаки зебо ба дилдодаатон бирасед. Ба мухлисони сомона давоми коратонро бинависед бисер хуб мешавад..мо интизор

Leave a Reply