Беморони силдоштаро омӯзиш медиҳанд

Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сар аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ таҳти идораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон», Котиботи Эътилофи «Ҳамкории Боздошти сил дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ мо нерӯмандем» ба фаъолият шурӯъ намуда, дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархор байни аъзоёни оилаҳои аз бемории сил осебдида омӯзиши машваратиро ба роҳ мондааcт.

Сафаралӣ Урунбаев, мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорои сомонаи tajikistantimes.tj иттилоъ дод, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирии шахсони гирифори бемории сил, баланд бардоштани  сатҳи маълумотнокии аъзои оилаҳои онҳо ва кӯмак барои аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил  равона шудааст.

Ҷои пӯшид нест, ки табобати бемории сил дарозмуддат буда,  шахси бемор берун аз беморхона дар ғоибии мутахассисони тиббӣ, яъне дар хона табобат мегирад. Аз  ин рӯ, аз аъзои хонавода ҳадди ақал як нафар маҳз барои назорат, нигоҳубин ва дастгирии шахси бемор бояд таъин, маълумотнок ва ӯҳдадор гардад.

Дар  Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил ба таври ройгон сурат гирифта, барои тезтар шифо ёфтан вобастагии зиёд аз худи бемор дорад. Зеро бемории шакли мутобиқгаштаи сил табобати дуру дарозро талаб намуда, шахси беморро водор месозад, ки бетанаффус ва сари вақт  доруҳои зиддислиро истеъмол намояд.

Маҳинаи Давлат


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply