Беларус: Мама-розаи тоҷикро 5 сол доданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Додгоҳи Беларус як зани 20-сола аз Тоҷикистонро бо ҷурми барои танфурӯшӣ ба хориҷ бурдани ду зани маҳаллӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ин зан моҳи апрел дар вокзали роҳи оҳани Гомел вақте дастгир шуд, ки ду занро мехост ба як фоҳишахона ба Петербург барад.

Додгоҳи ноҳияи Сентралнийи шаҳри Гомели Беларус рӯзи 15 июл як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро барои даллагӣ ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Ин ҷавонзани тоҷикистонӣ бар асоси моддаи 14 (омодагӣ ба ҷиноят) ва қисми дуюми моддаи 171 (барои танфурӯшӣ ба хориҷ бурдани занон) гунаҳкор шинохта шуд.

Ин зан, ки исмаш эълон нашудааст, дар миёнаи моҳи апрел дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Гомел аз сӯи маъмурони раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва қочоқи инсон замоне дастгир шуд, ки мехост бо ду зани сокини Гомел, ки яке 25 ва дувумӣ 30 сол доштанд, ба қатори роҳии шаҳри Санкт-Петербурги Русия бинишинад.

Сухангӯи пулиси вилояти Гомел Виталий Пристромов гуфт, тамоми далелҳои шайъӣ ба он ишора мекунанд, ки ин зани тоҷикистонӣ ҳамчун намояндаи як фоҳишахона аз Петербург барои ёфтану бо худ бурдани занони ҷавон ба Беларус омада буд.

Сухангӯи додгоҳи Гомел Олга Барсукова низ қаблан гуфт: «Ин зан дар меҳмонхонаи «Парадиз Отел” дар майдони Привокзалнаяи шаҳри Гомел бо ду духтаре, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд, сӯҳбат карда, ба онҳо кор дар Санкт-Петербургро пешниҳод кардааст ва онҳо розӣ шудаанд.”

Ҳангоми кофтукоб аз сумкаи ин ҷавонзани тоҷикистонӣ шиносномаҳои он ду зани ҷалбшуда ва билетҳои сафарашон ба шаҳри Санкт-Петербургро пайдо кардаанд.

Катерина Родионова, намояндаи расмии раёсати корҳои дохилии вилояти Гомел дар пайи боздошти ин зан гуфта буд, аъзои як шабакаи танфурӯшӣ занону духтаронро аз тариқи Интернет бо ваъдаи пули калон ба танфурӯшӣ ҷалб мекардаанд: «Маълум шуд, ки робита бо ин духтарон тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба роҳ монда шуда буд. Корфармои онҳо пинҳон намекард, ки онҳо дар Петербург ба танфурӯшӣ машғул хоҳанд шуд. Дар мукотибаи байни онҳо шароити кору зиндагӣ дар Петербург ва маоши онҳо низ баррасӣ мешуд.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply