Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Тавре аз Академияи илмҳо ба мо хабар доданд, ки 5 – уми декабри соли 2017 соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 – мин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш дар мавзӯи “Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон” баргузор менамоянд.

Ҳузури дӯстдорони Бедилро гиромӣ медорем.

Замони баргузории ҳамоиш: рӯзи сешанбе, 5 –уми декабри соли 2017

Макони баргузории ҳамоиш: Толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ 33, шаҳри Душанбе.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply