«Беҳтарин бозингари соли 2016» эълон гардид.

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Беҳтарин бозингарони мавсими соли 2016-и Тоҷикистонро Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар маросими бошукӯҳ, ки дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълон кард. Ин чорабинӣ бо 80-солагии таъсиси ФФТ баробар омад.
Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ҳозиринро бо ин санаи бошукӯҳ табрик намуда, аз ҷамъбасти мавсими футболи соли 2016 дар мамлакат гузориш дод.
Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон чун як сол пеш аз нав «Беҳтарин бозингари соли 2016» эълон гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ дар рӯҳияи идона ба поён расид ва ғолибон аз рӯи бахшҳои дигари футбол ва футзал низ муайян ва бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гардонида шуданд.
Лауреатҳои мавсими футболи соли 2016 дар Тоҷикистон:
Беҳтарин бозингар байни кӯдакон (U-13) Салоҳиддин Иргашев («Солор»);
Беҳтарин бозингар байни кӯдакон (U-15) Абдузоҳид Каримов (РШВСМ);
Беҳтарин бозингар байни наврасон (U-17) Шаҳзод Раҷабов («Истиқлол»);
Беҳтарин бозингар байни ҷавонон (U-19) Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);
Беҳтарин мураббии кӯдакон Исмоил Саидов («Авиатор»);
Ҷоизаи «Чеҳраи сол» Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»);
Беҳтарин бонуи футболбоз Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка»);
Беҳтарин мураббии футзал Хуршед Пиров («Газпром»);
Беҳтарин бозингари футзал Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»);
Довари ояндадор Вафо Қараев (Шаҳринав);
Беҳтарин бозингари ҳайатҳои дуввум Шериддин Бобоев («Истиқлол»);
Беҳтарин мураббии мусобиқаи ҳайати дуввум Олим Қадамшоев (ССКА «Помир»);
Беҳтарин бозингари Лигаи якум Абдухалил Боронов («Панҷшер»);
Беҳтарин мураббии Лигаи якум Тухтабой Абдураҳимов («Панҷшер»);
Беҳтарин бозингари сол Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply