«Барселона» напӯшед, ки 15 сол ҳабс мешавед!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳукумати  Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ба таври расмӣ пӯшидани либоси футболбозони дастаи «Барселона»-ро, ки дар он номи ширкати  Qatar Airways навишта шудааст, манъ кард.

Ҳукумат  ба ин иқдом пас аз қатъ шудани муносибатҳои дипломатӣ бо ишвари Қатар даст задаст.

Сомонаи life.ru ин иттилоъро расонаӣ намуда, меафзояд, ки ба вайронкунандагони ин қарори ҳукумат ҷарима ба андозаи 135 ҳазор доллар ва 15 соли маҳбас муқаррар шудааст.

Футболбозони «Барселона» дар навбати худ аз рекламаи Qatar Airways, ки муҳлати шартномааш 30 июни соли равон ба итмом мерасад, даст кашиданд. Сарпарасти нави расмии «Барселона» ширкати ҷопонии Rakuten интихоб гардидааст, ки дар Ҷопон хеле маъруф аст.

Ҳафае пеш аз ин 6 кишвари арабӣ – Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн,  Яман ва Либия дар бораи қатъ кардани муносибатҳои дипломатиашон  бо Давлати Қатар эълон карданд. Сабаби асосии чунин иқдом ба фаъолияти сиёсии Доҳа вобаста ба дастгирии террористон ва ифротгароёни минтақа мебошад.

.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply