Барфи деринтизор меояд!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, то 10 дараҷа поён мефарояд

 Тавре аз Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд, пас аз чанд ҳафтаи гармӣ дар Тоҷикистон зимистони ҳақиқӣ фаро мерасад.

Гуфта мешавад, пагоҳ 4-уми январ қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон борон ё барф борида, вазиши бод шиддат меёбад. Интизор меравад, ки дар шимоли Тоҷикистон ҳарорат то 3 дараҷа гарм мешавад ва ҳавои абрӣ пешбинӣ мегардад.

Дар вилояти Хатлон, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф борида, ҳарорат дар водиҳо шабона то 1 дараҷа сард ва рӯзона то11 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ борони ба барф табдил меёбад. Дар ғарби вилоят шабона то 13 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 24 дараҷа ва рӯзона 11 дараҷа сард мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот пешбинӣ шуда, ҳаво рӯзона то —2+3 ва шабона то 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе рӯзона борон борида, шабона ҳарорат то сифр поин меравад. Рӯзона ҳарорат 8-10 дараҷа гарм мешавад. Барои имрӯз ожонс дар Душанбе то 18 дараҷа гармӣ пешбинӣ карда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply