Бадахшониҳо суғдиҳоро бо ҳисоби панҷ бар як заданд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ВМКБ, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Зиёда аз 1000 нафар дӯстдорони варзиш  дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаи тан ба тан байни ҷавонони вилояти Суғд ва ВМКБ иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.

Тавре  аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон гузаронида шуда, мақсади асосии он ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур сохтан аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб мебошад.
Варзишгарони ВМКБ бо ҳисоби 5 бар 1 бар ҳарифонашон ғолиб баромаданд. Тасмим гирифта шуд, ки даври ояндаи мусобиқаи варзишӣ дар вилояти Суғд баргузор карда шавад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба иштирокдорони мусобиқа ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply