«Бабник»-тарин актёри машҳури турк зан мегирад

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҶАҲОН

Даричаи ошноӣ

Ному насаб: Бориш Ардуч

Макони таваллуд: Шветсария

Санаи таваллуд: 09 10 1987

Мучал: Мизон

Қад: 1,87 см

Касб: Ҳунарпешаи синамо

Туҳфаи роҳ

Ҷавонмарди зебою сарватманд Фаста Ардуч, ки аслан албанӣ буда, дар Туркия зиндагӣ мекард, тирамоҳи соли 1987 ҳамроҳи ҳамсари нозанинаш Артвин, ки ҳамон шабу рӯзҳо ҳомиладор буд, ба сайри ҷаҳон баромад. Бо зани ҳомиладор шаҳр ба шаҳр гаштан хатарнок бошад ҳам, Фаста мехост зебоиҳои оламро ба ҳамсараш нишон диҳад, зеро хуб медонист, ки баъди тавлиди тифл то чанд сол дигар имкони якҷоя саёҳат кардан ба онҳо даст намедиҳад. Моҳи октябр онҳо ба яке аз зеботарин кишварҳои олам-Шветсария, ки биҳишти рӯйи заминаш мехонанд, расиданд. Артвин аз тамошои манзараҳои сабзу ҷонбахши ин шаҳри афсонавӣ ҳеҷ серӣ надошт ва эҳсос мекард, ки муъҷизае дар ин ҷаннат ӯро интизор аст.

                

“Дил гувоҳи ҳақ аст” гуфтани бузаргон беҳуда нест, санаи 9-уми октябри соли 1987 Артвинро дарди зодан гирифт ва ҷавонзан дар ана ҳамин биҳишти сабзу хурам писарчаеро ба дунё овард, ки ҳусни беназири худододаш Юсуфи сониро мемонд. Волидони хушбахт ҷигарбанди кӯчакашонро ба сина пахш карда, Бориш номаш ниҳоданд ва бо ин туҳфаи қиматбаҳои офаридгор ба Ватан баргаштанд.

Бойбача чемпион нашуд, вале…

Баъди бозгашт ба Истамбул Фаста ва Артвин боз соҳиби як духтару як писари дигар гаштанд. Бориш ҳамроҳи хоҳараш Мерт ва бародараш Онур дар машҳуртарин гимназияҳои Туркия таҳсил намуда, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ доштанд. Ба рӯйи фарзандони ин оилаи сарватманд дари тамоми донишгоҳу донишкадаҳо кушода буд, вале Бориш пас аз хатми гимназия ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи варзиш супорид. Бойбачаи орзупарвар боварии комил дошт, ки ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ноил гашта, чемпиони ҷаҳон мешавад, вале хаёлаш хом баромад. Пас аз хатми курси якум Боришро барои дупула гап аз Академияи варзиш хориҷ карданд. Ин ҷавони мағрур барқасд ба шуъбаи актёрии Консерватория дохил шуда, пеши худ мақсад гузошт, ки бо кадом роҳе набошад, ситора мешавад, то устодони нотавонбини Академияи варзиш чеҳраи ӯро аз экран тамошо карда, аз кори кардаи худ сад бор пушаймон шаванд.

Бачаи ҳамакора

Бориш аз овони кӯдакӣ танҳо ба варзиш рағбат дошта, тамоми вақти холигиашро ба футбол ва шиноварӣ сарф мекард. Волидону дӯстонаш ҳеҷ боварӣ надоштанд, ки аз ин бачаи аз санъат фарсахҳо дур актёр мебарояд, вале худи ҷавон дилпур буд, ки албатта комёб хоҳад гашт. Барои ноил гаштан ба мақсади дар назди худ гузоштааш Бориш шабу рӯз машқ мекард ва мекӯшид, ки тамоми нозукиҳои касби актёриро аз худ намояд. Дар баробари ҳунар ин ҷавони ҳамакора боз забон низ меомӯхт ва ба зудӣ ба яке аз беҳтарин донандагони забони англисӣ табдил ёфт. Худованд талошҳои ин ҷавони зебою қавииродаро дида, дари бахтро ба рӯяш боз намуд ва яке аз коргардонҳои номдори Туркия Боришро ба филми наваш, ки “Лихая симёрка” ном дошт, даъват кард. Бориш таҷриба надошта бошад ҳам, симои ҷаззоб, абрувони сиёҳ, чашмони хуморӣ ва қаду қомати зебояш коргардонро мафтун намуд ва ҳарчи бодо бод гӯён, яке аз нақшҳои марказиро дар филм ба ин ҷавони чеҳрахандони дилкаш ва рустамбозу дод. Ҳамбозиҳои Бориш ҳунармандони касбӣ буданд ва дар дил ба ҳоли ин ҳунарманди ҷавон механдиданд, аммо…

  

Худо, агар мадад кунад…

Ҳоҷа Ҳофиз чӣ оқилона фармудааст:

Ба худододагон ситеза макун,

Ки худододаро худо додаст.

Худованд шояд аз рӯзи азал машҳур шуданро дар пешонаи ин ҷавон навишта буд, ки бо як филм дар байни мардум шинохта гашта, азизи дилу дидаи хурду калон гашт. Қаҳрамонҳои филми “Лихая семёрка” бисёр бошанд ҳам, танҳо ба Бориш муяссар гашт, ки дар дилу дидаи мардум маъво бигирад. Ин филми тақдирсоз ба ин ҷавони навқадам шуҳрати бузурге оварда, дари олами синаморо ба рӯяш васеъ кушод. Акнун коргардонҳо яке паси дигар ӯро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд. Бурди Бориш дар он буд, ки вай ҳатто бе сухан, бо нигоҳ ва ишораи чашму абрӯ метавонист бо тамошобин ҳарф занад, нияту мақсади худро фаҳмонад. Аз ҳамин хотир синамогарон дар радифи филмҳои ҷиддӣ ӯро ба филмҳои мазҳакавӣ низ даъват мекарданд.  Ба ин ҷавони воқеан ҳунарманд муяссар гашт, ки дар як муддати кӯтоҳ дар филмҳои зиёде  нақш бозида, рекорд гузорад. Филмҳои «Разрушитель», «Маленькие секреты», «Маленькая госпожа», «Слушайте, уважаемый», «Не беспокойтесь обо мне», «Сегодняшний человек дворца»,  «Только ты», «Делиха», «Ракон», «Любовь напрокат» номи Бориш Ардучро дар саросари Тукия вирди забони хурду калон гардониданд, аммо…

«Ишқи ориятӣ» ва дигар розҳои ситора

Филме, ки ин ҳунарпешаи ҷавонро берун аз ватанаш машҳур намуд, сериали “Любов на прокат” аст.  Бориш дар ин филм нақши қаҳрамони марказӣ Умарро чунон бомаҳорат офаридааст, ки тамошобин беихтиёр ба ӯ ошиқ мешавад. Бориш кайҳо боз ба ҳунарпешаи ҷавону зебо Гюпсе Озай, ки дар филми “Делиха” нақши маҳбубаашро мебозад, ошиқ аст ва ин ҷуфти зебо ба тамоми маҳфилу шабнишиниҳо якҷоя мерафтанд, аммо баъди ба фурӯш баромадани филми “Любов на прокат” аз байни ин Лайлию Маҷнун гурбаи сиёҳи рашк гузашта, муносибатҳояшон аллакай рӯ ба вайронӣ овардаанд. Гюпсе дар филм“Любов на прокат” Боришро бо Элчин Сангуи париваш ҳамоғӯш дида, аз рашку ҳасад қариб девона шуда буд. “Бадкарда бадгумон” гуфтагӣ барин, Гюпсе, ки худаш баъди дар филм ҳамроҳи Бориш нақши ошиқу маъшуқаро бозидан ба ин ҷавон дил бохта буд, метарсад, ки Элчин низ ба Бориш ошиқ шуда, бахти ӯро мерабояд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, журналистони турк  дар ҳар мақолаашон таъкид мекунанд, ки Бориш ва Элчин дар филм нақши ошиқу маъшуқаро бисёр табиӣ бозидаанд  ва саҳнаҳои пурсӯзу гудозе, ки ин ду ситора офаридаанд, сохта буда наметавонанд. Ишораҳои матбуоти даврӣ дар бораи он ки байни Бориш ва Элчини фариштарӯй ишқу муҳаббати пинҳонӣ мавҷуд аст, Гюпсеро бештар девона мекунанд ва зебосанам намедонад сарашро ба кадом дар занад.

Элчин ва Бориш дар ҳақиқат ҷуфти зебо буда, барои офаридани беҳтарин образҳои ошиқона сазовори ҷоизаи бонуфуз дар озмуни “Шабпараки тиллоӣ” гаштаанд, вале ба хотири ин зебосанам Бориш аз баҳри Гюпсе мегузарад ё не, инро танҳо вақт нишон медиҳад…

Ба ҳар сурат мо ба ин ҷавони зебо бахти сафед ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем.

Шаҳло Ниёзова.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “«Бабник»-тарин актёри машҳури турк зан мегирад

  • Хай бисёр хуб мешудааст. Дигар бабники намекунад.

Leave a Reply