Ба мани бехонаву дар кӯмак кунед

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ман Маъмура Шарипова, модари ду духтарчаи хушрӯй ҳастам, ки синфи 5-6 мехонанд. Маро азоби бехонагӣ маҷбур намуд, ки ба идораи  сомонаи “Tajikistantimes.tj” биёям.

Аз шавҳари майзадаам ҷудо шуда, гумон доштам, ки акнун дами беғам мезанам, вале аз як бало халос шуда, ба балои дигар гирифтор гаштам. Дар хонаи падар хизматгори янгаву акаҳоям шудам. Ду духтарамро дар хонаи бобояшон азоби зиёд доданд ва ман маҷбур шудам, ки хонаи падарро тарк намуда, дар ба дари мардум гардам. Се сол дар хонаи амаам истодам, вале нонхӯри зиёдатӣ буданамонро эҳсос намуда, аз шарм манзили ӯро низ тарк намудам ва ба шаҳр омадам. Дар хонаи зани дилӯзе истода, мехостам ба кор бароям ва нони даҳони фарзандонамро худам бе миннат ёбам, вале бародарони ҷоҳилам “дӯзандаҳо фоҳиша мешаванд” гӯён, омада маро зӯран ҳамроҳи фарзандонам гирифта бурданд ва таҳдид намуданд, ки агар  ин дафъа аз хона бароям, маро мекушанд. Ғуломвор як моҳ хизматашонро карда бошам ҳам, касе ба ман рӯйи хуш намедод. Модарам ба гапи писаронаш даҳон кушода наметавонад. Хостам ба ҷамоати деҳамон ариза навишта, дар қатори дигар  занҳои бе шавҳаре, ки фарзандонашонро тани танҳо ба воя мерасонанд, як порча замин бигирам, вале боз бародаронам ба миёна даромада, садди роҳам гаштанд, ки ту ба идораи ҷамоат рафта, обрӯйи моро мерезонӣ. “Орзуи соҳиби замин ва хона шуданро накун, то рӯзе, ки мо зинда ҳастем, ба ин роҳ намедиҳем. Дар ҳамин хона пӯсида меравӣ!” гӯён, бародаронам чунон маро лагадкӯб намуданд, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Ҷонам аз ҷабру шиканҷаи пайвандонам ба лабам расид ва духтаронамро гирифта аз хонаи падарам гурехта боз ба шаҳр омадам. Айни замон дар хонаи ҳамон зани дилсӯз зиндагӣ дорам. Ӯ субҳ ба кор мераваду шом бармегардад, ман бошам, тамоми кору бори хонаашро мекунам. Мушкилот дар он аст, ки ба наздикӣ шавҳараш аз Русия меояд. Дили маро ғам зер кардааст, чунки зан як хона дорад ва ман бояд баъди баргаштани шавҳараш манзили ӯро тарк намоям. Шахсе пайдо шаваду барои ману фарзандонамро такягоҳ гардад, метавонам дар ягон дӯкони дӯзандагӣ ба кор даромада, нони даҳонамро ёбам, вале ку чунин марди хайрхоҳ?! Намедонам назди Худованд чӣ гуноҳе содир намудаам, ки на бахтам дод ва на тахт, умре дар зиндагӣ сарсону саргардонам. Охирин умедам ин сомонаи «tajikistantimes.tj” аст, агар ягон шахси худоҷӯе номаи пурдардамро хонда, маро ба фарзандӣ қабул кунад ё каме ҳам бошад, дасти ёрӣ дароз намояд, хуб, вагарна ҳоли ману кӯдаконам чӣ мешавад, касе намедонад.

Худо ҷазои шавҳари майзада ва бародарони бемеҳру шафқатамро диҳад, аз дасти онҳо ману кӯдаконам чунин дар ба дар ва хору зор шудем. Умедворам, ки дар симои хонандагони сомона мани дар зиндагӣ аз бемеҳрии шавҳару бародарон ҳамхун ранҷу азоб дида, бародарони ғамхор меёбам ё дари бахтам кушода шавад.

Р/С: Нафароне, ки ба ин зани дар дуроҳаи тақдир сарсону саргардонмонда, кӯмак кардан мехоҳанд ва ё ба ҳамсари ё ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд ба телефони идораи «Оила» 2-38-52-52 занг зананд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

12 комментарий

  • Бародар Сорбон,Маҳинаи Давлат суҳбат гирифта истодааст на ин ки арзу шикоят дорад!!!!

  • Хама гандаю ту худат хуб. Шавхарат алкаш акахоят берахму бе шафкат. Агар акахоят берахму ьешафкат мешуданд парвои ту намекарданд. Холо хурондану пушонидани якнафар дар точикистон осон нест лекин акахои ту туро бо ду кудак кати дар куча намонда рафта аз хонаи зани ношинос ба хона баргардониданд. Ту боши садкаи номи акахот шави ваёра ганда мекни курнамак.

  • Ин зани «бечора» дар хонаи падарии худ кор карданро гуломи бародарон шудан медонистааст, дар хонаи амма хам гуё нонхури зиёдати будааст. Магар дар хонаи амма дузандаги кардану нонхури зиёдати нашудан мумкин набуд? Модар чи? Модар ягона такягохи фарзанд, бахусус духтарон мебошад. Модоме, ки модар гапи бародаронро маъкул донистааст, пас намедонам… Шояд дар хучрае аз хонахои шавхари ба кавли худаш «майзадааш» маскун карда шавад?

  • Маъмура, модоме, ки аз як бом ба боми дигар кабутарвор мепарри, магагар ду духтарчаи хушруятро фикр намекуни, ки аз дугонахои худ, хамсинфони худ тез-тез чудо шуда, рухан азоб мекашанд. Тахсили онхо чи мешавад? Ба хотири фарзанд модар чи корхое, ки намекунад. Ба хама мушкилихою гуломихо тоб меорад, гапбардор мешавад. Ба гапи бародаронат гуш деху фарзандонатро дар ба дар накун, ки оянда пушаймон хохи шуд.

  • Хохари азиз! Шукр кун, ки ворисони баномус — бародарони хуб доштаи! Агар нисбати ту ва такдири ояндаи фарзандонат бетараф мебуданд, туро дуюмбора баргардонида ба хона намеоварданд. Фарзандони ту дар хонаи падарат, дар назди тагохои худ ботарбия ва бе каму кост ба воя мерасанд.
    Дар урфият гуфтаанд: Бо баднамакон хакки намак даркор нест, Чое, ки таго бувад, амак даркор нест. Дар дили фарзандонат нисбати наздикони худ кинаю адоат чо накун. Онхо хануз кудаканд ва чи хеле ту мегуи, хамон хел кабул мекунанд. Марди мехостагии ту (агар дар насибат бошад) дар хамин чо хам ба хостгории ту меояд ва шояд дуюмбора хонаву дари худро бе резонидани обруи бародаронат пайдо намои.

  • Муроҷиат мекунам ба ин Модари <> ки ба ояти 67-
    уми сураи Оли Имрон назар кунанд.
    Агар зане дарёфт, ки
    шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ
    безор шудааст, боке нест, ки ҳарду
    дар миёни худ тарҳи оштӣ
    афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва
    бухлу пастӣ бар нафсҳои мардум
    ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва
    парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ
    мекунед, огоҳ аст!
    Ба ҳамин хотир шумо бояд ба шавҳар бароед чун,ки шавҳари хуб ҳамаи пастию баландии шуморо мефаҳмад.

  • Илтимос ! Бародарону — Хохарони азиз уро ба холи худаш гузорд.
    Фардо рузи киёмат хар нафар саволу чавобашро худаш мекунад !

  • Сомон,то ҳамин рӯза ба ҳоли худаш буд лекин зиндаги маҷбураш кард,ки ба редаксия омада дарди дил кунад.

Leave a Reply