Ба занӣ гирифтани духтари “агентбоз” ҷоиз аст?

ДИН ВА ҶОМЕА, Номаҳо, ТОҶИКИСТОН

Арӯсшавандаам баъди оне, ки ман ба Русия омадам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худро аъзо ва расмҳояшро дар он ҷо гузоштааст. Вай бо чанд ҷавон бо номҳои сохта тавассути агент суҳбат мекардааст. Оё ман метавонам бо чунин духтар издивоҷ намоям? Ислом дар ин бора чӣ ҳукм мекунад?

Раҳимҷон, аз шаҳри Екатеринбурги Русия

 

Посухдиҳанда: Узви Шӯрои уламои ҶТ,  коршиноси масоили динӣ Иброҳим Абдулҳақов

Издивоҷ кардан бо чунин духтар ҷоиз нест, зеро паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (С.С) умматони худро амр кардаанд, ки бо занҳои бо имон ва пок  издивоҷ намоянд. Ҳар гоҳ ин духтар аз ин кардааш пушаймон шуда, тавба кунад ва қавл диҳад, ки дигар ба ин кор даст  намезанад, пасон шумо метавонед бо ӯ издивоҷ намоед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply