Баҳром Ғафурӣ дар барномаи «Оила дар Имрӯз» (Видео)

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Шоми 2-юми декабр яке аз дурахшонтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ меҳмони барномаи “Оила” дар Имрӯз” буд. Ҳарчанд он рӯз Баҳром зуком ва табби баланд дошт, ба хотири эҳтиром ва муҳаббати бузурге, ки нисбат ба ҳафтаномаи “Оила” дорад, таклифи моро пазируфта, як соат пеш аз вақти таъиншуда ба студияи радиои “Имрӯз” ҳозир гашт.

Суҳбати Фирӯза Сатторӣ, Саъдии Зикрихудо ва шунавандагони барномаи “Оила” дар Имрӯз” бо Баҳром Ғафурӣ бисёр ширину гуворо буд ва инак, мо пораеро аз он пешкаши шумо, хонандагони гиромӣ месозем.
Фирӯза Сатторӣ: -Баҳром Ғафурӣ яке аз дӯстони дерин ва қарину қадрдони ҳафтаномаи “Оила” ҳастанд. Баҳромҷон, ба барномаи “Оила” дар Имрӯз” хуш омадед!
Баҳром Ғафурӣ:
-Бояд бигӯям, ки на танҳо ман, балки тамоми аҳли оилаи мо мухлиси ин газета ҳастанд. Дар хонаи мо аз модарам сар карда, ҳама хурду калон “Оила” мехонанд. Бе “Оила” аз дар дароям, занам маро ба хона роҳ намедиҳад. (механдад)
Фирӯза Сатторӣ: -Ин тавр бошад, пас, шумо аз озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” хабар доред?
Баҳом Ғафурӣ:-Эълони озмунро ҳам дар газета дида будаму ҳам аз радио чанд бор шунидам, вале ба фикрам номи ман дар қатори довталабон набуд-ку?!
Фирӯза Сатторӣ:-Шуморо мухлисонатон ба тозагӣ ба ин озмун пешбарӣ намуданд ва мо бо камоли майл номи Баҳром Ғафуриро ба рӯйхати довталабони озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ворид намудем.
Баҳром Ғафурӣ:
-Бисёр кори олиҷаноб кардед! Ман аз мухлисонам миннатдорам, ки ҳунари бандаро қадр намуда, маро ба ин озмун пешбарӣ кардаанд.
Фирӯза Сатторӣ:
-Баҳромҷон, шумо пештар ҳам дар чанд озмуни мо иштирок карда будед. Аз он озмунҳо ягон хотироти ширин дар ёдатон мондааст ё…?
Баҳром Ғафурӣ:
-Албатта ёд дорам! Солҳои 2003 ва 2008 дар озмуни “Ситораи сол”-и “Оила” ширкат варзида будам. На танҳо ман, балки кулли ситораҳои эстрадаи тоҷик он ҷо иштирок доштанд. Боз ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар ёдам ҳаст. Ман то имрӯз фиттаи ин чорабиниҳои зеборо дар хонаам нигоҳ медорам ва тамошо карда, роҳат мекунам. Шахсан ман аз “Оила” миннатдорам, чунки аз қадамҳои нахустин мо, ҳунармандони ҷавонро дастгирӣ мекард. Ҳамин газетаи “Оила” буд, ки мо ба чунин қуллаҳои баланд расидем.
Фирӯза Сатторӣ:


-Дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ҳунармандони навроҳ низ зиёданд. Медонед фарқи онҳо аз насли шумо дар чист?
Баҳром Ғафурӣ:-Намедонам. Магар онҳо ба санъат нигоҳи дигар доранд?
Фирӯза Сатторӣ:
-Гап дар сари нигоҳи дигар не, дар эътимод ва боварӣ ба худ аст. Солҳои 2003 шумо агарчи нав ба саҳна қадам ниҳода будед, аз ҳунари худ боварӣ доштед, вале насли ҷавон чандон ба худ эътимод надоранд. Мегӯянд, имрӯз ҳама чизро пул муайян мекунад ва бе пул суханат асар надорад…
Баҳром Ғафурӣ:
-Пул албатта яке аз заруриятҳои зиндагии инсон аст, аммо дар ҳаёти ҳунарманд нақши калидиро намебозад. Истеъдод, ҳунар, завқи баланд ва боварӣ ба худ-ин аст калиди дари шуҳрат. Инсон, агар воқеан ҳунар дошта бошад ва аз таҳти дил меҳнат кунад, албатта роҳи худро дар ҷодаи санъат меёбад. Имрӯз дар ҷомеаи мо пуранд “ситораҳо”-и хасакие, ки туфайли пул ба саҳна роҳ ёфтаанд, вале аслан ҷойи онҳо саҳна нест. Дер ё зуд онҳо бо пойи худ тарки саҳна мекунанд, зеро саҳна ҷойи муқаддас аст ва танҳо касонеро мепарварад, ки ҳунару истеъдоди худодод доранд…


Фирӯза Сатторӣ:
-Ҳафтаномаи “Оила” бо иддае аз ситораҳои Шарқ низ робита дорад. Вақте бо эшон ҳамсуҳбат мешавӣ, ҳатман номи Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Ҷонибеки Мурод ва Шабнами Сурайёро ба забон мегиранд. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки шуморо кӣ дар Амрикову Аврупо муаррифӣ менамояд?
Баҳром Ғафурӣ:
-Ҳунар сарҳад надорад гуфтани мардум бесабаб нест. Ба хориҷа роҳ ёфтани ман ва дигар сарояндагони номдори тоҷик бо шарофати ҳунари бою пурғановати тоҷик аст, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ман аз он хурсандам, ки на танҳо мардуми форсизабон моро гӯш мекунанд, балки сарояндагони дигар кишварҳо суруду таронаҳои моро бозхонӣ менамоянд.
Фирӯза Сатторӣ:
-Албатта мо ба ҷозибаи санъату ҳунари тоҷик шакку шубҳа надорем, вале муроди ман он буд, ки ягон ширкат шуморо муаррифӣ менамояд ё мустақилона ҳунари худро дар хориҷи кишвар таблиғ менамоед?

Баҳром Ғафурӣ:
-Ширкати продюсерии “Қиёминтертеймент” таблиғи ҳунари мо, сарояндагонро дар хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Аксари сарояндагони тоҷик туфайли ҳамин ширкат ба хориҷа роҳ меёбанд. Бо дастгирии ин ширкат банда ба озмуни “Аpple-music” даъватӣ будам, бояд соҳиби ҷоиза мешудам ва “визза” низ доштам, аммо дар миён як мушкилӣ пеш омаду иштирок карда натавонистам. Худо хоҳад, соли оянда ҳатман ширкат меварзем.
Саъдии Зикрихудо:
-Мегӯянд, ки санъаткор шудан яке аз осонтарин роҳҳои бойшавист. Рост аст?
Баҳром Ғафурӣ: -Ҳунармандон чанд намуд мешаванд. Ҳастанд ҳунармандоне, ки оҳанг офарида мефурӯшанд, боз ҳастанд тоифаи дигар аз эҷоди дигарон истифода мебаранд. Ман барои бой шудан ин пешаро интихоб накардаам, вале ҳама муваффақияту пешравии банда аз ҳунари аслии худам аст.
Фирӯза Сатторӣ: -Баҳром, мо шуморо дар чанд филм низ дидаем ва бояд иқрор шуд, ки бисёр моҳирона нақш мебошед. Бигӯед, ки барои як сароянда дар филм ба пӯсти шахси дигар даромадан, яъне ба образ ворид гаштан душвор аст ё осон?

Баҳром Ғафурӣ:
-Бори аввал ман дар филми “Сукут” худро санҷида, нақши бойбачаи пулмастро бозидам, вале аз кӯдакӣ ба синамо шавқу завқи зиёд доштам. Истеъдоди модарзод ва ҳамеша дар саҳна буданам дар офаридани ин нақш ба ман хеле кӯмак расонд ва чандон мушкилӣ накашидам. Дар филми “Кин” нақши милитсионерро мебозам. Онро тамошо кунед, баъд хулосаатонро мегӯед, ки аз Баҳром Ғафурӣ милитсионер мебарояд ё не? (механдад)
-Саъдии Зикрихудо:
-Қонун дар бораи масъулияти падару модар баромад. Баҳром Ғафурӣ барои тарбияи фарзандонаш вақт меёбад ё ҳамеша банди кору эҷод ҳастед?
Баҳром Ғафурӣ:
— Новобаста ба серкориам ман ягон рӯз, ягон соат ва ҳатто ягон лаҳза нисбати тарбияи фарзандонам бепарво набудам ва нестам, чунки мо барои кӯдаконамон дар назди худову халқ ва дар назди худи онҳо ҷавобгар ҳастем. Кӯдак лой асту волидон кулолгар, фарзандонамон кӣ мешаванд, ояндаашон чӣ мешавад, аз мо, падару модарон вобастагӣ дорад. Барои ҳамин на танҳо ман, балки падару модарам, яъне бибию бобояшон низ бачаҳои маро сахт мегиранд. Фарзандонам дар беҳтарин мактабҳо таҳсил карда истодаанд ва боварӣ дорам, ки ояндаашон дурахшон хоҳад буд.
Фирӯза Сатторӣ:
-Рӯзномаи фарзандонатонро сари чанд вақт тафтиш мекунед? Дар як сол, дар як моҳ ё дар як ҳафта як маротиба?
Баҳром Ғафурӣ:
-Ҳар бегоҳ тафтиш мекунам. Ман дар сафар бошам, ин корро модар ё бобояшон мекунад.
Саъдии Зикрихудо:
-Писаратон баҳои 2 гирад, ӯро танбеҳ медиҳед?
Баҳром Ғафурӣ:
-Хушбахтона фарзандони ман бо баҳои хубу аъло мехонанд. Баҳои 2 гирифта, рӯзашонро бинанд!
Фирӯза Сатторӣ:
-Наход худатон ягон бор баҳои 2 нагирифта бошед?
Баҳром Ғафурӣ:-Ман дугирак набудам. Дар умрам танҳо як маротиба баҳои 2 гирифтам. Падарам бисёр одами сахтгир ва серталаб буданд. Тарс балои ҷон гуфтагӣ барин, аз тарси шаттахӯрӣ ба болояш “белизна” рехтам, то ки баҳоямро тоза кунам. “Белизна” дар варақи рӯзномаам паҳн шуда рафту барои як баҳои 2 шуда, чанд баҳои 5-и гирифтаам кӯр шуд. (механдад)
Фирӯза Сатторӣ:
-Сарояндагоне ҳастанд, ки ҳангоми интихоб ба матн чандон аҳамият намедиҳанд ва дар натиҷа сурудҳояшон бе мазмун баромада, танқид мешунаванд. Дар эҷодиёти Баҳром Ғафурӣ ман ягон суруди бе мазмун ё бе мантиқро пайдо карда натавонистам. Сирри чунин интихоби олӣ дар чист?
Баҳром Ғафурӣ:
-Суруд бо оҳанг тавъам набошад, ба дил роҳ намеёбад. Шеъру оҳанг мисли ҷон ва тан ҳастанд. Тан бе ҷон ҳаракат намекунад ва ҷон бе тан ҳеҷ аст. Суруду оҳанг низ айнан чунин муносибат доранд…
Фирӯза Сатторӣ:
-Баҳромҷон, агар шумо иштирокчӣ нею раиси ҳакамони озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” мебудед, шоҳҷоизаи озмун-роҳхати сафар ба шаҳри Дубайро ба кадом сароянда месупоридед?

Баҳром Ғафурӣ:
-Албатта ба худам! (Механдад) Ман, ки раиси ҳакамон нестам, тамоми умедам ба мухлисонам аст. Боварӣ дорам, ки онҳо маро ба қавле “подводит” накарда, даста-даста барга мефиристанд ва бо дастгирии мухлисонам роҳхати сафар ба шаҳри Дубайро ба даст меорам!

Суҳбати пураи моро бо Баҳром Ғафурӣ аз сомонаи “Тajikistantimes.tj” мутолиа намоед ва сабти видеоии онро аз ҳамин сомона тамошо кунед!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply