Ба мушкилоти мо расидагӣ кунед

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

“Тоҷикистон”-и азиз!

Дар рӯзгори мо — муроҷиаткунандагон ҳолати ноодилонае рӯй додааст, ки дар ин мушкилӣ танҳо воситаҳои ахбори омма мушкили моро осон менамояд ва дарди дили моро ба мақомотҳои болоӣ, аз он ҷумла Роҳбари давлат мерасонад, зеро мо мустақилона ба тамоми мақомотҳо, ҳатто ба Роҳбари давлат муроҷиат намудем, вале мутаассифона, муроҷиати мо ба Роҳбари давлат нарасидааст.

Шояд дар бораи қазияи мо маълумоте дошта бошад. Мо собиқ роҳбаладони ҶСК «Тоҷик Эйр» мебошем, ки ғайриқонунӣ моро аз вазифаҳоямон озод намуда, пеш карданд. Қабл аз оне, ки моро аз кор озод намуда буданд, мо бо номаи кушод ба унвони Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мадад ва дастгирӣ муроҷиат намуда будем, зеро роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бе ягон асоси қонунӣ шароити пардохти музди меҳнати тамоми кормандони ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро тағйир дода, музди маошамонро ба андозаи аз 50 то 70% кам карданӣ буд, ҳоло он ки ин тағйирдиҳии пардохти музди меҳнат танҳо ба роҳбаладон дахл дошт, на ба ҳамаи кормандони ҷамъият.

Коллективи роҳбаладон иборат аз 73 нафар дар муроҷиатнома имзо гузошта, онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар мақомотҳои қудратӣ супорида будем.

Вале баъди оне ки вазъ дигаргун шуд ва ба мансабдорони болоӣ нисбати  мо маълумоти дурӯғ паҳн карданд, ки ин ба роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» манфиатбахш буд. Пас аз ин аз байни мо 14 нафар роҳбаладро ҷудо карда, дар асоси моддаи 42, қисми 1, зербанди 3-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне –«бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иҷро накардани ӯ, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд», аз вазифаҳоямон озод намуданд, ҳоло он ки нисбати ин  нафарон  ягон муҷозоти интизомӣ  татбиқ нашуда буд. Баръакс,  аксарияти мо — муроҷиаткунандагон дар давраи кориамон бо грамотаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз шудаем.

Ҳама роҳбаладони аз вазифа бе асос озодшуда роҳбаладони дараҷаи «Роҳбалади калон» дорем. Се нафари мо бевосита чун сардори хадамоти роҳбаладон дар ҷамъият кор кардаем ва соҳибкасбем. Ҳангоме ки моро аз кор бе сабаб озод карданд баъзеҳо (Қурбоналии Назаралӣ) дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт, баъзеҳо дар сафари корӣ дар хориҷи кишвар дар парвоз буданд (Мирзоева Фарангис ва Ахмедова Малика) ва баъзеҳои дигар аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бо сабаби такмили ихтисос озод буданд (Леонидова Ирина).

Аз 14 нафаре, ки ғайриқонунӣ аз вазифаҳоямон озод шудаем, 12 нафарамон занонад,  ки 2-3 нафарӣ фарзанд дорем. Баъзеи мо — модарони танҳо буда, ягона таъминоткунандаи оила ҳастем ва бори гарони зиндагӣ ба дӯши мост. Як нафари мо (Леонидова Ирина) дар даст кӯдаки ширмаки то яксола дорад. Ҳайратовараш ин аст, ки Леонидова Ирина пас аз он, ки аз рухсатии иҷтимоӣ (декретний отпуск) ба кор баромад, ҳатто ба уҳдадориҳои меҳнатии худ шурӯъ накарда, бе ягон огоҳӣ аз кор озод карданд.

Дар байни мо зане ҳаст, ки 40 соли ҳаёташро ба авиатсияи тоҷик сарф кардааст ва ягона зани тоҷик мебошад, ки 40 сол бе фосила дар ин вазифа кор кардааст ва ордену медалҳои зиёде дорад (Қурбонова Иҷобат). То ба нафақа баромадани Қурбонова ҳамагӣ се моҳ монда буд, вале инро ҳам ба назар нагирифта, ба ӯ имкон надоданд, ки ботантана ба нафақа барояд.

Вақте ки аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» нақшаи аз кор пешкунии кормандон амалӣ мешуд, онҳо, пеш аз ҳама, кормандони бесарпаноҳ,  занони танҳо, модарони танҳо, ки фарзандони хурдсол доштанд, ҷудо карда, аз кор ронданд.

Онҳо  кафолату имтиёзҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси меҳнат ба  додааст, ба эътибор нагирифтанд.

Мо аз кор озодшудагон борҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» барои гирифтани нусхаҳои фармонҳоямон муроҷиат намудем, вале роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» на талаботи Кодекси меҳнат ва на Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро иҷро накарда, нусхаҳои фармонҳоямонро надоданд ва танҳо як рӯз пеш аз мурофиаи судӣ нусхаҳои фармонҳоро ба суд пешниҳод намуданд.

Ба мо маълум гардид, ки сабаби аз кор пеш карданамон ин ҳамон муроҷиатномае, ки ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навишта будем, асос шудааст. Яъне, ба роҳбари ҶСК «Тоҷик Эйр» маъқул нашудааст, ки камбудиҳои дар ҷамъият ҷойдошта ва норозӣ буданамон барои кам кардани музди меҳнатро ба унвонии Роҳбари давлатамон   арз кардем.

Дар ин давра ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат намуда будем ва прокурор нисбати фармонҳои ғайриқонунии ҶСК «Тоҷик Эйр» эътироз баён намуда, талаб намуд, ки ба кори пештараамон барқарор карда шавем, вале роҳбари ҶСК «Тоҷик Эйр» амри прокурорро низ иҷро накард ва мо маҷбур шудем, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳоямон ба Суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намоем.

Мо умедвор будем, вале умедамон  барбод рафт. Новобаста аз он ки мо — занҳо модарон аз рӯи қонун имтиёзҳо дорем ва моро ғайриқонунӣ аз кор зод намуда буданд  ва гарчанде ки Прокуратураи нақлиётӣ, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва адамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба манфиати мо хулоса дода буданд  ва талаб намуданд, ки даъвои мо қонеъ карда шуда, ба кори пештараамон барқарор карда шавем, суд аз тарси  фишор  ё аз мансаб тарсида, талаботҳои моро бе асос рад намуд.

Ҳоло мо тасмим гирифтаем, ки аз болои қарори ғайриқонунии Суди ноҳияи Шоҳмансур ба Суди шаҳри Душанбе шикоят намоем , вале боварӣ дорем, ки боз ҳам ба рафти он дахолат  карданашон мумкин аст.

Мо боварӣ дорем, ки Роҳбари давлат аз ин бесарусомониҳо ва беадолатӣ хабардор нест. Бо умед  ба Шумо муроҷиат мекунем ва боварӣ дорем, ки тавассути васоити ахбори омма мушкилоти мо ба Роҳбари давлат мерасад. Омодаем, ки вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикршуда маводҳои заруриро пешкаш намоем ва дар мусоҳиба ба қазияи худ равшанӣ андозем.

Бо камоли эҳтиром, собиқ роҳбаладони ҶСК «Тоҷик Эйр»

  1. Ахмедова М. Р.
  2. Алиназарова Е. А.
  3. Бобоева Н. А.
  4. Икрамов И. Т.
  5. Леонидова И. О.
  6. Мирзоева К. Р.
  7. Мирзобекова Ш. В.
  8. Мирзоева Ф. А.
  9. Толибов Р. М.
  10. Қурбонова И. А.
  11. Қурбоналии Назаралӣ
  12. Юнусова М. М.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply