Ба ишқи Сайёра бовар кунам?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи «Оила». Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Ҳар гоҳ ду ҷавони ошиқро бубинам, орзу  мекардам, ки Худованд маро низ ошиқ гардонад. Билохира дуоям мустаҷоб гашт ва рӯзе духтараки ношиносе ба ман занг зада пурсид: “Диловар шумоед?” Ҳайрон шуда гуфтам: “Бале, вале ростӣ, шуморо нашинохтам, хоҳарам”. Духтарак, ки Сайёра ном доштааст, тавалло кард, ки ӯро хоҳар нагӯям, чунки маро дӯст медорад. Ҳамин тавр ману Сайёра шинос шудем ва чанд моҳ тариқи телефон ба гӯши ҳамдигар қиссаи ишқ хондем. Духтарак пас аз ду-се моҳи мулоқотҳои ширини ошиқона гӯшзад намуд, ки барояш аз чанд ҷой хостгор баромадааст. Маънии ишоратҳояшро пай бурда гуфтам, ки тайёрам ба хонаашон хостгор фиристам, вале ӯ бояд қаблан ҳамаашро ба падару модараш фаҳмонад, то хостгорони моро навмед гусел накунанд. Сайёра ин корро ба янгааш ҳавола карда гуфт: “Шарм медорам ба модарам бигӯям, ки ман ин ҷавонро дӯст медорам. Шумо бо янгаам маслиҳат кунед, бигзор ӯ қиссаи ишқу муҳаббати моро ба модарам бигӯяд, баъдан модарам худаш падарамро ба гап медарорад…”

Хулласи калом, мехостам модарамро ба хонаашон хостгорӣ фиристам, вале фикре ба сарам зад, ки пеш аз тӯй як бор садоқати Сайёраро санҷида, то кадом андоза маро дӯст доштанашро фаҳмам. Бо ҳамин мақсад духтарро ба вохӯрӣ даъват намудам ва худамро бемор вонамуд карда гуфтам, ки табибон фавран ҷарроҳӣ карданро тавсия додаанд, вале айни замон ман барои ин кор маблағ надорам. Сайёра гарданбанди тиллоияшро бароварда дод ва гуфт, ки метавонам онро фурӯхта, худро табобат намоям. Ба хотири санҷиш гарданбандро аз дасташ гирифтам. Ният доштам, ки баъди як ҳафта онро ба Сайёра баргардонида, барои садоқаташ офарин мехонам, вале рӯзи дигар вай ба ман занг зада гуфт: “Гарданбандамро биёр, модарам фаҳмад, маро мекушад!” Бо шунидани ин сухан гӯё аз сарам якбора як сатил оби хунук рехта бошад, маро арақи сард зер кард. Эҳсос намудам, ки ишқу муҳаббати ин духтар танҳо дар забон будааст. Акнун дудила шудаам, ки ба хонаашон хостгор фиристам ё не.

Хонандагони азиз, шумо чӣ андеша доред? Оё духтаре, ки як гарданбандро аз ҳаёти шахси дӯстдоштааш авлотар донист, барои ман зани ғамхору меҳрубон шуда метавонад?

Диловар Аланазаров, аз ш. Душанбе 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ба ишқи Сайёра бовар кунам?

  • э брашкаҷони бобош охир фикр кун падару модараш аз шумо ҳеҷ чизро намедонанд дуруст ?
    он гарданбанд ки ба ту дод падару модараш харида аст агар онҳо пурсанд пас духтар чи мегуяд?
    не туро дӯст медорад

Leave a Reply