Ба хонаи шавҳарам баргардам?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандон ва хонандагони “Оила”-и азиз!

Мехоҳам қиссаи зиндагии худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Падарам соли 2000 дар беморхона бистарӣ гашт. Табибон баъди ташхис гуфтанд, ки ба сактаи қалб гирифтор шудааст.

Азбаски дар оилаи мо писар нест, нигоҳубини падарамро ман ба зимма гирифтам. Чор моҳ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта барои наҷот додани ҷони падарам кӯшидам, вале тақдирро тадбир карда намешудааст. Падари аз ҷон азизтарам ба ҷойи сиҳат шуда ба по бархостан, дубора ба сактаи дил гирифтор шуда, ин дунёи бевафоро абадан падруд гуфт.  Пеш аз маргаш падарҷонам васият кард, ки баъди сари ӯ хоҳаронамро саробон гашта, хору зор шудан намонам. Ба хотири иҷро кардани хоҳиши вопасини падарам баъди гузаронидани маъракаҳои мотамӣ дар заводи алюминии тоҷик ба кор даромадам. Музди меҳнатамро пурра барои оила сарф мекардам. Шароити зиндагиамон бо шарофати ин коргоҳ рӯз то рӯз беҳтар шуда, ба қавле мо ҳам ба қатори одамон даромадем, вале…

Моҳи октябри соли 2010 маро ба як ҷавони ношинос фотиҳа карданд. Танҳо баъди номзад шудан фаҳмидам, ки домодшаванда маъюби гурӯҳи дуюм будааст. Аввал хостам фотиҳаро гардонам, вале боз фикр кардам, ки агар аз тӯй сарпечӣ намоям, шояд мардум маро ба таври дигар фаҳмида, ягон овоза паҳн кунанд. Ба тақдир тан дода, ба ҳамон ҷавони маъюб ба шавҳар баромадам. Дар моҳҳои аввали зиндагиамон муносибати пайвандони шавҳарам бо ман хуб буд. Хушдоманам бисёр зани меҳрубону дилсоф бошад ҳам, мо ҳамроҳи бибии шавҳарам зиндагӣ мекардем, чунки ӯро модаркалонаш ба воя расонида буд. Барои он ки “духтари коргар моро писанд намекунад” нагӯянд, мисли дигар келинчакҳо субҳи содиқ аз хоб хеста, тамоми кору бори хонаро мекардам ва аз хати кашидаи шавҳарам як қадам намебаромадам, вале худо, агар бахт надиҳад, мӯятро ҷорӯбу дастатро оташков карда, хизмати хешу табори шавҳарро кунӣ ҳам, ҳеҷ гоҳ соҳиби бахту тахт намегаштаӣ. Ман инро дар мисоли тақдири талхи худам дидам.

Хулласи калом, ситораи ман ба янгаи шавҳарам писанд наафтид ва ин зани туҳматчӣ ба решаи ниҳоли бахти мо табар зад. Намедонам аз рашку ҳасад буд ё чизи дигар, ки зани тағои шавҳарам дар бораи ман ҳар хел гапҳои дурӯғ зада, моро ҷанг меандохт. Шавҳарам, ки марди маъюб буд ва ба худаш чандон боварӣ надошт, ба суханони дурӯғи янгааш дода шуда, маро азоб медод. Ягон айбу гуноҳ надошта бошам ҳам, дар муқобили ин занаки шайтон аз худ дифоъ када натавонистам. Билохира, корд ба устухонам расид ва аз туҳмати иғво безор шуда, ба хонаи волидонам баргаштам. Духтар як маротиба аз хонаи падару модараш барояд, дубора баргаштанашро касе хуб қабул намекардааст. Имрӯз пайвандони худам маро таъна зада мегӯянд, ки чаро аз хонаи шавҳарат баромадӣ, бояд “сари кафида зери тоқӣ” гуфта, ба ҳамааш тоқат мекардӣ, зиндагиатро давом медодӣ…

Дугонаҳои азиз, дар миёни дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба хонаи шавҳарам баргардам ё ягон хонаро иҷора гирифта, аробаи зиндагиамро мустақилона кашам?

Мавзуна, аз н. Турсунзода

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply