Ба Душанбе дабири кулли СААД меояд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Юрий Хачатуров, дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо як сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе меояд. Дар ин бора Владимир Зайниддинов, сухангӯи СААД хабар додааст.

Ба иттилои ӯ, дидори Хачатуров аз 7 то 9 сентябр идома хоҳад кард. Ҳадафи ин сафар баррасии масоили омодагӣ ба нишасти Шӯрои амнияти ҷамъиятӣ, Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котиботи Шӯрои амният гуфта мешавад, ки қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Минск доир гардад.

Сухангӯи СААД гуфтааст, қарор аст, дар доираи ин сафар Юрий Хачатуров бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният дидору мулоқот кунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply