Ба 24 нафар қарзҳои бефоиз дода шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд ба 24 нафар шаҳрвандони бекор ба ҳар кадоме аз 1,5 то 4,0 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурди бефоиз дода шуд. Ба гуфти раиси шаҳри Хуҷанд,  Маъруф Муҳаммадзода ин иқдом бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти соҳибкорӣ ва рафъи бекорӣ ба шахсони расман бекор пеш гирифта шудааст:

-“Танҳо дар давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 972 нафар шаҳрвандони бешуғли қобили меҳнат ба қайд гирифта шуда, ба 434 нафар ба таври расмӣ мақоми бекорӣ дода шуд.  Инчунин аз шахсони бақайдгирифташуда 582 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд”-афзуд Муҳаммадзода.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply