Аз занҳои холдор гурезон шудам-мегӯяд Аҳлиёр

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Зани якумамро бо сабаби дар баданҳояш холҳои зиёд доштанаш талоқ дода будам.

Қариб се сол сари танҳо гашта, баъд бо маслиҳати дӯстонам аз нав хонадор шудам. Зани дуюмам духтараки 18-солаи хеле зебо буд, вале дар шаби аввали зиндагиамон аён гашт, ки бадани мисли булӯр зебояш пур аз хол аст. Табъам хира шуд. Бо  зани холдор дар як бистар хоб кардан бароям ногувор буд, аммо лаб зери дандон гирифта тоқат мекардам. Сабру тоқати ман ҳамагӣ ба як моҳ расид. Рӯзе ба арӯс дарди диламро баён намуда гуфтам: “Аз зани аввалаам маҳз ба хотири холдор буданаш ҷудо шуда будам, вале тақдир маро боз бо туи танат пур аз хол рӯ ба рӯ намуд. Дидани хол аз кӯдакӣ ғаши маро меорад. Дигар тавонӣ бо ту дар як болин сар мондан надорам, биё ба хубӣ ҷудо мешавем.” Ҳамсарам инони гиряро сар дода, пойҳоямро бӯсакунон илтиҷо намуд: “Ман сағерадухтарам, ғайри ту дигар ягон пушту паноҳ надорам, илтимос, маро дар зери таънаву маломати янгаву тағоям намон!” Дилам ба ҳолаш сӯхту рӯзи дигар занамро ба беморхона бурдам, то холҳояшро ҷарроҳӣ карда, бурида партоянд, вале табибон баъди муоина гуфтанд, ки ин ғайри имкон аст. Сари қаҳр арӯсамро ба хона оварда талоқашро додам. Бечора бо ашки шашқатор либосҳояшро ҷамъ намуда, баромада рафт. Боз дар хонаи сард сари танҳо мондам. Ҳоло ба хотири танҳоиро эҳсос накардан дар бозор савдо мекунам. Ҳар гоҳ мардҳоро бо зану фарзандонашон шоду  хурсанд бубинам, дилам хун мешавад ва ба тақдири бадам ҳазорон лаънат мехонам, ки маро танҳо бо занҳои холдор рӯ ба рӯ намуда, ҳаётамро сӯхт.

Хонаву дар, ҳавливу замин, пулу мол, хулоса ҳама чиз  дорам, аммо бе зан зиндагӣ дар назарам берангу бе маънӣ менамояд. Арӯсе меҷӯям, ки дар баданаш ягон хол надошта бошад, то ӯро ба занӣ гирифта, кошонаву маъвои диламро равшан созам. Худованд, агар ин орзуямро амалӣ созад, ҳамсарамро шаҳр ба шаҳру давлат ба давлат мегардонам, то арӯси бе холу бе ҷурмам дунёро тамошо кунаду ман аз тамошои ҷамолаш лаззат барам.

Аҳлиёр, хонандаи «Оила»


Поделиться новостью в социальных сетях:

9 комментарий

  • Охи дили хамун сагера духтар мегирад туя
    Хеч гох хушбахт намешави
    Наход ба хотири як хол хаети ду духтарро сузони……

  • хол ин чизи сохта нест ин ба хости худованд пайдо мешавад ин марди беакл барои чизи одди хаети ду духтарро сузони дааст хечгох хушбахт намешави

  • хеч гап не шумо авал бинед ки чи гунааст баъд ба зани гиред

    • Оё зан хол дорад ё надорад аввал ҳамин ки бандаи Худо аст. Ҳеҷ кас худаш худашро насохтааст аз дасти одам ҳеҷ чиз намеояд. Ту бояд Худоро шукр карда зиндаги мекарди ҳаёти ду духтари мусалмонро сузонди. Бар замми ин зани дуюмат ятим будааст аз Худо бахшиш пурс то оҳи ятимдухтар нагирад. Пайғамбар.(с) гуфтаанд агар дасти ятимеро гиред рӯзи қиёмат Худованд шуморо яке аз бандагони беҳтарин мехонад. Агар ятимеро ранҷонди ҳаётатро сӯзонди. Аз пушти як хол ту бо амри шайтон кор карди. Ҳаёти худа аст бародар худат нағз фикр кун!

  • Чаро мардро тахкир ва маломат мекунед.Бечора ба шумо дарди дил гуфтааст.Дили хар инсон хар хел аст.Ту ки мусалмон шуда як маслихати хуб надори,аккалан тахкираш накунед.ХУБИ,КИ НАМЕТОНИ КАРДА БАДИ НАКУН!!! Ин аст мусалмони.

  • Чаро мардро тахкир мекунед.Бечора ба шумо дарди дил карда маслихат пурсидааст.Ту ки мусалмон шуда як сухани дилбардори надори,мусалмон шуда кучо рафти? Неки карда наметавони ,акалан бади накун!!!

Leave a Reply